Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Умедҷон Салиҳов мегӯяд, муваккили ӯ узви "Гурӯҳи 24" нест ва аз номи он гурӯҳ суханронӣ накардааст, балки корманди ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия аст ва бо амри ҳамин идора дар як ҳамоиши мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия ширкат кардааст.
Ин вакили мудофеъ рӯзи 6 январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Гӯё Умедҷон дар Новосибирск дар як ҳамоиши "Гурӯҳи 24" ширкат карда, гуфта бошад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон заминҳои Тоҷикистонро ба Чин фурӯхтааст ва ба истеъфо равад. Аммо ин воқеият надорад, чунки Умедҷон ҳамчун корманди ФСБ тибқи дастури раёсати ФСБ-и Русия барои назорати ин ҳамоиш омада буд ва аслан суханронӣ накардааст. Фақат чеҳраи вай дар навори видеоӣ омадаасту тамом.”
"Гурӯҳи 24", яке аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, дар тобистон ва авоили тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро барпо карда, хостори як чунин гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе ҳам шуда буд. Ҳамоиши "Гурӯҳи 24" дар Новосибирск тобистони гузашта доир шудааст.
Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки дар моҳи октябр кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба назди волидони Умедҷон ба ҷамоати Ромит омада, ба онҳо расонидаанд, ки фарзандашонро насиҳат кунанд, то ба гурӯҳҳои ҷиноӣ напайвандад, зеро дар ғайри он муҷозот хоҳад шуд.
Вақте падари Умедҷон бо вай дар тамос шуда, ҳарфҳои кормандони вазорати корҳои дохилиро мерасонанд, вай ба бахши ФСБ дар Новосибирск муроҷиат мекунад, ки дар Тоҷикистон ӯро ба ширкат дар ҳамоиши “Гурӯҳи 24” гумонбар шудаанд. Ёров мегӯяд, “ тавре дар баёноти Умедҷон зикр шудааст, ӯ бо дастури раҳбари ФСБ дар Новосибирск Фахриев барои назорат ба ин ҳамоиш рафтааст ва Фахриев раҳбари бахши мубориза бо ҷиноятҳои солзмонёфта (УБОП)-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаевро дар ҷараён гузоштааст ва гуфтааст, ҳеҷ хатаре барои ӯ вуҷуд надорад.”
Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Умедҷон Салиҳов дар охирҳои моҳи октябр ба Тоҷикистон омада, ибтидо ба назди Девонаев меравад, аммо дар раёсати мубориза бо ҷинояҳои созмонёфтаи (УБОП)-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ӯ сӯҳбат намуда, пас аз чанд рӯзи боздошт, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Узви "Гурӯҳи 24" будани Умедҷон Салиҳовро намояндагони ин созмон низ рад мекунанд. Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони "Гурӯҳи 24", аз созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон, рӯзи 6 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Умедҷон Салиҳов, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи парвандааш бо иттиҳоми узвият дар "Гурӯҳи 24" шурӯъ кардааст, рабте ба созмонҳои онҳо надорад.
Шарофиддин Гадоев дар як паёми садоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо таҳқиқ кардем ва маълум шуд, ки шахсе бо чунин ном дар рӯйхати мо вуҷуд надорад. Чунин ба назар мерасад, ки бо ин роҳҳо дар Тоҷикистон мехоҳанд тарсу ҳангомаеро дар атрофи "Гурӯҳи 24" дар зеҳни мардум ҷо кунанд."
Додгоҳи олии Тоҷикистонсубҳи қаблан хабар дод, ки ба муҳокимаи парвандаи Умедҷон Салиҳов, сокини деҳаи Хушони ҷамоати Ромити ноҳияи Ваҳдат шурӯъ кардааст. Мақомоти додгоҳ мегӯянд, Салиҳов ҳамчун узви “Гурӯҳи 24” ба чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “таҳқири оммавии президент”, “ғасби ҳокимияти давлатӣ”, “даъват ба экстремизм”, айбдор дониста мешавад.
Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 6 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи сокини ҷамоати Ромити ноҳияи Ваҳдат Умедҷон Салиҳов Мирзодавлатович ба истеҳсоли судии Додгоҳи олӣ аз тарафи вазорати корҳои дохилӣ дар таърихи 5 январ ворид шудааст ва дар рӯзҳои наздик баррасӣ мешавад. Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, Умедҷон Салиҳов тибқи моддаи 307 қисми 2 “ғасби ҳокимият”, 307 қисми 1 ”даъват ба экстремизм”, моддаи 307 қисми 3 “ҷавобгарии ҷиноӣ барои созмони гуруҳи ҷиной” дар ҳамкорӣ бо созмони “Гурӯҳи 24”, айбдор дониста мешавад. Ба гуфтаи вакили Салиҳов, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин зерҳимояи ӯро тибқи моддаи 137, қисми 2 -- “таҳқири омавии президент” низ гунаҳкор медонад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ кард. Ин созмонро Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду соҳибкори фирорӣ, дар соли 2012 ташкил додаанд. Онҳо қабл аз тарки Тоҷикистон шарикони тиҷории Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон буданд ва ҳоло ӯро ба ғасби тиҷоратҳои худ айбдор мекунанд. мақомоти Тоҷикистон ба навбати худ Қувватов ва Гадоевро ба сирқати миллионҳо сомонӣ пули ширкатҳои маҳаллӣ айбдор карда, таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд.
Исми Қувватов дар тирамоҳи соли 2014, дар пайи даъватҳо ба як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе дар таърихи 10 октябр бори дигар вирди забонҳо шуд. Ин даъват мақомотро водор кард, ки чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани ҳатто мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Ҳоло Қувватов ва 3 тан аз ёрони ӯ дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шудаанд.