Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афв-2014: Кӣ мебарояду кӣ - не?


Мақомоти идораи зиндонҳои вазорати адлия мегӯянд, бар асоси қонуни афв 3500 нафар аз зиндонҳо ва 4500 нафари дигар аз колонияҳои маскунӣ озод шуда, ҳукми то 2 000 нафари дигар кам карда хоҳад шуд.

Хабаргузориии “Азия Плюс” бархе ҷузъиёти маъракаи афви саросарӣ ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби қонуни асосии Тоҷикистонро ба даст овардааст. Дар сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон, маъруф ба идораи зиндонҳои генерал Иззатуллоҳ Шарипов ба “Азия Плюс” гуфтаанд, дар маҷмӯъ бар асоси қонуни афви рӯзи 29 октябр қабулшуда аз зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 3500 нафар озод мешаванд. Ҳамин тавр, дар назар будааст, то аз муассисаҳои ислоҳии дигаре, чун колонияҳои маскунӣ (колония-поселение) тақрибан 4500 нафари дигар ба озодӣ баромада, ҳукми то 2000 маҳбуси дигар кам карда шавад.

Ба гуфтаи мақомоти идораи зиндонҳо, аз зиндони занонаи воқеъ дар шаҳри Норак 287 зани маҳбусро озод хоҳанд кард. Аммо 27 зани маҳбуси боқимонда мавриди афв қарор нахоҳанд гирифт, чунки онҳо алакай ду дафъа афв шуда, дигарбора даст ба ҷиноят задаанд. Аксари занони маҳбус дар зиндони Норак бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва қаллобӣ нишастаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи манобеи “Азия Плюс”, дар назар аст, ки аз зиндони ноболиғон 58 маҳбуси кӯдакро раҳо кунанд. Аммо дар мавриди 3 маҳбуси ноболиғ ин қонуни афв татбиқ намешавад. Ҳамчунин 63 нафаре, ки бо ҷурми сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ ваё фирор аз маҳалли хидмат зиндонӣ шудаанд, ва 112 маҳбуси гирифтори амрози сангине, чун сил, бемориҳои саратон ва амрози қалб, мавриди афв қарор мегиранд.

Магомед Алиев - як шаҳрванди Русия, ки баъди нооромиҳои Тавилдара дастгир шуда, соле баъд ҳамроҳи 24 тани дигар аз зиндон фирор карда буд.
Магомед Алиев - як шаҳрванди Русия, ки баъди нооромиҳои Тавилдара дастгир шуда, соле баъд ҳамроҳи 24 тани дигар аз зиндон фирор карда буд.

Ҳамин тавр, бояд ҳамаи 340 хориҷие, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ва асосан бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд, бар асоси қонуни афви ахир раҳо ёфта, ба зодгоҳҳои худ баргарданд. Аз ин миён 155 нафараш шаҳрвандони Узбакистон, 80 нафар – аз Узбакистон, 31 нафар – аз Қирғизистон ва ҳамчунин атбои Нигерия, Туркия, Ироқ, Эрон ва кишварҳои дигар будаанд.

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё афви ҳамаи маҳбусони хориҷӣ озодии он шаҳрвандони Русияро, ки дар пайи нооромиҳои соли 2010 дар Тавилдара бо гумони даст доштан дар он нооромиҳо дастгир ва зиндонӣ шуданд, ва ҳам афродеро, ки бо ҷурми ҷосусӣ барои Узбакистон маҳкум шудаанд, низ дар бар мегирад ё на? Аз ҷумла Муҳаммадӣ Салимзода, афсари тоҷиктабори Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро, ки дар соли 2008 дар Тоҷикистон боздошт ва бо ҷурми ҷосусӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст?

Ёқуб Салимов
Ёқуб Салимов

Масъалаи дигар эҳтимоли мавриди афв қарор гирифтан ё нагирифтани маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла зиндониёни шинохтае, чун фармондеҳи собиқи Горди миллӣ Ғаффор Мирзоев, вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, раиси собиқи ширкати “Тоҷикгаз” ва ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, вазири собиқи саноат Зайд Саидов, Сӯҳроб Лангариев, бародари хурдии фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Лангарӣ Лангариев, Нурмуҳаммад Сафаров - писари раҳбари кушташудаи Фронти халқӣ Сангак Сафаров ва амсоли инҳост.

Файзинисо Воҳидова, вакили Ёқуб Салимов, ки то анҷоми 15 сол ҳукми зиндонаш ҳамагӣ 1 солу 7 моҳи дигар мондааст, алакай дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфтааст, ки ин қонуни афв дар мавриди муваккилаш татбиқ намешавад, чунки Ёқуб Салимов алакай ду маротиба мавриди афв қарор гирифтааст.

Имкони татбиқи ин афв дар мавриди Ғаффор Мирзоевро, ки бо ҷароиме, чун қасди табаддулоти давлатӣ маҳбус ба ҳабси абад шудааст, ваё нисбат ба Зайд Саидовро, ки 21 сол аз 26 сол ҳукми зиндони ӯ бо ҷурми таҷовуз ба номус аст, бисёриҳо баъид мешуморанд.

Сӯҳроб Лангариев дар рӯзи боздошташ. 27 майи соли 2008
Сӯҳроб Лангариев дар рӯзи боздошташ. 27 майи соли 2008

Аммо Гулҷаҳон Сафарова, духтари Сангак Сафаров, фармондеҳи аввали Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷангии шаҳрвандии Тоҷикистон, ки бародараш Нурмуҳаммад Сафаров ҳамроҳ бо домоди ин хонавода Сӯҳроб Лангариев ҳукми абад гирифтааст, ҳафтае пеш дар сӯҳбат гуфт, ҳарчанд, ду қонуни афви қаблӣ дар нисбати бародараш татбиқ нашуда бошад ҳам, қонуни афви ҷадид шӯълаяки умедеро дар қалби онҳо ҳам рӯшан кардааст: “Ҳама медонад, ки айбе, ки нисбати бародари мо эълон карданд, сохта аст. Умедворем, ки ӯ ин навбат озод хоҳад шуд ва ё ҳадди ақал ҳукмаш камтар мешавад.”

Ба ҳисоби сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои ин кишвар тақрибан 13 000 нафар адои ҳукм мекунанд.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 29 октябр ба муносибати 20-солагии тасвиби Қонуни асосии кишвар қонуни афвро қабл кард, ки аз маҳбасҳо ва ҳамчунин аз таҳти тафтишу таъқиби ҷиноӣ раҳо кардани то 10 000 нафарро дар назар дорад. Ҳангоми муаррифии тарҳи ин афв дар порлумон гуфта шуд, ки ин 16-умин афв дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон буда, бар асоси 15 афви қаблӣ 100 000 нафар ба озодӣ расидаанд.

XS
SM
MD
LG