Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар як номаи саркушода ба Созмони Милали Муттаҳид, Салиби Сурх, Афви байналмилалӣ ва созмони ҳуқуқи башари Туркия хостори мусоидат ба раҳоии Қувватов ва ёрони ӯ аз боздошт дар Туркия шудааст.
Дар ин нома, ки рӯзи 3 январ дар саҳифаи Қумринисо Ҳафизова дар шабакаи Фейсбук бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ӯ бо 5 фарзанди кӯчакаш соли сеюм аст, ки дар муҳоҷират ба сар мебарад. Хонум Ҳафизова дар идомаи нома ба сарнавишти шавҳараш Умаралӣ Қувватов ва 3 тан аз пайравони ӯ пардохтааст, ки аз 19 декабр дар боздоштгоҳи шаҳри Истамбули Туркия қарор доранд ва “то ҳол ҳукумати Туркия барои раҳоӣ ва ё пазируфтани эшон ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ қароре набароварда аст.”
Ба ақидаи Қумринисо Ҳафизова, Қувватов ва ёрони ӯ қурбони таъқиботи сиёсӣ шудаанд: “Азбаски шавҳари ман солҳост алайҳи ҳукумат харф мезанад ва ситамкорию худкомагии ҳукуматро маҳкум мекунад, аз тарафи президенти Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ ба пайгарди байналмилалӣ (Интерпол ) пешниҳод шуда ва соли 2013-ум дар Дубай дастгир шуда буд ва додгоҳи олии шаҳри Дубай бегуноҳии ӯро тасдиқ карда, тамоми парвандаҳои сохтаи ҳукумати Тоҷикистонро рад карда, ӯро озод намуд.”
Хонум Ҳафизова мӯътақид аст, ки мақомоти Тоҷикистон, ”ба хусус наздикони президент талош доранд, бо ҳар роҳе ӯро ба Тоҷикистон бибаранд.” Аммо, меафзояд Қумринисо Ҳафизова, дар сурати истирдод Қувватов ва ёронашро ҷисман аз байн хоҳанд бурд. Ӯ ба ин далел аз созмонҳои байналмилалӣ хостааст, то дар раҳоии ин “маҳбусони сиёсӣ” мусоидат кунанд.
Қумринисо Ҳафизова қабл аз соли нав дар номае аз раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ хостори мусоидат ба раҳоии шавҳараш шуда буд.
Умаралӣ Қувватов ва 3 тан аз ёрони ӯ - Ҳусейн Ашӯров (соли таваллудаш 1981), Сӯҳроб Тӯраев (соли таваллудаш 1978) ва Абдурашид Ҳомидов (соли таваллудаш 1989) - рӯзи 19 декабри соли 2014 аз манзиле дар шаҳри Истамбули Туркия дастгир шуданд. Ибтидо гуфта мешуд, ки боздошти онҳо бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Вале мақомоти ин кишвар мегӯянд, ки Қувватов ва ҳамроҳонаш зоҳиран ба далели нақзи қоидаҳои иқомат дар Туркия дастгир шудаанд, на бо дархости расмии Душанбе.
Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта шарики тиҷории Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон буд ва ширкатҳои “Фароз” ва Тоҷирон”-ро раҳбарӣ мекард, дар тобистони соли 2012, баъди барканориаш аз ин ду ширкат тарки Тоҷикистон кард ва дар Маскав созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва моҳи декабри соли 2012 бо дархости ҳукумат дар Дубай боздошт шуд, вале дар моҳи сентябри соли 2013 ӯро раҳо карданд.
Исми Қувватов бори дигар дар тирамоҳи соли 2014, дар пайи даъватҳо ба як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе дар таърихи 10 октябр вирди забонҳо шуд. Ин даъват мақомотро водор кард, ки чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани ҳатто мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ кард.
Рӯзи 10 октябр дар Душанбе ягон тазоҳурот доир нашуд, вале баъди чанд рӯзи он дар Интернет навори муколамаи ду нафар нашр шуд, ки дар бораи омодагиҳо ба ҳамлаи мусаллаҳона ба чанд гӯшаи вилояти Суғд сӯҳбат мекарданд. Дар шарҳи ин наворҳо гуфта мешуд, ки ин сабти телефонии сӯҳбатҳои Умаралӣ Қувватов ва шарики дигари ӯ Шарофиддин Гадоев бо як фиристодаи онҳо дар дохили Тоҷикистон аст. Қувватов ва Гадоев воқеъият доштан ё надоштани ин наворро то ҳол расман тасдиқ ё рад накардаанд.