Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Зайд Саидов озод шуд


Фахриддин Зокиров
Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров - вакили мудофеъи Зайд Саидов - рӯзи 3 ноябр баъди қариб 8 моҳ боздошт тибқи қонуни афв раҳо шудааст.

Фахриддин Зокиров - вакили мудофеъи Зайд Саидов, ки бо гумони “қаллобӣ” боздошт шуда ва дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ қарор дошт, рӯзи 3 ноябр тибқи қонуни афв озод карда шуд.

Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеъ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нимаи дувуми рӯз Фахриддин Зокиров дар чаҳорчӯби қонуни афв озод карда шуд.

Раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ тибқи қонуни афв имрӯз аз боздоштгоҳ 57 айбдоршаванда раҳо шудааст.

Фахриддин Зокиров, ки аз Зайд саидов соҳибкори маъруф ба ҳайси вакили мудофеъ пуштибонӣ мекард, дар моҳи марти соли равон аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд. Мақомот алайҳи ӯ тибқи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) парванда кушодаанд.

Ба гуфтаи тафтишот, асли моҷаро 1 миллион доллар қарзест, ки як ширкати марбут ба Фахриддин Зокиров ҳанӯз дар соли 2011 аз “Тоҷиксодиротбонк” гирифтааст. Даъвои мақомот ин аст, ки ширкати Зокиров дар баргардондани тақрибан 30 дарсади боқимонда аз ин маблағ таъхир мекунад.

Аммо вакилони ӯ мегӯянд, ширкати Зокиров дар вақти гирифтани қарз як корхонаи пахтаро ба гарав гузошта буд ва 70 дарсади қарзро алакай пардохтааст.

Наздикони Фахриддин Зокиров мегӯянд, сабаби аслии таъқиби мақомот мавқеи фаъоли ӯ дар роҳи ҳимоят аз соҳибкори маъруф Зайд Саидов аст. Худи ӯ ҳам тавассути вакилонаш гуфтааст, ки аз ӯ бо ин роҳ қасос гирифта истодаанд.

Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон моҳи майи соли 2013 боздошт ва моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Фахриддин Зокиров ҳамроҳ бо Исҳоқ Табаров ва Шӯҳрат Қудратов тайи ин ҳама моҳҳо аз ҳуқуқи Зайд Саидов ҳимоят мекарданд. Шӯҳрат Қудратов низ дар тобистони имсол аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод бо иттиҳоми миёнаравӣ дар додани пора дастгир шуд ва то ҳол дар боздошт қарор дорад.

Зайд Саидов ва тарафдоронаш мегӯянд, таъқиби ӯву вакилони ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад. Зайд Саидов, ки аз соли 1999 то 2006 ба ҳайси раиси кумитаи саноат ва баъдан вазири саноат узви ҳукумати Тоҷикистон буд, баъди он боздошт шуд, ки мехост як ҳизби сиёсӣ бо номи Тоҷикистони нав таъсис диҳад.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё қонуни афв ба худи Зайд Саидов ва вакили дувуми боздоштшудааш Шӯҳрат Қудратов низ татбиқ карда хоҳад шуд ё на?

XS
SM
MD
LG