Баҳои сокинони Душанбе ба мансабдорони тоҷик. ВИДЕО

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ баъзе аз мансабдорони тоҷикро "худхоҳу ҳавобаланд" ва "хешутаборбоз" тавсиф карданд. Як иддаа аз онҳо, инчунин, ба зоҳири мансабдорон эрод гирифта, гуфтанд, ки аксарашонро ё аз "тарзи гапзанӣ" ё аз "шиками бузург" мешиносанд.

Фақат дар бораи худ фикр мекунанд. Дар бораи дигарон намеандешанд, ки чӣ азобу машаққат доранд, чӣ гуна рӯз мегузаронанд

Суоли "баҳои Шумо ба мансабдорони тоҷик" дар ҳоле ба миён омад, ки моҳи январи имсол бо тағйирот ё ҷойивазкунии кадрҳо дар ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукумати вилояти Суғд оғоз шуд. Мақомот мегӯянд, шарти асосии интихоби мансабдорони тоҷик сатҳи дониш, тавоноӣ ва маҳорати онҳост.

Вале бархе аз сокинони пойтахт гуфтанд, ки намуди зоҳирӣ ва рафтору ахлоқи мансабдорон низ ба назари эътибор гирифта шавад. Яке аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе гуфт, бисёр мехоҳад, ки мансабдорони тоҷик ба халқ наздик бошанд ва дар рафтору гуфтор ба дигарон намунаи ибрат гарданд.

“Мансабдор бояд инсони одиву заминӣ бошад, худнамоишдиҳӣ накунад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба дигарон намуна бошад”, - гуфт яке аз ҳамсуҳабатони ҷавони мо. Дигаре ин ҳарфҳоро идома дод ва афзуд, "мансабдорони ҳозира худпараст ҳастанд. Фақат дар бораи худ фикр мекунанд. Дар бораи дигарон намеандешанд, ки чӣ азобу машаққат доранд, чӣ гуна рӯз мегузаронанд."

Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки гуфтанд, "панҷ панҷа баробар нест". "Ҳастанд мансабдороне, ки бо эҳтиром муносибат мекунанд, хушзабону ширингуфторанд”, - афзуд яке аз мусоҳибони мо.

Назари дигаронро дар ин навори видеоӣ бибинед ва бигӯед, ки аз нигоҳи Шумо мансабдорони тоҷик чӣ гуна ҳастанд? Бояд чӣ гуна бошанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Вақте мансабдор мегӯем, шикам пеши назар меояд"