Мақомот мегӯянд, дар давоми рейд ё маъракаи махсуси ба гуфтаашон “фаҳмондадиҳӣ”-и фарҳанги милии либоспӯшӣ, тавонистанд танҳо дар ҳудуди Душанбе бо 8 ҳазор зани ҳиҷобпӯш сӯҳбатҳо анҷом диҳанд. Ба гуфтани онҳо, қариб 90 дарсади ин занҳо розӣ шудаанд, ки аз пӯшидани "либоси мазҳабӣ" даст кашида, ба "либоси миллӣ" рӯ оранд.
Аксари ин занҳо гуфтаанд, ки "зери фишори хонаводаҳояшон" сатру ҳиҷоб ба бар кардаанд. Дар маъракаи мақомот, ки рӯзҳои 3 то 13 август бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон баргузор шудааст, намояндагони сохторҳои ҳифзи қонун ва Кумитаи дин ҳам иштирок карданд.
Ин рақам марбут ба чанд гурӯҳи корӣ дар шаҳри Душанбе аст ва омори охирин шояд аз ин бештар бошад. Омори мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ то ҳол ҷамъбаст нашудааст ва дар назар аст, ки рақами ахирро Дастгоҳи иҷроияи президент ҷамъбаст намояд. Мақомот мегӯянд, дар миёни заноне, ки онҳо дар Душанбе сӯҳбатҳо анҷом доданд, сокинони манотиқи дигари кишвар низ ҳастанд
Он заноне, ки ба пӯшидани сатру ҳиҷоб гузаштаанд, инро як ҳаққи фардии худ меҳисобанд ва мегӯянд, барояшон бо ин либос кору зиндагӣ кардан роҳаттар аст.
Даъват ба танзими либоси занон дар чаҳорчӯби сиёсати ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷилавгирӣ аз гароиши сокинон ба ақидаҳои мазҳабиву ифротӣ ва майли аҳолӣ ба “либоси бегона” сурат мегирад, ки борҳо аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам интиқод шудааст.
Мақомот бовар доранд, ки майл ба ақидаҳои мазҳабии ифротӣ, аз пӯшидани либоси "барои фарҳанги миллӣ бегонаи динӣ", шурӯъ мешавад. Дар гузориши ахири озодиҳои мазҳабии Департаменти давлатии Амрико ҳам, ки рӯзи 15 август нашр шуд, таъкид мешавад, ки ҳукумати ин кишвар баъди мубориза бо риш, ба танзими либоси занон пардохтааст.
Нақши мардон дар ҳиҷобпӯшии занон зиёд будааст
Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, давоми даҳ рӯзи рейд муваффақ шуданд, ки аксари занони ҳиҷобу сатрпӯшро аз пӯшидани “либосҳои бегона” боздоранд. Марҳабо Олимӣ, муовини аввали раиси Кумитаи занон рӯзи 16-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 90 дарсади ҳамсӯҳбатони онҳо аз ҳисоби занон розианд, ки сатрашонро бикашанд, аммо шавҳарон ва фарзандон ба ин монеъ мешаванд.
Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи кор бо занон, маъракаи онҳо натиҷаҳои дигаре ҳам ба бор овард, ки мояи андеша ва стратегияи кори онҳо дар оянда мешавад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, мардоне, ки ба либоси мазҳабии ҳамсарон пофишорӣ мекунанд, «гоҳо ба ҳамсаронашон шарт мегузоранд, ки «ҳиҷоб пӯшанд, вагарна талоқ мешаванд».
Аз ин хотир хонум Олимӣ мегӯянд, “зарурати он пеш омадааст, ки бо мардон бояд зиёдтар корбарӣ намоем. Шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, аз онҷо телефон карда мегӯяд, ки агар сатрро кашӣ, ман туро талоқ мекунам. Ё хушдоманҳо мегӯянд, ки агар сатратро бадар кунӣ, ба писарам мегӯям, туро талоқ медиҳад. Ин гуна таҳдидҳо ҳастанд”. Марҳабо Олимӣ суол мегузорад, ки магар “бо як пӯшидани сатр мушкилоти зиндагии занон ҳал мешавад?”
На ҳама дастгирӣ карданд
Дар ҳамин Сабоҳат Мамадалиева, як масъули дигари Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, дар маҷмӯъ ҷараёни маъракаи фаҳмондадиҳӣ хуб гузашт ва аксарият омода буданд, ки ба ҳарфи онҳо гӯш кунанд, вале мавридҳое ҳам кам набуд, ки мусоҳибонашон бархӯрди бад нишон доданд.
Вай гуфт: "Ба он нафароне, ки ҳамсӯҳбат мешудем, мегуфтанд, ки ҳозир ба хона рафта, либосҳои худро тағйир медиҳем. Вале буданд нафароне, ки муқовимат нишон медоданд. Яъне вақте мо мехостем мӯҳтавои фарҳанги тоҷиконаро ба онҳо фаҳмонда диҳем, онҳо намехостанд бо мо сӯҳбат кунанд. Аммо бештари ҳамсӯҳбатони мо моро дастгирӣ карданд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сабоҳат Мамадалиева мегӯяд, онҳо бо мардон низ сӯҳбатҳо анҷом доданд. Бештари ин мардон ба намояндагони гурӯҳҳои корӣ мегуфтаанд, ки кори баде намекунанд ва ба ҷуз адои намозу парастиши Худо кору ҳадафи дигаре надоранд. Вай гуфт, дар ҷараёни ин сӯҳбатҳо тавонистанд фикри мардони зиёдро низ ба масоили марбут ба тарзи либоспӯшии бонувон дигар кунанд.
Кори гуруҳҳои корӣ, ки мақомоти Тоҷикистон аз онҳо “гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ ном мебаранд”, дар тамоми кишвар роҳандозӣ шуд. Сӯҳбат бо бонувон ва мардон асосан дар нуқтаҳои серодам ва дар кӯчаву хиёбонҳо сурат гирифтааст.
Ҳарчанд масъулони Кумитаи кор бо занон ҳанӯз натиҷаи сӯҳбатҳояшон бо занони ҳиҷобпӯшро дар тамоми ҷумҳурӣ таҳия накардаанд, аммо мегӯянд, дар ҳайати ин гурӯҳҳо намояндагони ин Кумита, сохторҳои қудратӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва Шӯрои занони сулҳовар шомил будаанд. Хулосаи кори ин гуруҳҳо рӯзҳои наздик унвонии ҳукумати Тоҷикистон бояд ирсол шавад.
“Агар ҷарима кунанд...”
Хонум Дилдораи сатрпӯш, ки яке аз рӯзҳои рейд дар поликлиникаи №10-и Душанбе барои муоинаи кӯдаконаш буд. Мегӯяд, намояндагони ҳукумат омада ҳама занҳои ҳиҷобу сатрпӯшро аз навбати духтур гирифта дар як утоқ ҷамъ оварда бо онҳо сӯҳбат карданд. Вай гуфт, дар байни онҳо намояндагони амният ва ҳам наворбардору аксбардор ҳам буданд. "Гуфтанд, сатр напӯшед, балки бо шеваи тоҷикӣ либос пӯшед. Сатрамонро аз сарамон кашида тарзи рӯймолбандии тоҷикиро нишон доданд ва гуфтанд, ки ба тарзи миллӣ либос пӯшед".
Дилдора мегӯяд, ба намояндагони комиссиюн гуфтааст, ки 12 сол аст сатр мепӯшад ва хатмкардаи мадраса аст ва дигар намуд либосро намепазирад. "Ман бо онҳо зиёд баҳс кардам, - гуфт ӯ. - Вале вақте хона омадам, дигар қарор кардам зиёд кӯча набароям".
Дар Тоҷикистон назари занҳову духтарҳо ба ҳиҷобу сатрпӯшӣ яксон нест. Як қишри занҳо, ки тарбиятдидаи сохти шӯравӣ ҳастанд, ҳамоно либоси ғайримазҳабии миллӣ ё аврупоӣ ба бар мекунанд, духтарони онҳо низ аксаран аз ҳамин шеваи либоспӯшӣ кор мегиранд. Аз сӯи дигар, духтарони мактабхону донишҷӯ муваззафанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ либоси дунявӣ дошта бошанд. Он заноне, ки ба пӯшидани сатру ҳиҷоб гузаштаанд, инро як ҳаққи фардии худ меҳисобанд ва мегӯянд, барояшон бо ин либос кору зиндагӣ кардан роҳаттар аст.
Ҷомеашиносон ҳам мегӯянд, дар пайи таъкиду даъватҳои батакрори мақомот ба дасткашӣ аз либоси мазҳабӣ, назари мардони ҷомеа ҳам аз ҳам фарқ мекунад. Дар баробари онҳое, ки либоси динии ҳамсаронро фарзу зарур ва шарти фарҳанги маишии оилаи худ медонанд, онҳое ҳам ҳастанд, ки аз назари зеҳнӣ аз дунявигароии давлат пуштибонӣ мекунанд.
Ҷонибдорон ва мухолифони ҳиҷоб
Акрам Асроров, як омӯзгори сокини Душанбе мегӯяд, баъди таъкидҳои мақомот, ӯ ҳам аз ҳамсараш хост, ки аз пӯшидани сатру ҳиҷоб даст кашад. Ӯ мегӯяд, намехоҳад, ки ба хотири пӯшиши либоси ҳамсараш, зери фишор қарор гирад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, “ман розӣ намешавам, ки ҳамсарам сатр пӯшад, бигузор як куртаву эзор ва рӯймол бошад дар сарашон. Агар ҷарима кунанд, ман намесупорам. Агар ҷарима карданд, маҷбур мекунам, ки дигар напӯшанд сатрро”.
Ин омӯзгор мегӯяд, ҳамсараш ба хотири худ либос мепӯшад ва набояд либоспӯшии ӯ “маро дар вазъи мушкил қарор диҳад”. Аммо баръакси Акрам Асроров, мардони дигар ҳастанд, ки мегӯянд бо ҳеҷ қимате розӣ нестанд, ки ҳамсаронашон пӯшиши либосҳои мазҳабиро тарк кунанд.
Ҳусейн Ҳасанов, як ҳамсӯҳбати тақрибан 50-солаи мо дар кӯчаҳои Душанбе мегӯяд, ба ҳеҷ сурат ҳозир нест, ки ба сатркашии ҳамсараш розӣ шавад. “Ман розӣ нестам, ки ҳамсарам аз сатру ҳиҷоб даст кашад. Барои пӯшидани сатр агар ҷарима кунанд, албатта онро пардохт мекунем. Қонун қонун аст, вале ман мехоҳам, ки ҳамсарам либоси мусалмонӣ пӯшад",- мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.
Банди махсуси пӯшиши "либосҳои бегона" ба қонуни танзим
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ба танзим даровардани пӯшиши либоси миллӣ ба Қонун дар бораи танзими анъана банди махсус барои илова пешниҳод шудааст. Ҳарчанд то ҳол муқаррароти ин банд шарҳ дода нашудааст, аммо гуфта мешавад дар он масъалаи пӯшиши либосҳои “бегона” бояд аз ҷиҳати қонунӣ мушаххас шавад.
Тағйироти мазкурро рӯзи 23-уми август Маҷлиси намояндагон баррасӣ мекунад. Бархе мегӯянд, эҳтимол мақомот барои ҷилавгирӣ аз пӯшидани "либоси бегонаи мазҳабӣ" тадбирҳои маъмурӣ ҷорӣ кунад. Феълан қонунҳои Тоҷикистон дар заминаи пӯшидани либоси бегона ҳеҷ меъёр, талабот ё муҷозоте пешбинӣ намекунад. Танҳо бар асоси машварату пешниҳодҳои ҷудогона, бархе сохторҳои давлатӣ, назари вазорати маориф, дресс-код ё намунаи либосҳои дунявиро ҳамчун либоси ҳатмии омӯзгорону муҳассилон муаррифӣ карда, риояи ин муқарраротро ҳатмӣ кардааст.
Рейдҳои мақомот асосан дар кӯчаву бозор ва нуқтаҳои серодами Душанбе гузаронда шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11-уми июл бори дигар ба зарурати тақвияти фарҳанги пӯшидани либоси миллӣ, на “бегонаи мазҳабӣ” таъкид кард. Баъди ин таъкиди оқои Раҳмон, мақомот шеваи бархӯрд бо пӯшидани либосҳои ба гуфтаашон “бегона”-ро, шадидтар карданд.