Ҳамсари мансабдорони тоҷик муваззаф шудаанд, ки дар қатори ҳамсояҳои худ дар ҳашари умумии маҳалли зисташон иштирок кунанд. Мақомоти Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон гуфтанд, ки агар сокинон дар ҳашари маҳалли зисти худ ҳамсари мансабдоронро бо ҷорӯбу васоили дигари тозакунӣ надиданд, метавонанд дар ин бора ба ин ниҳод шикоят кунанд. Худдории ҳамсари мансабдорон аз иштирок дар корҳои ободонӣ нақзи Кодекси одоби хидматчии давлатӣ будааст.
Агар шикояте ворид шавад, ки зани мансабдор дар чорабиниҳои маҳалла иштирок намекунад, ҳатман бо шавҳаронашон сӯҳбат мешавад. Риояи Кодекси хидматчии давлатӣ аз оила сар мешавад
Қаблан истифодаи мошини хидматии мансабдорон бо ҳадафҳои хусусӣ аз тарафи аъзои хонаводаи онҳо, аз ҷумла ҳамсарон, манъ шуда буд.
Ҷалби занҳои мансабдор ба ободкорӣ
Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло тамоми мансабдорон ба ҷуз аз кори давлатӣ, инчунин муввазаф шудаанд, ки дар маҳали зисташон барои омодагӣ ба муносибати “30-солагии Истиқлолият” сокинонро ба ободкорӣ ҷалб кунанд. Аз ҷумла, Давлатзода гуфт, ӯ ва муовинонаш дар ҷойи зисти худ масъули ҷалби ҳаммаҳалҳояшон ба ободкорӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, шикоятҳое низ мерасанд, ки ҳамсарони мансабдорон дар чунин маъракаҳо иштирок намекунанд.
"Рӯзҳои якшанбе худам дар ҷои кор ҳастам, вале даъват кунанд, ҳамсарам рафта кор мекунад. Ӯ худаш ҳам хидматчии давлатӣ ҳаст. Ба ҷои ду кас кор мекунад. Ҳамсарони хидматчиёни давлатӣ бояд ҳатман дар чорабиниҳои ободонӣ иштирок кунанд. Чорабиниҳое, ки вобаста ба ободонӣ, кабудизоркунӣ ва саҳмгузорӣ дар ин ё он чорабинӣ мешавад, бояд ҳузур дошта бошанд, то дигарон дилгарм шаванд. Агар шикояте ворид шавад, ки зани мансабдор дар чорабиниҳои маҳалла иштирок намекунад, ҳатман бо шавҳаронашон сӯҳбат мешавад. Риояи Кодекси хидматчии давлатӣ аз оила сар мешавад”, - афзуд Давлатзода.
Вақте зани мансабдор ҷорӯб намегирад...
Аксари занҳои мансабдорон дар Тоҷикистон хонашинанд ва масъулияти бештари онҳо бо тарбияи кӯдаку набера маҳдуд мешавад.
Нуриннисо Абдуллоева, хабарнигори тоҷик, ки ин мавзӯъро пайгирӣ кардааст, мегӯяд, ҳузур пайдо накардани занҳои мансабдор дар паҳлӯи сокинон ҳангоми ҳашар норозигии иҷтимоиро ба бор меорад. Ин хабарнигори тоҷик гуфт, бори аввал иштирок накардани ҳамсари мансабдор дар корҳои ободониро дар маҳали зисти худ мушоҳида кард ва баъдан таваҷҷӯҳ кард, дар бисёре аз маҳалҳои шаҳри Душанбе чунин ҳолат ба назар мерасад.
Видео: Сокинон дар ин бора чӣ мегӯянд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ гуфт, "вақте зани мансабдорро дигар занҳо ҷорӯб ба даст дар хиёбон дар баробари худашон намебинанд, як навъ норизоӣ баён мекунанд. Инро ҳамчун нобаробарӣ дар ҷомеа унвон мекунанд. Ин суолҳо ҳаст, ки чаро зани мансабдор намеравад, вале мо меравем.”
“Ҳамсари мансабдор будани масъулияти дучанд аст”
Гуландом Нозимова, ҳамсари муовини раиси як ноҳия, ки нахост аз шавҳар ва ҷойи кораш ном бубарем, рӯзи 25-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсари мансабдор будан масъулияти зиёд дорад. Ӯ гуфт, ҳамеша талош мекунад, аз сокинони дигари маҳалли зисташ фарқ накунад ва дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ баробари онҳо иштирок кунад.
Ҳоло дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои таҷлил аз ҷашни Наврӯз омодагӣ мегиранд. Мақомоти маҳаллӣ ҳар ҳафта сокинонро барои шинонидани гулу бутта ва тоза кардани атрофи маҳали зисташон ҷалб мекунанд. Бештари ширкатдорони ин маърака занҳо ҳастанд.
“Ман ҳамеша обрӯи шавҳарамро фикр мекунам. Ҳеч вақт коре намекунам, ки аз пушти ман шавҳарамро бад гӯянд. Бовар кунед, зани мансабдор будан осон нест. Ҳамеша хонаат пур аз меҳмон аст. Шавҳар барои иштирок дар маъракаҳои хешу табор намерасад. Маҷбур ҳастӣ, ки ба ҷойи ӯ иштирок кунӣ. Шахсан, бо занҳои маҳалла шишту хези баробар дорем. Намедонам, аз пушт чӣ мегӯянд, лекин ҳар коре гӯянд, дар барашон ҳастем”, - нақл кард ӯ.
“Зани мансабдорон имтиёзхоҳӣ мекунанд”
Аксар ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе дар бораи нақшу рисолати ҳамсарони мансабдорони тоҷик назари мухталиф доранд. Бархе мегӯянд, ҳамсари мансабдорон аз вазифаву мартабаи баланди шавҳари худ меболанд ва гоҳе ҳавобаланду худхоҳ ҳастанд. Бархе гуфтанд, ки на ҳама мансабдорон ва ҳамсаронашон чунин ҳастанд, балки ба хотири нарехтани обрӯи ҳамсар талош мекунанд ҳамранги ҷомеа бошанду бо кору рафтори худ дар маъракаву ҷое аз дигарон фарқ накунанд.
Адибаи Азиз, шоири тоҷик мегӯяд, ҳамсари мансабдор будан дар ҷомеаи тоҷик “мисли мансаб” ҳисоб мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамсарони мансабдорон бештар аз шавҳаронашон дар ҷомеа имтиёзхоҳӣ мекунанд. Чунин имтиёзхоҳӣ, ба гуфтаи Адиба, аз кошонаи ҳусн то беморхонаву идораҳои дигари давлатӣ ба назар мерасад. Ҳамсари мансабдор бо истифода аз номи шавҳараш бенавбат корашро анҷом медиҳад ва дигарон низ ба хотири вазифаи шавҳараш ба ӯ имтиёз медиҳанд.
Ӯ гуфт, “бисёре аз занҳои тоҷик вақте шавҳарашон мансабдор мешавад, ӯ ҳам ба як мансабдори ғайрирасмӣ табдил меёбанд.” Ҳамсарони мансабдорон гоҳо ба миёнарав ва василаи пасипардагии ҷамъоварии даромадҳои ғайрирасмӣ мешаванд. Барои ҳалли мушкиле гоҳо на ба худи мақомдор, балки ба ҳамсараш ва дигар аъзои наздики оилааш муроҷиат мекунанд, то дар шароити хона ва безарар бар ивази подоше мушкили ӯро бо мансабдор ҳал кунад.
Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои таҷлил аз ҷашни Наврӯз омодагӣ мегиранд. Мақомоти маҳаллӣ ҳар ҳафта сокинонро барои шинондани гулу бутта ва тоза кардани атрофи маҳали зисташон ҷалб мекунанд. Бештари ширкатдорони ин маърака занҳо ҳастанд. Бисёре аз сокинон мегӯянд, дар ҳоле мақомот аз онҳо тақозои ширкат дар “ободкориву ободонӣ”-ро мекунанд, ки занҳои онҳо дар чунин маъракаҳо ширкат намекунанд.