Шавкат Мирзиёев кист? ВИДЕО

Шавкат Мирзиёев тақрибан як ҳафта боз иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон аст. Ба эҳтимоли зиёд, ӯ раҳбари ояндаи ин ҷумҳурӣ ҳам хоҳад шуд. Аммо дар бораи шахсе, ки 13 сол дар мақоми нахуствазири Узбакистон буд ва ҳоло қудратро ба даст гирифтанист, иттилои зиёд дар даст нест.

Дар шароити номуайяниҳо дар бораи вазъи сиҳатии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, Мирзиёев шахсе шуд, ки рӯзи 31-уми август маросими гулгузорӣ дар муҷассамаи истиқлолияти ин кишварро раҳбарӣ кард. Дар гузашта ин масъулият ба дӯши танҳо Каримов буд.

Аксар коршиносон аз ин ҳодиса чунин хулоса баровардаанд, ки дар интихоботи 4-уми декабри соли ҷорӣ маҳз Шавкат Мирзиёев раҳбари ояндаи Узбакистон хоҳад шуд.

Мирзиёев 58 сол дошта аз соли 2003 дар мақоми нахуствазирӣ кор кардааст. Дар солҳои истиқлолияти Узбакистон ҳеҷ каси дигар мисли ӯ чунин мӯҳлати зиёд дар як мақоми баланди давлатӣ кор накардааст. То ин мақом, Шавкат Мирзиёев ҳокими вилоятҳои Самарқанд (2001-2003) ва Ҷиззах (1996-2001) будааст.

Шавкат Мирзиёев кист? Видео ба забони русӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шавкат Мирзиёев кист?

Мирзиёев тамоми умр дар сояи Ислом Каримов буд, ҳарчанд нафароне ҳастанд, ки мегӯянд, ӯ як марди бадқаҳру золим ва якрав будааст. Аз ҷумла, Шароф Убайдуллоев, ки солҳои 1990-ум дар мақоми сухангӯи Ислом Каримов кор кардааст ва ҳоло дар хориҷи Узбакистон ба сар мебарад, Мирзиёевро як шахси "ғайри қобили пешбинӣ" ва нафаре муаррифӣ кард, ки "ҳамеша худро ҳақ мепиндорад".

Дар солҳои кораш дар Ҷиззах ӯ як деҳқонро барои шикояташ аз вазъи бади вилоят латту кӯб кардааст. Шароф Убайдуллоев гуфт, ки "чунин ҳолатҳо зиёд буданд. Онҳое, ки нақшаи пахтачиниро иҷро намекарданд, таҳдид мешуданд, ки агар Мирзиёев фаҳмад, муҷозот мешаванд."

Убайдуллоев гуфт, ки Мирзиёев ба эҳтимоли ғолиб раҳбарии олигархҳоро ба ӯҳда мегирад ва бо ин роҳ ба таври ғайримустақим ҷилави ҳукуматро ба дасти онҳо месупорад, ки бадтарин сенария барои ояндаи Узбакистон хоҳад шуд. Элитаҳои Узбакистон Мирзиёевро як шахси бераҳм, вале айни замон начандон доно арзёбӣ мекунанд. Вале ин хусусият ба президентии ӯ монеъ намешавад. "Агар чунин шуд, ҳукумати Узбакистон боз бештар истибдодӣ мешавад", - гуфтаанд таҳлилгарон.

Дар Узбакистон дар давоми 5 соли охир чандин бор Конститутсияро нав кардаанд. Салоҳиятҳои нахуствазир ҳам дар коғаз хеле васеъ шудааст. Ин чиз шонси раҳбарии ӯро бештар мекунад.

Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах таваллуд шудааст. Ин ноҳия бо Самарқанд – зодгоҳи Ислом Каримов ҳамсоя аст. Ӯ дар донишгоҳ илми кишоварзиро омӯхта, раҳбари комсомоли маҳаллӣ буд. Дар паси Мирзиёев кланҳои пурқудрати Ҷиззах ва эҳтимол Самарқанд қарор доранд. Ин кланҳо дар интихоби раҳбари оянда нақши муҳим мебозанд.