Узви "Гурӯҳи 24" ё ҷосуси ФСБ? Оғози мурофиаи Солиҳов

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои муайян кардани инки Умедҷон Солиҳов коргари ФСБ ҳаст ё на, 5 рӯз вақт додааст. Ин сокини Ваҳдат ба узвият дар "Гурӯҳи 24" ва "таҳқири президент" айбдор мешавад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе, ки рӯзи 19 январ, ба муҳокимаи парвандаи як сокини Ваҳдат бо иттиҳоми узвият дар "Гурӯҳи 24" оғоз кард, барои муайян кардани инки Умедҷон Солиҳов коргари ФСБ ҳаст ё на, 5 рӯз вақт додааст.

Дар ҳоле, ки вакили Умедҷон Солиҳов, як нафари муттаҳам ба кӯшиши “ғасби ҳокимият” ва узвият дар гурӯҳи мамнӯъ хатии дифоъи ӯро бо такя ба “корманди ФСБ”- и Русия буданаш пеш мебарад, Амирқул Азимов, раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони кишвар дар ҳеҷ сурат ҳаққи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии кишварҳои дигарро надорад: “Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии кишварҳои дигар кор кунад ва гузашта аз ин асрори кишвари худро фош карда бошад, тибқи қонунгузориҳои ҷорӣ, ба ҷазои сангин маҳкум хоҳад шуд.”

Тоҷикистон бо Русия созишномаи душаҳрвандӣ дорад, аммо Умедҷон Солиҳов танҳо аз шаҳрвандии Тоҷикистон бархӯрдор будааст, ки метавонад ӯро дар ростои боз як иттиҳоми дигар қарор диҳад.

Мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи қазияи Солеҳов рӯзи 19 январ дар додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз шуд. Худи Умедҷон Солиҳов, дар нахустин рӯзи мурофиа иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кард ва гуфт, ки ҳеҷ гоҳ узви “Гурӯҳи 24” набуд ва тобистону тирамоҳи соли 2014 дар намоишҳои эътирозии мухолифони давлати Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо дастури ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия иштирок кардааст.

Барои омӯзиши ин иддао додгоҳ мурофеаро 5 рӯз таътил кард ва вакили Солеҳов бо номае аз Хадамоти амнияти Русиия дархост кард, ки корманди ин ниҳод будани шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ кунад.

Таҷаммӯи тоҷикҳо дар яке аз шаҳрҳои Русия. Акс аз навори «Новый регион»

"Гурӯҳи 24", яке аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, дар тобистон ва авоили тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро барпо карда, хостори як чунин гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе ҳам шуд. Ҳамоиши "Гурӯҳи 24" дар Новосибирск тобистони гузашта доир шудааст.

Умедҷон Солиҳов авохири моҳи октябри соли гузашта боздошт шуд. Хонаводаи ӯ мегӯяд, Солеҳов дар ҳоле боздошт шуд, ки мақомот акси ӯро дар навори намоиши эътирозии Новосибирск шиносоӣ карданд ва бо падараш дар тамос шуданд. Гуфта мешавад, ки дар яке аз наворҳо Умедҷон Солиҳов президент Раҳмонро ба фурӯхтани амини кишвар ба Чин муттаҳам карда, талаби истеъфои ӯро дар миён гузоштааст. Волидон тавассути телефон ба ӯ гуфтаанд, пулис аз паяш мегардад ва бино ба иддаои волидонаш, Умедҷон Солиҳов барои мушаххас кардани ин қазия худ ихтиёран ба Тоҷикистон баргаштааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Умедҷон Салиҳовро бар пояи як қатор моддаҳои Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба “ғасби ҳокимият”, ”даъват ба экстремизм”, “ҷавобгарии ҷиноӣ барои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ” дар ҳамкорӣ бо созмони “Гурӯҳи 24” ва “таҳқири омавии президент” муттаҳам кардааст.

Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо далели ошкор накардани ҷузъиёти парванда аз шарҳи он худдорӣ кард. Шоҳҳусайн Коров, муовини сардори ин раёсат рӯзи 20 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо алайҳи Умедҷон Солиҳов парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҳамаи санадҳои марбут ба ин парвандаро ба дасти додгоҳ супурдаанд.