Шӯҳрат Қудратов бори дигар худро бегуноҳ хонд (ВИДЕО)

Даромадгоҳи Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми мурофиаи Шӯҳрат Қудратов.

Вакили боздоштшуда Шӯҳрат Қудратов ҳамаи иттиҳомотро, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар нахустин муҳокима дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ба миён гузошт, рад намуд.

Вакили ҳуқуқӣ Шӯҳрат Қудратов, рӯзи 17-уми декабр, дар аввалин ҷаласаи додгоҳ гуфт, ҳеч яке аз иттиҳомотро, ки айбдоркунандаи давлатӣ зидди ӯ матраҳ мекунад, қабул надорад. Ин дар ҳолест, ки айбдоркунанда бар пояи аризаи “шахси ҷабрдида” Тӯрабек Охунов – бародари Ҷӯрабек Охунов -- раиси боздоштшудаи ширкати “Мовароуннаҳр” гуфт, Қудратов зимни созишномае бо Ҷӯрабек Охунов аз ӯ дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ моҳона мегирифт, аммо тирамоҳи соли 2012 аз Охуновҳо 10000 доллар тараб карда, аз онҳо 8000 гирифтааст. Аммо дертар 1000 долларро баргардонида, 7000-и боқимондаро ба манфиати худ истифода кардааст.

Ин додугирифт баъд аз он иттифоқ афтодааст, ки зидди раиси ширкати “Мовароуннаҳр” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, қарор буд, Шӯҳрат Қудратов аз ҳуқуқҳои ӯ дифоъ кунад.

Дар ҳоле ки айбдоркунандаи давлатӣ дар ин маврид Қудратовро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ айбдор кард, бино бар ҳозир нашудани Тӯрабек Охунов дар толори муҳокима, баррасии ин иттиҳом ба вақти дигар вогузор шуд.

Иттиҳоми дигар, ки порадиҳӣ буд, ки аз рӯйи банди 320-и қонуни ҷазо баррасӣ мешавад. Дар робита ба ин иттиҳом дар нимаи дувуми рӯзи 17-уми декабр баёноти панҷ шоҳид шунида шуд. Чаҳор нафари онҳо бо ҳимоят аз Шӯҳрат Қудратов сӯҳбат карданд. Дар ҷаласаи ояндаи додгоҳ баёноти боз се шоҳиди дигар шунида хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи Шӯҳрат Қудратов-собиқ вакили мудофиаи Зайд Саидов оғоз ёфт

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора ва қасди расондани он ба додрас дастгир шуд. Вакили дифои шинохта дар гузашта дар парвандаҳои пурсарусадои Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ ҳимоят кардааст. Ӯ ҳамчунин узви раёсати Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон аст ва пайваста амалкардҳои ҳукуматро танқид мекард. Аз ин рӯ тарафдоронаш мегӯянд, ки боздошти Шӯҳрат Қудратов ангезаҳои сиёсӣ дорад ва мақомоти Тоҷикистон аз ҳамин роҳ мехоҳанд, ба истилоҳ ба даҳони ӯ мӯҳри хомӯшӣ бизананд.

Шӯҳрат Қудратов бар асоси моддаҳои 320 ва 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани ришва дар ҳаҷми махсусан калон ва қаллобӣ муттаҳам мешавад ва дар сурати собит шудани ин айбнома ба ӯ 10 соли ҳабс таҳдид мекунад.