Дасти маҳбусони озодшударо дар берун кӣ мегирад? (2 ВИДЕО)

Яке аз нахустин гурӯҳи маҳбусони афвшуда

Як мушкили асосие, ки маҳбусони собиқ баъди раҳоияшон аз зиндон дар Тоҷикистон рӯбарӯ мешаванд, мушкили адаптатсия ё мутобиқ шудани онҳо ба ҷомиа аст. ва ҳам ин ки оё ин ҷомиа онҳоро чӣ гуна қабул хоҳад кард?

Рӯзе ки баробари боз шудани дари зиндони рақами 1 мавҷи зиндониҳои афвшуда бо шитоб берун шуданд ва худро ба оғӯши наздикон заданд, Ғуломалӣ Равшанови 24-сола бидуни назар кардан ба атроф медонист, ки ӯро касе мунтазир нест. Ӯ худро ба гӯшае кашид то монеъи шодмониву оғӯшкушоии ҳамтақдирони собиқаш нашавад. Ғуломалӣ ҳамин тавр, намехост ба автобусе нишинад, ки мақомоти зиндон барои ба манзил расонидани маҳбусони собиқ омода карда буданд.

Ғуломалӣ гуфт, ки ба хона рафтанаш маъние надоранд, чун медонад, ки озод шудани ӯ хонаводаашро хушҳол намекунад. Ин маҳбуси собиқ, ки се солро бо ҷурми дуздӣ дар паси милаҳои оҳанини зиндони рақами 1 сипарӣ кардааст, мегӯяд: “Як бор бояд хона равам, хабар гирам, ҳарчанд чандон интизорам нестанд. Маро чун як ҷинояткор мешиносанд дигар. Маълумоти олӣ ҳам надорам, доғи судӣ дорам ва дигар ягон ҷо ҳам қабул намекунанд моро. Меравам ба Маскав.”

Аксари маҳбусони озодшуда бар асоси афви соли 2014-ро наздиконашон бо оғӯши гарм ва дастархони боз истиқбол мекунанд. Ин рӯз дар хонаводаҳои онҳо, ки солҳои зиёд пушти панҷара ва дур аз наздиконашон қарор доштанд, ид аст: чорво забҳ мекунанд, хешу табору ҳамсоягон ҷамъ меоянд ва аз ҳолу аҳвол ва зиндагиаш дар маҳбас мепурсанд.

Аммо барои теъдоде аз ин маҳбусон, мисли Ғуломалӣ, озодӣ аз зиндон мисли роҳӣ шудан ба як зиндони дигар аст. Ин гурӯҳ мегӯянд, медонанд, ки онҳоро хонаводаҳояшон чандон интизор нестанд. Зеро солҳое, ки онҳоро аз хонаводаҳояшон дур кардааст, беасар нагузаштанд ва эҳсоси бегонагиро байни онҳо бештар кардаанд. Ба назари коршиносон, ҳамин тоифа асосан аз гурӯҳи рискест, ки вақте дар озодӣ истиқболу кумаке намебинад, ночор ба пешаи қаблии ҷиноияш бармегардад, то баъди чанде боз ба даст афтаду боз равад пушти панҷара.

Видеои раҳоии яке аз нахустин гурӯҳҳои маҳбусон инҷост:

Тӯҳфа Содиқова, намояндаи созмони “Ҷаҳон”, ки чанд моҳ боз ба маҳбусон, махсусан занони зиндонӣ, кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ мерасонад, мегӯяд, дар сӯҳбатҳое, ки то афв миёни маҳбусон доштанд, нигаронии аксарият ҳам ин буда, ки баъди берун шудан дар хонавода ва ҷомеа онҳо чӣ гуна қабул мешаванд? Ӯ мегӯяд: “Мо ба онҳо мегуфтем, ки шумо бояд ин фикрҳоро накунед, бояд ба худ бигӯед, ки ман дигар гунаҳгор нестам, алакай ҷазоямро гирифтаму озод шудам. Бояд бо сари баланд ба озодӣ бароед ва аз пайи кору зиндагии худ шавед. Кор кунед ва боварии ҷомеаро ба даст оред.”

Гулчеҳра Холматова

Аммо Гулчеҳра Холматова, ҳуқуқшиноси Дафтари ҳуқуқи башар мегӯяд, баъзе занҳо солҳо бешавҳар зиндагӣ карданд ва бачаҳои худро бузург карданд. Бозгашти зиндонии собиқ, ки оядааш маълум нест ва маълум нест коре меёбад ё не, онҳоро нигарон мекунад. Хонум Холматова мегӯяд: ”Бисёр вақт бо ин сабабҳо дар хонаводаҳо нофаҳмӣ мешавад, махсусан агар шавҳар кори хубе пайдо накунад, занҳо барои ҷудо шудан ва тақсими хона ба додгоҳ муроҷиат мекунанд. Ҳамчунин ба мо бештар дар масъалаи дарёфти ҷои кор муроҷиат мекунанд. Онҳо аз он шикоят мекунанд, ки вақте корфармо аз доғи судӣ доштани онҳо огоҳ мешавад, аксаран бо вуҷуди мутахассис будан, онҳоро ба кор қабул намекунанд.”

Оё мардум хабари афви ҳазорон нафа аз маҳбусони зиндонҳои Тоҷикистон чӣ гуна пазируфтанд? Назари чанд нафар дар кӯчаҳои Душанберо аз ин видео тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назари мардум дар бораи афв ва маҳбусони раҳошуда.

Ба гуфтаи равоншиносон, аксаран маҳбусон бо як рӯҳияи шикаставу бегона вориди ҷомеа мешаванд ва дар чунин ҳол онҳо бештар бояд дастгирӣ шаванд, на табъиз, зеро муносибати бад онҳоро боз ҳам мазлуму шикастатар меунад.

Зарина Алимшоева, равоншиноси тоҷик, ки солҳои зиёд бо собиқ маҳбусон кор кардааст, мегӯяд, дар маҳбасхона бояд шахсе бошад, ки робитаи байни маҳбус ва хонаводаро хуб нигаҳ дорад ва бо онҳо кор барад: “Масалан дар дигар кишварҳо кормандони махсуси иҷтимоӣ ҳастанд, ки дар муддати дар маҳбас будани шахс намегузорад, ки муносибати ӯ бо хонаводаш канда шавад. Умуман бояд на танҳо маҳбус балки хонаводаи онҳоро ҳам махсус равоншиносон барои қабул собиқ аҳбуси хзуд омода кунанд.”

Дар воқеъ, аввалин мушкиле, ки баъд аз раҳоӣ аз зиндон пешорӯи собиқ маҳбусон қарор мегирад, мутобиқ шудани онҳо ба зиндагии маъмулӣ ва қабули онҳо аз сӯи ҷомеа аст. Дар озодӣ онҳоро мушкилоти фаровоне мунтазир аст, ки дарёфти роҳҳали онҳо кори осон нест. Ин ҳол баъзан зиндониҳои собиқро дубора ба маҳбас мебарад ва ё майзадаву овора мекунад.

Ду созмони иҷтимоӣ - “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояти қонун” ва “Ҷаҳон”, ки дар чорчӯби лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, барои роҳнамоии маҳбусони собиқ ва кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба онҳо изҳори омодагӣ кардаанд. Дар як пурсише, ки қабл аз иҷрои Қонуни афви ахир, тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук, тавассути яке аз ин созмонҳо анҷом шудааст, бештари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ба маҳбусони собиқ бояд шонс дода шавад, то ба ҷомеа мутобиқ шаванд.

Айни видеои назари мардум дар бораи афв:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назари мардум дар бораи афв ва маҳбусони раҳошуда.