"Яғнобӣ зивок". Мустанади Радиои Озодӣ дар бораи забоне, ки бo хатари нобудӣ рӯбарӯст

Сокинони дараи Яғноб, як гӯшаи дуруфтодаи Тоҷикистон, аз ояндаи забони худ нигаронанд, ки ба гуфтаашон дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Забони яғнобӣ аз гӯишҳои қадимии суғдӣ аст ва ҳоло тақрибан 10-12 ҳазор кас дар Тоҷикистон бо он гап мезананд.

"Фарзандон мегӯянд, дар кӯҳистон намеистем"

Сафаралӣ Боқиев, сокини деҳаи Пскон, яке аз деҳаҳои дараи Яғноб аст. Ӯ инҷо таваллуд шуда, бузург шудааст ва дӯст медорад бо ин забони қадимӣ суҳбат кунад. Бо мо дар аввал бо забони яғнобӣ гап зада, сипас онро ба тоҷикӣ баргардон кард.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, зиндагии сахт дар кӯҳистон, аз ҷумла ним сол баста будани роҳ ва набудани мактабу бемористон, насли ҷавонро водор кардааст, ки аз Яғноб ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон кӯч банданд. Коре, ки ба гуфтаи Сафаралӣ Боқиев, ояндаи забони яғнобиро ба хатар андохтааст.

“Кӯшиш мекунем, ки фарзандони мо аз инҷо нараванд, то забони модариашонро гум накунанд. Фарзандон зиндагӣ дар шаҳрро дида, мегӯянд, мо дар кӯҳистон намешинем, меравем. Барои ҳамин, забони мо гум мешаваду халос," -- гуфт Сафаралӣ Боқиев.

Мустанади Радиои Озодиро дар ин ҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Яғнобӣ зивок". Мустанади Радиои Озодӣ дар бораи забони яғнобӣ

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки аксар деҳаҳо дар дараи Яғноб холӣ шудаанд. Тибқи ҳисоби мо, аз 25 деҳаи Яғноб дар 12 деҳа касе зиндагӣ намекунад. Дар деҳаҳои дигар аз 2 то 5 хонавода зиндагӣ доранд. Ин аввалин муҳоҷирати сокинони Яғноб нест.

Аз Яғноб ба Варзобу Зафаробод

Дар аввали солҳои 70-уми асри гузашта ҳукумати ҳамонвақтаи Тоҷикистон бештари сокинони дараи Яғнобро ба ноҳияи Зафаробод, Варзоб ва атрофи шаҳри Душанбе кӯчонд. Ба ҳисоби расмӣ, он вақт дар дараи Яғноб тақрибан 4 ҳазор кас зиндагӣ мекард. Бештари ин мардум бо забони суғдӣ ва як қисми кам бо тоҷикӣ суҳбат мекарданд.

рустое дар Яғноб

Иддае пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Яғноб баргаштанд, аммо акнун теъдодашон кам буд. Юсуф Расулов, сокини деҳаи Хишортови Яғноб, ки ба Зафаробод кӯчидааст, мегӯяд, “муҳоҷирӣ ба гардани Яғноб бор карда шуд.”

“Баъзе аз пирмардон он вақт ба Яғноб гурехта омаданд, ки забони суғдии мо гум нашавад. Ҳозир ҷавонон парвои забон надоранд,” -- мегӯяд Сафаралӣ Боқиев, сокини дараи Яғноб.

Дар ин байн кӯчондани мардум аз Яғноб ба ин забон бетаъсир намондааст. Мирзо Рамазонов, омӯзгори мактаб дар ноҳияи Зафаробод, ки аз Яғноб ба инҷо муҳоҷир шудааст, мегӯяд, ҳамдиёрони ӯ акнун баъзе калимаҳои қадимиро истифода намебаранд.

"Масалан, вуз намегӯянд, буз мегӯянд, кадевара намегӯянд, берун мегӯянд. Дар маросими мардуми Яғноб акнун сурудҳо бештар ба забонӣ тоҷикӣ хонда мешаванд. Фақат баъзан ду-се суруди Абдулло Султон бо забони яғнобӣ суруда мешавад," -- афзуд Мирзо Рамазонов.

"Забонҳои қадимӣ бояд дар зери қаноти давлат бошанд"

деҳае дар Яғноб

Забони яғнобӣ ҳоло танҳо барои гуфтугӯ дар муҳити хонаву маҳаллаи яғнобиҳо ба кор меравад. Ин забони қадимӣ дар мактабҳо дарс дода намешавад. Соҳибони ин забон дар Яғноб, Зафаробод, Варзоб, Душанбе ва деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ дархост доранд, ки забони яғнобӣ дар мактабҳо таълим дода шавад.

Сайфиддин Мирзозода, яғнобшинос ва муаллифи китобҳои “Забони яғнобӣ” ва “Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ” пешниҳод дорад, ки ҳадди ақал то синфи 4 ва ҳафтае ду соат забони яғнобӣ барои соҳибони забон таълим дода шавад. “Ин забонҳои қадимӣ бояд дар зери қаноти давлат бошанд. Ба ғайр аз таълим дар мактаб чанд дақиқа барномаи телевизионӣ ҳам бо ин забон бошад хуб мешавад,” -- гуфт ӯ.

Рустам Рамазонӣ, муҳаққиқи забони яғнобӣ ва ҳам Сайфиддин Мирзозода ба як нукта таъкид мекунанд, ки ҳифзи забон дар миёни ақвоми дигар мушкил аст.

рустое дар Яғноб

“Хатар дар он ҳолате ҷой дорад, ки агар як-ду хонаводаи яғнобизабон дар иҳотаи мардуми тоҷикзабон ё халқҳои дигар бошанд. Бачаҳо баромада, бо бачаҳои ҳамсоя бо тоҷикӣ суҳбат мекунанд ва ин забон дар байни 10-15 сол аз байн меравад. Агар бештари сокинони як русто яғнобзабон бошанд, умри ин забон тӯлонӣ мешавад,” -- мегӯяд Сайфиддин Мирзозода.

Бо ин вуҷуд Рустам Рамазонӣ, муаллифи китоби “Яғноби ривоят” мегӯяд, сарфи назар аз зиндагӣ дар гӯшаҳои гуногун, “мардуми Яғноб то имрӯз забони модариро ҳифз кардаанд."

"Мегӯям, яғнобӣ гап занед, русӣ гап мезананд"

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам гуфтаҳои ин ду муҳаққиқро тасдиқ мекунад. Дар дараи Яғноб ва ноҳияҳои Зафарободу Варзоб, ки яғнобзабонҳо якҷоя зиндагӣ мекунанд, забони онҳо то ҷое ҳифз шудааст. Дар ин минтақаҳо наврасон низ дар хона бо забони яғнобӣ гап мезананд. Дар шаҳри Душанбе ва деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки яғнобзабонҳо бо дигар халқҳо якҷоя зиндагӣ мекунанд, вазъият фарқ мекунад.

Шарофат Шарифова

Шарофат Шарифова, сокини шаҳри Душанбе, ки солҳо дар Яғноб зистааст, мегӯяд, набераҳои ӯ дигар бо яғнобӣ суҳбат намекунанд.

Одамон дигар фарзандонашонро бурда ба мактаби русӣ мемонанд. Ҳоло чанд набераву абераам дар Маскав ҳастанд, русӣ гап мезананд. Мегӯям, мемуред, яғнобӣ гап занед. Не, русӣ гап мезананд. Инҳо дигар рус мешаванд. Ҳоло мо ҳастем, ки баъзеи фарзандон яғнобӣ гап мезананд,” -- мегӯяд ин сокини Душанбе.

Забони яғнобӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқонро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба худ ҷалб кардааст. Любомир Новак, ховаршиноси чеху словак китоби “Луғати яғноби”-ро таҳия кардааст. Яғнобшинос Сайфиддин Мирзозода ҳам солҳо дар Пажӯиҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳо ин забони қадимӣ ва расму русуми мардуми Яғнобро меомӯзад.

Соҳибони забони яғнобӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон ва ҳам муҳаққиқон таълими ин забони қадимӣ дар мактабҳоро роҳи наҷот медонанд.

“Мақсади мо ҳамин, ки забони суғдӣ ҳарчанд хату алифбояшро гум карда бошад ҳам, аз байн наравад. Яғноб дубора обод шавад ва забони гузаштагони худро эҳё карда, ба наслҳои оянда омӯзонем,” -- хулоса кард Саидмурод Холов, шоири яғнобизабон.