Корзори имсолаи интихоботи президентии Тоҷикистон, бахусус баъди аз сабқат берун шудану майдонро амалан барои Эмомалӣ Раҳмон берақиб гузоштани Ойниҳол Бобоназарова заъфҳои ҳарду ҷониб – ҳам давлат ва ҳам мухолифинро ба гунаи барҷастае ба намоиш гузошт.
Бозандаи № 1
Бисёриҳо ҳизби наҳзати исломӣ ва раисаш Муҳиддини Кабириро як бозандаи асосии интихоботи имсола ном мебаранд. Дар маҳофил мегӯянд, ҳизбе ки ҳамагӣ се сол пеш дар интихоботи парлумонӣ иддаои ба даст овардани то 35 дарсади ороро дошт, имсол натавонист ҳатто бо кумаки тамоми эътилофи мухолифин имзои 5 дарсади лозим барои сабти номзади ягонаашон Бобоназароваро ҷамъ биорад.
Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон 6 номзад сабти ном шудаанд, вале аксарият мегӯянд, ки ҳеҷ кадоми онҳо тавони рақобат бо Раҳмонро надоранд, балки ҳамагӣ дар асл намояндаи як ҷиноҳанд, ки танҳо ба хотири алтернативӣ ва ҳадди ақал дар рӯи қоғаз пуррақобат ҷилва додани ин маърака ба интихобот мераванд.
Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии “Индем” мегӯяд, таъйинкунандаи асосии қоидаҳои бозӣ дар интихоботи имсола худи ҳукумат буд ва бақия, аз ҷумла Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ – ташаккули умдаи мухолифин - танҳо як издиҳоми гӯшбафармон: “Мардум диданд, ки ҳукумати феълӣ ҳеҷ гуна интихобот баргузор карданӣ нест ва танҳо мехоҳад маъракаеро монанд ба интихобот таҳти назорати пурра ва шарту шароити худаш баргузор кунад. Пардаҳо ҳама бардошта шуданд. Муҳиддини Кабирӣ ва ҳизби наҳзати исломӣ нишон доданд, ки омодаанд дар ҳавои хостаҳои ҳукумати феълӣ кор кунанд.”
Бисёриҳо дар амри тазъифи ҳизби наҳзат – нирӯмандтарин ҳизби мухолифи давлат- омили фишору таъқиби мудавоми аъзо ва ҳаводорони наҳзат бавижа дар пайи протоколи пурсарусадои 3220-ро муассир медонанд.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ низ дар сӯҳбат бо Озодӣ инро эътироф кард: “Баъд аз муваффақияти мо дар интихоботи соли 2010 ҳукумат ва Шӯрои амният протоколи 3220-ро қабул карданд ва бар асоси он, ҳам дар сатҳи марказ ва ҳам дар маҳалҳо фишору таъқиб алайҳи ҷонибдорони мо шиддат гирифт. То андозае ин ҳама таъсир дошт, вале на ба ҳадде, ки сохторҳои ҳизби моро фалаҷ карда бошад. Баръакс иродаи аъзои ҳизб мустаҳкамтар шуд ва мо, агарчӣ аз ширкат дар интихоботи имсола худдорӣ кардем, барои интихоботи парлумонии соли 2015 ҳамаҷониба омодагӣ хоҳем дид.”
Аммо мунтақидон мегӯянд, ки аз тарафи дигар, ҳизби наҳзат имрӯз товони ҳамон “муваффақият”-и дар интихоботи парлумонии соли 2010 гумкардаашро пардохт мекунад. Се сол пеш ин ҳизб даъво дошт, ки 35 дарсад раъйи электорати эътирозиро ба даст овардааст. Вале дар ниҳоят мақомот ба ин ташаккул танҳо 8 фоиз ва ду курсии парлумонро “лоиқ” диданд ва ҳизби наҳзат, ҳарчанд ин ҳамаро нисбат ба худаш “зулм” номид, вале боз бо ҳамон тавҷеҳҳои забонзадааш, яъне “ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва оромии кишвар”, ба даҳон об гирифт ва зиёд ба ҳаққи худ пойфишорӣ накард.
Як ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, "наҳзат амалан ба амине мемонад, ки вақте шумо ба суроғи пули амонататон омадед, бигӯяд, ки маъзарат, пулатонро аз дасти ман кашида гирифтанд. Шумо шояд ин пулро аз ӯ талаб накунед, вале дигар ҳеҷ гоҳ чизеро пеши чунин амин амонат нахоҳед гузошт. Ҳизби наҳзат низ имрӯз баҳои компромиссҳои соли 2010-умашро пардохт мекунад.”
Мехи охирин
Дар маҳофил мегӯянд, ҳизби наҳзат бо нокомиаш дар ҷамъ овардани 210 000 имзо худро дар шароити боз ҳам осебпазиртаре қарор медиҳад ва ин шароит метавонад мақомоти давлатиро ба иқдомҳои далертаре ва ҳатто ба “кӯфтани мехи охирин дар тобут”-и ин ташаккули сиёсӣ таҳрик диҳад.
Дар ин робита ду фарзия ҳам тахмин зада мешавад, ки яке чун дар намунаҳои қаблӣ бо аҳзоби сотсиалисту демократ, ҳифзи ҳизби наҳзат дар майдон ба ҳайси “танҳо ҳизби исломии сабтиномшуда дар Осиёи Марказӣ”-ст, вале бо овардани як раиси кисагӣ ва боз ҳам гапдаротаре ба ҷои Муҳиддини Кабирӣ. Фарзияи дигар манъи батамоми фаъолияти ин ҳизб ба далоиле, чун даст доштани аъзояш дар амалҳои ифротӣ ё иттиҳомоте мисли ин аст, ки ба гуфтаи манобеъи Озодӣ, низ дар бархе доираҳои тасмимгир дар Душанбе матраҳ будааст. Дар ҳарду сурат, ба гуфтаи коршиносон, ҳизби наҳзат дигар тавони чандоне барои муқовимат надорад ва зоҳиран ин “шаппотӣ”-и ҳукумат ба рӯяшро низ таҳаммул хоҳад кард.
Аммо Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии “Индем” мегӯяд, дар асл худи нуфуз ва қудрати ҳизби наҳзати исломӣ аз асотир ё мифҳои сохта дар майдони сиёсии Тоҷикистон буд, ки дар интихоботи имсола, ба истилоҳ мисаш баромад. Дар асл, ин ҳизб, ба бовари ӯ, ҳамеша як ҳизби идорашаванда ва гузашткор барои ҳукумат ҳисоб мешуд ва имсол низ омода буд, ки бо номзадаш ба пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон машрӯъияти бештаре бубахшад, вале ҳукумат имсол ин “тӯҳфа”-и наҳзатиҳо дар шахси Ойниҳол Бобоназароваро ҳатто қабул накард. Оқои Дӯстов эҳтимоли комилан аз саҳна “рӯфтан”-и ҳизби наҳзат ё табдили раҳбараш ба як одами “худӣ”-тарро амре дар ҳоли ҳозир нозарур меҳисобад, чунки: “Ин ҳизб ҳизби идорашаванда ва ба истилоҳ ҳамон оппозитсияи системавист, ки ҳама вақт дар ҳавои хостаҳои ҳукумат фаъолият хоҳад кард ва аз хатте ки барояш мекашанд, берун пой нахоҳад гузошт.”
Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократ, ки ҳизбаш интихоботи 6 ноябрро таҳрим кард, низ дар як сӯҳбати ахираш бо Бӣ-бӣ-сӣ гуфтааст, ҳампаймонҳои онҳо аз ҳизби наҳзати исломӣ ҳатто ба ин кор, яъне таҳрими интихобот ҷуръат нахоҳанд кард. Ҳизби наҳзат рӯзи 21 октябр баъди комилан радд шудани номзадаш ҳам мӯҳтотона ва бидуни ба забон овардани вожаи "таҳрим" изҳор дошт, ки дар интихоботи президентӣ "ширкат намекунад."
Бозандаи № 2
Бозандаи дигар дар ин “бозӣ”-ҳои интихоботӣ, ба назари маҳофил, худи ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки то имрӯз ягон интихоботаш аз ҷониби нозирони байналмилалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи демократӣ эътироф нашудааст ва барои касби давраи инак, чоруми раёсат ва он ҳам баъди 21 соли раҳбарӣ ба кишвар ба интихобот рафтани раисиҷумҳури кунуниаш Эмомалӣ Раҳмон воқеъияте баҳсбарангез боқӣ мемонад.
Ба онки барандаи интихоботи рӯзи 6 ноябр Эмомалӣ Раҳмон эълон хоҳад шуд, касе дигар шакк надорад. Ҳатто агар Бобоназарова сабти ном ҳам мешуд, гумон буд, ки битавонад натиҷаи ин маъракаро зиёд дигар кунад. Аммо ба назари аксар, Душанбе ин дафъа беш аз ҳар интихоботи дигар ба пӯшондани ҷомаи ғафстари машрӯъият ба пирӯзии номзадаш ниёз дошт ва зоҳиран тамоми корро ҳам барои ин кард.
Барои мисол, вақте ситоди Бобоназарова натавонист 210 000 имзоро сари вақт ҷамъ бикунад, Куммиссиюни интихобот гӯё бо дархости ду ҳизби дигари рӯ ба ҳукумат, ки дар асл касе парвои чанд имзо ҷамъ оварданашон надорад, замони имзоҷамъкуниро 3 рӯз ва баъде ки ин ҳам нашуд, боз барои як рӯзи дигар тамдид кард. Мақомот зоҳиран ҳатто омода буданд, ки имзоҳои аз меъёр камтари Бобоназароваро ҳам чашм пӯшида, қабул кунанд. Албатта, дар ивази гузаштҳое, чун эътироз накардани мухолифин ба ҷараёни баъдӣ ва натоиҷи интихобот. Вале дар чунин сурат бозӣ дигар комилан таҳти назорат ва бо қоидаҳои ҷониби ҳукумат мегузашт. Шароите ки эътилофи нирӯҳои ислоҳотхоҳ, яъне ҳамон мухолифини давлат, напазируфт ва қабл аз марра аз сабқат хориҷ кардани номзадашро аз ин бори “шармандагӣ”-и зиёдтар авло донист.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, дар асл бозанда дар ин ҳама бозиҳо ҳукумат ва ҳизби ҳокими халқии демократист, ки на машрӯъияти интихоботашро тавонист таъмин кунад ва на машрӯъияти пирӯзии, ба таъбири ӯ, “сунъӣ”-и Эмомалӣ Раҳмонро: “Ӯ бояд алтернатива медошт. Номзадҳое ки монданд, ҳама монанди оқои Раҳмонанд ва дар мулоқотҳо низ ҳама аз оқои Раҳмон тавсиф мекунанд. Ягона номзаде ки метавонист алтернатива ба Раҳмон шавад ва як рангу бӯе ба ин интихобот бидиҳад, Бобоназарова буд, ки ба таври сунъӣ, бо роҳи фишор тавонистанд моро берун кунанд. Аз ин рӯ, ин интихобот ҳам мисли интихоботҳои қаблӣ ғайриодилона, ғайридемократӣ ва ғайришаффоф доир хоҳад шуд.”
Барандаҳо
Аммо пас баранда дар интихоботи Тоҷикистон кист? Элитаҳое, ки баъди таъйиди давраи нави раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар баҳои “хидмат”-ҳои гоҳо хирсонаи худ ба курсиҳои баландтаре дар давлати ӯ умед бастаанд, як ҷониби пирӯз ном бурда мешаванд.
Саймуддин Дӯстов як барандаи дигар Русияро медонад, ки тавонист бо сохтани як фазои ташвишолуд дар атрофи исми номзадҳои мавриди назари Кремлин номзади аслии мавриди назараш, яъне Эмомалӣ Раҳмонро тақрибан дар тамоми масоил, аз ҷумла дар мавриди пойгоҳи 201-ум ба пазируфтани тамоми шартҳояш розӣ кунонанд.
Барандаи дигари ин корзор, ба бовари ӯ, Фейсбук буд, ки як фазои комилан дигари пурбаҳсу пуррақобати пешазинтихоботии Тоҷикистонро ба намоиш гузошт. Корзоре, ки аз ончӣ дар дохили Тоҷикистон ва ҷомиаи аксаран нисбат ба тамоми таҳаввулоти сиёсии ин кишвар, аз ҷумла ба интихоботи моҳи ноябр бефарқаш комилан фарқ мекард. Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, як сабаби бохти мухолифин низ шояд ҳамин буд, ки гӯли муборизаҳои пуршӯри сиёсӣ дар ин дунёи маҷозиро хӯрданд ва нафаҳмиданд, ки аксари ин “шерон”-е ки дар Интернет ин қадар баланд наъра мезананд, дар асл “хонашер”-анду “майдонғариб”.
Садои пои "Ансоруллоҳ"
Аммо дар ҳоле ки мақомоти тоҷик дар тамоми сутуҳ ба заиф кардани мухолифини расмиаш дар симои аҳзоби наҳзати исломӣ ва сотсиал-демократ камар бастаанд, рақиби оштинопазиртаре аз он сӯи Омӯ ҳарчӣ бештар садо баланд мекунад. Ин ҷангиёни исломиянд, ки ба ақидаи нозирони умур, хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистонро пайте барои бозгашти худ ба майдон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мебинанд.
“Ансоруллоҳ” – як гурӯҳи ҳамагӣ чанд сол пеш гумном - имрӯз ҳатто сомонаи худро дар Интернет гардон кардаву тақрибан ҳар рӯз аз набардҳояш дар ҷабҳаҳои ҳарчӣ наздиктар ба марзҳои Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин гурӯҳ, ба гуфтаи таҳлилгарон, ба фарқ аз ҳизби наҳзати исломӣ, ки имрӯз паяшро аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон “рӯфтанианд”, ягон компромиссро дар муқобили Душанбеи имрӯза қабул надорад. Нозирони умур мегӯянд, мабодо бо ин ҳама “душманкӯбӣ”-ҳо имрӯз аз борон гурехта, фардо зери сел бимонем?
Бисёриҳо ҳизби наҳзати исломӣ ва раисаш Муҳиддини Кабириро як бозандаи асосии интихоботи имсола ном мебаранд. Дар маҳофил мегӯянд, ҳизбе ки ҳамагӣ се сол пеш дар интихоботи парлумонӣ иддаои ба даст овардани то 35 дарсади ороро дошт, имсол натавонист ҳатто бо кумаки тамоми эътилофи мухолифин имзои 5 дарсади лозим барои сабти номзади ягонаашон Бобоназароваро ҷамъ биорад.
Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон 6 номзад сабти ном шудаанд, вале аксарият мегӯянд, ки ҳеҷ кадоми онҳо тавони рақобат бо Раҳмонро надоранд, балки ҳамагӣ дар асл намояндаи як ҷиноҳанд, ки танҳо ба хотири алтернативӣ ва ҳадди ақал дар рӯи қоғаз пуррақобат ҷилва додани ин маърака ба интихобот мераванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад