Як манбаъ аз Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 11 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шӯҳрат Қудратов барои вайрон кардани тартиботи боздоштгоҳи муваққатӣ ва ё СИЗО ҳафтаи гузашта ба ҳуҷраи танбеҳӣ ё карсер интиқол дода шуд. Ин манбаъ гуфт, вақте парвандаи нафари муттаҳам ба ҷиноят дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, дар СИЗО нигаҳдорӣ мешавад ва дар сурати риоят накардани қоидаҳо ва вайрон намудани тартиботи боздоштгоҳ, метавонанд, ӯро аз се то 15 рӯз дар ҳуҷраи танбеҳӣ нигаҳ доранд.
Парвина Ализода, сухангӯи Раёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлия рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Шӯҳрат Қудратов дар боздоштгоҳи мувақатӣ бо ду корманди собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба ҷиноят муттаҳам мешаванд, ҷанҷол карда ва барои 5 рӯз дар ҳуҷраи танбеҳӣ нигаҳ дошта шудааст.
Парвина Ализода мегӯяд, сабаби сар задани хархашаи онҳо рӯшан нест, вале онҳо танҳо баҳси лафзӣ намуда якдигарро ҳақорату дашномҳои қабеҳ дода вазъи СИЗО-ро ноором кардаанд. Хонум Ализода афзуд, пас аз 5 рӯз рӯзи 9-уми август Шӯҳрат Қудратов ҳамроҳи як корманди собиқи интизомӣ аз ҳуҷраи танбеҳӣ раҳо карда шуданд ва ҳоло Қудратов дар ҳуҷраи маъмулӣ аст.
Вай афзуд, бархе расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки Шӯҳрат Қудратов аз СИЗО ба ШИЗО, яъне ҳуҷраи торик ва яккасии шароиташ сахт интиқол дода шудааст, ки ин дуруст нест, зеро танҳо онҳое ба ШИЗО фиристода мешаванд, ки ҳукм гирифтаанд.
Айни замон Раҳматулло Зоиров, вакили дифои Шӯҳрат Қудратов гуфт, 7 пешниҳоди онҳо ба гурӯҳи тафтишотии парвандаи Шӯҳрат Қудратов бинобар "баҳонаҷӯиҳои" муфаттишони Оҷонсии зидди фасод, ба таъхир афтодааст. Раҳматулло Зоиров афзуд, онҳо хостаанд, ки таблограммаҳои гуфтугӯҳои телефонӣ ва наворҳои видеоӣ ва ҳамчунин чанд протоколҳои марбут ба фаъолиятҳои Шӯҳрат Қудратов, ба онҳо дода шавад.
Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора ва қасди расондани он ба додрас дастгир шуд. Вакили дифои шинохта дар гузашта дар парвандаҳои пурсарусадои Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ ҳимоят кардааст. Ӯ ҳамчунин узви раёсати Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон аст ва пайваста амалкардҳои ҳукуматро танқид мекард. Аз ин рӯ тарафдоронаш мегӯянд, ки боздошти Шӯҳрат Қудратов ангезаҳои сиёсӣ дорад ва мақомоти Тоҷикистон аз ҳамин роҳ мехоҳанд, ба истилоҳ ба даҳони ӯ мӯҳри хомӯшӣ бизананд.
Шӯҳрат Қудратов бар асоси моддаҳои 36, 32 ва 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани ришва дар ҳаҷми махсусан калон, муттаҳам мешавад ва дар сурати собит шудани гуноҳ мумкин аст, ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум кунанд.