Wealth-X нахост мултимиллионерҳои тоҷикро ошкор кунад

Ширкати байнулмилалии консалтингии Wealth-X мегӯяд, рӯйхати 40 мултимиллионери Тоҷикистонро ошкор нахоҳад кард.
Ҷуди Йео, сухангӯи ширкат дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, феҳристи онҳо дар хазинаи маълумоти ин ширкат ҳаст, аммо ба онҳо танҳо мизоҷону аъзои ширкат дастрасӣ доранд.

Wealth-X чанде қабл дар пайи як таҳқиқот эълом дошт, ки дар Тоҷикистон 40 нафар ҳар кадом беш аз 30 миллион доллар ва дар маҷмӯъ 6 миллиард доллар сармоя доранд. Сарвати онҳо бар пояи маълумоти бонкҳо, шохисҳои макроиқтисодӣ, ҳаҷми расмии гардиши тиҷорату амволи ғайриманқул, аз қабили ҳавопаймо, яхта, осори таърихӣ ва мунтахаби осори санъат ҳисоб карда мешавад. Ҳамзамон ин ширкат мегӯяд, дар қиёс бо меъёрҳои Forbes, онҳо сарвати ғайриқонунии афроди сарватмандро ба ҳисоб намегиранд.

Бино ба таҳқиқоти Wealth-X, теъдоди мултимиллионерҳо дар Қазоқистон 140 нафар ва ҳаҷми умумии сарвати онҳо 40 миллиард доллар ҳисоб шуда, 80 мултимиллионери Узбакистон дар маҷмӯъ 12 миллиард доллар сарват доштаанд. Дар ин таҳқиқот маълумоте дар бораи мултимиллионерҳои Туркманистону Қирғизистон нест. Ҷуди Йео гуфт, дар ин бора аз манобеъи байнулмилалӣ иттилое ба даст наомадааст, аммо дар бораи мултимиллионерони Тоҷикистон иттилои кофӣ ба даст омада, теъдоди онҳо мушаххас шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо ҳамагӣ зери 2,5 миллиард доллар будҷаи солона, аз қашшоқтарин кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Суоле матраҳ мешавад, ки миллионҳои мултимиллионерҳои тоҷик аз кадом ҳисоб ба даст омадаанд?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

Беҳзод Файзуллоев, соҳибмулки силсилаширкатҳои «Вавилон» мегӯяд, намехоҳад, ки ҳаҷми гардиши тиҷорати худро ошкор кунад, аммо ҳар чӣ ки ба даст овардааст, аз тариқи роҳҳои қонунӣ аст: «Тоҷикистон як давлати озод аст ва тамоми шароитҳо барои тиҷорат фароҳам омадааст. Ҳар касе роҳи худро пайдо мекунад, сармояи худро ҳам пайдо мекунад. Аммо ҳар кас ҳақ дорад дороиҳои худро ба касе нишон надиҳад.»

Коршиносон мегӯянд, дар кишваре чун Тоҷикистон омори шаффофи сарвати афрод вуҷуд надорад ва қабл аз ҳама ин ба он хотир аст, ки ҳамагӣ ин сарватро тавассути роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаанд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон асосан «соягӣ» буда, ҳеҷ як аз сарватмандон бо роҳҳои қонунӣ имкони нигаҳ доштани сарвати худро надорад ва ҳам аксари онҳо мансабдорон ҳастанд: «Зеро бо роҳҳои дуздӣ пул меёбанд, пеш аз ҳама дуздии хазинаи давлат. Манбаи дигари миллионҳо қочоқи маводи мухаддир ва ёрии башардӯстона аст. Панҷ сол мардуми пахтакор бепул кор карда буданд ва бархе аз ин ҳисоб миллионҳо пайдо карданд. Аммо ҳеҷ яке аз ҳисоби истеҳсолот миллион кор накардааст. Биржаҳо ҳастанд, ки барои кисаи афроди алоҳида кор мекунанд. Хулоса, аз рӯи принсипи «зану гиру хӯр». Дигар чизе нест.»

Кумитаи андози Тоҷикистон, ки ҳамасола декларатсияи даромадҳои сарватмандони Тоҷикистонро дар мавриди молу амволашон қабул мекунад, ба далели махфӣ будани иттилоъ бо мо дар ин бора сӯҳбат накард. Аммо як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар ҳеҷ як декларатсия арқоме наздик ба миллион доллар вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ин манбаъ, сарватмандон умдатан он амвол ва маблағеро зикр мекунанд, ки шахсан ихтиёрдорӣ мекунанд. Аммо 40 мултимиллионери Тоҷикистон киҳоянд?

Аксари ҳамсӯҳбатони мо ба оилаи раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳам атрофиёни ӯ, аз қабили Муродалӣ Алимардон, Ҳасан Саъдуллоев, Амонулло Ҳукумов, Хол Машрабов ва дигарон ишорат мекунанд, ки ба бовари онҳо, дар раддаи аввали мултимиллионерҳои Тоҷикистон меистанд.

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов, сарвари созмони мухолифи ҳукумат «Гурӯҳи 24» ва собиқ мудири кулли ширкатҳои «Фароз» ва «Тоҷирон», ки ба қавли ӯ, 800 миллион доллар арзиш доранд, мегӯяд, як -ду нафаре дар Тоҷикистон ҳастанд, ки аз ҳудуди 1 миллиард доллар ҳам бештар сармоя доранд. Вай афзуд, теъдоди афроде, ки аз 30 миллион доллар боло сарват доранд, низ ба маротиб бештар аз он рақамест, ки Wealth-X нашр кардааст.

Вай афзуд: «Дар Тоҷикистон ҳастанд афроде, ки то 20 миллион доллар гардиши мол доранд. Аммо пули онҳо ҳамеша дар гардиш аст. Қисман дар Русия ва қисман дар Чин пули онҳо гардиш мехӯрад. Аммо пули асосӣ дар сатҳи боло аст. Инро мову шумо исбот карда наметавонем, зеро роҳҳои нигаҳдории маблағ дар тамоми ҷаҳон чунин аст.»

Бархе коршиносон бар инанд, ки Wealth-X умдатан сармояи афроди барои ҷомиа маъруфу маълум, аз қабили соҳибкорон Зайд Саидов ва Тоҷиддин Пировро ҳисоб кардааст, ки шояд дар ҳадди камтар ва ё болотар аз 30 миллион доллар сармояи гардону ногардон дошта бошанд. Аммо дар ин феҳрист рӯйхати бузурги афроди наздик ба доираҳои соҳибнуфузи Тоҷикистон низ ошкор мешавад, ки бо номи онҳо дар саросари дунё миллионҳо доллар гардиш мехӯрад. Онҳо мегӯянд, миллиардҳо доллари ин чанд “каттазан” аст, ки миёни хешовандон ба миллионҳо тақсим шуда, дар ҷазираҳои Вирҷиния ва ҳамин тавр, дар Русияву Чин ва гӯшаҳои дигари “амн”-и дунё гардиш мехӯранд.