Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури муваққатии Узбакистон, гуфт, ки кишвараш наздикии бештар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро, аз бахши муҳими сиёсати хориҷии худ медонад. Ӯ рӯзи 8-уми сентябр дар ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи порлумони Узбакистон гуфт, "мо нисбат ба ҳамсояҳои наздики худ - Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сиёсати дӯстонаву хайрхоҳонаро амалӣ хоҳем кард."
Мирзиёев афзуд, рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобилан судманду созанда бо Вашингтон яке дигар аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тошканд аст. Раҳбари муваққатии Узбакистон гуфт, таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чин, Ҷопон, Куриё ва кишварҳои дигар дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ ва туризм аҳамияти хос дорад.
"Қарори қатъии Узбакистон ҳамоно ин аст, ки узви ягон блоки сиёсию низомӣ намешавад, дар қаламраваш пойгоҳи ҳарбии ягон кишварро ҷой намедиҳад ва ҳарбиёнашро ба хориҷ аз мамлакат намефиристад", - таъкид кард иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Узбакистон.