Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Forbes”: тағйирот дар сафи миллиардерҳо


Ба навиштаи маҷаллаи “Forbes”, соли гузашта дар раддабандии сарватмандтарин афроди рӯи олам тағйири бузурге ба вуқӯъ пайваст.

Аз байни 87 миллиардери Русия 55 нафар акнун дар феҳристи сарватмандон ба чашм намехӯранд. Ба ақидаи маҷаллаи “Forbes”, соли 2009-ум аз байни 20 фарди сарватмандтарини олам 10 нафар амрикоӣ мебошанд.
Билл Гейтс, сарватмандтарин шахси сайёра
Муассиси ширкати «Microsoft» Билл Гейтс бо 40 миллиард доллар дар ҷои аввал, ҳамватанаш Ворен Баффет бо 37 миллиард доллар дар ҷои дувум қарор дошта, соҳибкори мексикоӣ Карлос Ҳелу бо дороии мусовӣ ба 35 миллиард доллар дар радифи севум қарор дорад.

Соҳибкори исландӣ Бёлголфур Гудмундсон, ки соли гузашта дар рӯйхати сарватмандтарин афроди рӯи олам мақоми намоён дошт, ҳоло дороии худро комилан аз даст додааст. Бонки Ландсбанкии ӯро миллӣ эълон кардаанду худи ӯ ба сафи қурбониҳои буҳрони саросарии иқтисодӣ шомил гаштааст.

Стив Форбс, ношир ва сардабири маҷаллаи “Forbes”, изҳор намуд, ки дар 23 соли нашри ин маҷалла ягон дафъа чунин коҳиши бузурги шумораи сарватмандон мушоҳида нашудааст ва “Forbes” соли 2008-ум дар рӯйхати афроди сарватмандарини олам 1125 миллиардерро бо дороии 4,4 триллион доллар ҷой дода буд, вале имсол шумораи миллиардерҳо то 793 нафар коҳиш ёфтааст, ки дороии онҳо 2,4 триллион долларро ташкил медиҳад.

Намое аз Ню-Йорк, ки 55 милёрдер дорад
Соли гузашта, менависад “Forbes”, дар Маскав 55 миллиардер иқомат дошту ин шаҳр пойтахти сарватмандони олам ба шумор мерафт, вале имсол шумораи миллиардерҳои Маскав ҳамагӣ 27 нафар буда, баъди Ню-Йорк (55 миллиардер) ва Лондон (28 миллиардер) дар ҷои севум аст. Дар ҳамин ҳол, аз 6 миллиардери собити Лаҳистон имсол танҳо 1 нафар миллиардер ба шумор меравад.

“Forbes” зикр мекунад, дар ибтидо афроде хасорот бардоштанд, ки сарвати худро дар соҳаи молия касб намудаанд, вале баъдан тахминан сармоядорони тамоми соҳаҳои иқтисод зиён бардоштанд: «Хонасозӣ зарба хӯрд. Соҳаи истихроҷи маъданҳо ҳам бо зарба мувоҷеҳ шуд. Бубинед, шумораи миллиардерҳо дар Русия соли гузашта 87 нафарро ташкил медод. Имсол дар ин кишвар ҳамагӣ 32 миллиардер боқӣ мондааст.Ба вижа кишварҳои дар ҳоли рушд низ зиён дидаанд. Дар Туркия шумораи миллиардерҳо аз 35 то 13 нафар коҳиш ёфт. Ҳиндустон соли гузашта 35 миллиардер дошт, ҳоло – 24, дар Чин аз 42 миллиардери соли гузашта ҳоло 28 нафар боқӣ мондааст. Чин аз Ҳиндустон гузашт, зеро мисли Бил Гейтс дар муқоиса бо дигарон бо хасророт камтар мувоҷеҳ шуд».

Марк Сукерберги амрикоӣ
Соли 2008-ум шумораи миллиардерҳои аз 40-сола поин 50 нафарро ташкил медод. Ҳоло дар ин феҳрист ҳамагӣ 18 кас боқӣ мондааст. Марк Сукерберги 24-сола муассиси шабакаи интернетии "Фейс бук" соли гузашта ҷавонтарин миллиардери рӯи олам эълон шуда буд. Имсол номи ӯ дар ин рӯйхат ба назар намерасад.

Луиза Крол муҳаррири баландпояи “Forbes” мегӯяд, дар як соли гузашта синни миёнаи миллиардерҳо аз 61 ба 64 сол боло рафтааст. “Forbes” Михаил Прохорови 43 соларо, ки тахминан 9,5 миллиард доллар дорад, ҳамчун сарватмандтарини шахси Русия дар соли 2009-ум номбар кардааст.

Навоварии дигар, ки бори аввал дар таърихи ин маҷалла ба вуқӯъ пайвастааст, вуруди номи Хоакин "Эл-ЧАПО" Гусман ба рӯйхати миллиардерҳо мебошад. Гусман, ки аз қочоқчиёни маъруфи маводи мухаддир дар Амрикои лотинӣ ба шумор меравад, дар ҷои 701 бо дороии мусовӣ бо тақрибан 1 миллиард доллар ҷой гирифтааст.

Бахтибек Бойсаидов
Хонум Крол хотирнишон кард, ки соли гузашта дар Қазоқистон 5 нафар ва дар Украина 2 нафари дигар аз рӯйхтаи сарватмандтарини афроди олам хориҷ шуданд. Вале дар ин байн дар Қазоқистон 2 миллиардери нав – Алиҷон Иброҳимов ва Бахитбек Бойсаидов – пайдо шуд.

Дар охир “Forbes” менависад, бисёре аз сарватмандон ҳоло бовар надоранд, ки буҳрони саросарӣ ба поинтарин нуқтааш расидаву замони сармоягузори фоидаовар фароҳам омадааст.
XS
SM
MD
LG