Ва ин рӯз бори дигар таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба масоили камбуди ғизову хадамоти оддӣ барои таъмини маишат ва рушди инсон - мисли таҳсилу беҳдошт, ҳақи ширкати баробар дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва зистан дар фазои софу беғубор аз ғализиҳои ширкатҳои саноатӣ ҷалб намуд.
СММ мегӯяд, ки имрӯз як миллиард сокини саёра бо камтар аз 1 доллар дар рӯз зиндагӣ мекунад. Ин афрод, ки шумори зиёдашон сокини 13 давлати нодортарини саёра буда, ғолибан дар Осиёву Африқо ҷойгиранд ва яке дигарашон Тоҷикистон мебошад, бо масоили мисли гуруснагиву бенавоӣ, мушкилоти дастрасӣ ба хадамоти оддии тиббӣ, имконияти маҳдуди таҳсил дар мактаби миёна, кори кишоварзӣ ва ғайра рӯбарӯ мебошанд. Як шабакаи ҷаҳонии бо исми "Даъват ба амал зидди нодорӣ", ки бо 100 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад, имрӯз бори дигар таваҷҷӯҳи давлатҳои тавсеаёфтаву дар ҳоли рушдро ба мушкилоти кишварҳои бенавову дастнигар ҷалб кардааст.
Аз назари шумо фақру нодорӣ чист? Як духтар ва як марди тоҷик ба ин савол чунин посух доданд: "Як писари ҳамсояи мо, 12-сола, афтода пояшро шикаст. Агар онҳо 200 доллар медоштанд, барои ҷарроҳии пои вай сарф мекарданд, пояшро рост мекарданд. Аммо ҳоло вай дар як кунҷи хона бо поҳои шикастааш хоб асту мисли дигар бачаҳо давидаву парида наметавонад".
"Камбағалӣ пеш аз ҳама дард аст. Ёдам ҳаст, боми хонаи мо, ки дар табақаи чорум аст, мечакид. Ман пуле надоштам, ки онро таъмир кунам. Ба нафарони сарватманд муроҷиат кардам, аммо надоданд, ҳатто қарз надоданд… Онҳо намедонистанд, ки чӣ хел ман бо чаҳор фарзандам зери шифти хароб бо чак-чаки борон зиндагӣ мекардам. Камбағалӣ пеш аз ҳама дард аст…"
Имрӯз наздики се миллион нафар дар саросари ҷаҳон бо даромади камтар аз 2 доллар дар рӯз зиндагӣ мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ин мардум бояд барои дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ҳар рӯз бояд масофаи на камтар аз як километр роҳро тай кунанд, онҳо гирифтори бемориҳои шадиде мешаванд, ки шояд дар ҷаҳони дороҳову сарватмандон даҳсолаҳо пеш решакан шудааст. Нодориву фақр маънои онро дорад, ки ҳар сол 11 миллион тифли то панҷсола бар асари камбуди ғизову набуди хадамоти шоистаи тиббӣ чашм аз дунё мепӯшанд.
Набуди шароит барои таҳсил дар мактабҳои миёна, марги ҳаррӯзаи 6000 нафар бар асари олудагӣ ба вируси заъфи масунияти бадан СПИД, вақте ҳар рӯз беш аз 800 миллион одам, аз онҳо 300 миллион кӯдак бо шиками гурусна хоб мекунанду шумори занони кишоварз ва бесавод бамаротиб зиёд мебошад, ин аст фақру бенавоӣ, мегӯяд барномаи Рушди Ҳазораи СММ. Ин барномае, ки ҳадафаш рафъ ва ё коҳиши қобили мулоҳизаи мизони бенавоӣ дар саросари ҷаҳон аст, то соли 2015 ҳадаф дорад ин масоилро дар 13 давлати нодортарини ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳал кунад.
Вале расидан ба ин ҳадафҳо кори осон нест ва вазъи имрӯзаи мардумони ҷаҳон ҳам аз нокофӣ будани талошҳои давлатҳои тавсеаёфтаву дар ҳоли рушд дар ин самт маншаъ мегирад. Ба ин назар аст Кира О'Салливан аз шабакаи ҷаҳонии "Даъват ба амал зидди нодорӣ" (Global call to action against poverty). Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Мадриди Испания вай гуфт:
"По шавед!" - ин аст исми маъракаи сартосарии имрӯзаи мо. Ва ин даъват ба ҳамагон аст, то бихезанд ва зидди нодориву нобаробарӣ садо баланд кунанд. Паёми вижаи мо ба раҳбарони ҳар як кишвар равона шудааст, ки тааҳҳудоташро дар баробари ҳадафҳои рушди Ҳазора ба иҷро расонанд. Соли 2000-ум таблиғоту ваъдаҳои зиёд садо дод, аммо инак соли 2008 ба поён мерасад вале аксари давлатҳо ҳатто ишорае ҳам накардаанд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо кореро анҷом додаанд".
Вай афзуд, ки натиҷаи беамалиҳо ин аст, ки имрӯз мизони маргу мири кӯдакон дар кишварҳои нодор ҳамоно боло буда, нобаробарии иҷтимоӣ ва харобиҳои зиёд ба чашм мерасад. Масъалаи аслии кунд будани суръати муқобила бо нодорӣ дар ин аст, ки дар чашми аксар давлатҳои ҷаҳон масоили иқтисодӣ ва бӯҳронҳои молӣ болотар назар ба мушкилоти марбут ба нодорӣ мебошад. Кира О'Салливан гуфт, ки ҳарчанд дар оғоз роҷеъ ба кӯмакҳои мушаххаси молии давлатҳо барои муқобила бо фақр чизе гуфта нашуда буд, вале ҳамаи ҷонибҳо розӣ шуданд, ки барои расидан ба ҳадаф бояд мушкилоти бунёдии марбут ба фақрро ҳаллу фасл кунанд: ин ҳам масоили марбут ба беҳдошт, гуруснагӣ, кишоварзӣ, норасоии об, нобаробарии занон мебошад.
"Ҳоло мо медонем, ки кишварҳои пешрафтаи санъатии ҷаҳон барои расидан ба аҳдофи таъйиншуда то соли 2010 50 миллиард доллар камбуди маблағ доран, яъне бояд ин маблағро саҳмгузорӣ кунанд. Мо алъон тахмин мазанем, ки агар соле 100 миллиард доллар барои ин ҳадаф таъин шавад, мо то соли 2015 ба ҳадафҳои худ мерасем. Ҳамон тавре ки кишварҳои ҷаҳон мутааҳид шудаанд, агар 0,7 дар сади даромадҳои нохолиси миллии худро ҳар сол барои кӯмакҳои хориҷӣ ихтисос диҳанд, мо бароҳатӣ ба ин ҳадафҳо мерасем. Агар ин маблағҳо ироа мешуд, мо пули аз ҳад зиёд дар ихтиёр доштем, ки ба риштаҳои маорифу беҳдошт ва тағйироти иқлим сармоягузорӣ кунем".
Кира О'Салливан, масъули матбуотии шабакаи ҷаҳонии "Даъват ба амал зидди нодорӣ" афзуд, ки бӯҳрони пешомадаи молӣ дар сартосари ҷаҳон нигарониҳоро аз он назар ба миён овардааст, ки ҳоло масоили фақру нодорӣ аз маркази таваҷҷӯҳи ҷаҳониён берун мондааст. Вале, афзуд вай, бо роҳандозии як маъракаи фарогири зидди фақр, ки бо ҷалби ҳукуматҳову сиёсатмадорон, созмонҳои ҷамъиятиву чеҳраҳои саршинос баргузор мешавад, бори дигар мешавад ба раҳбарони ҷаҳон дар бораи ӯҳдадориҳояшон ёдоварӣ кард. Рӯзи 17 октябр дар 100 давлати шомили шабакаи зидди нодорӣ маросимҳои вижаву ҷамъомадҳо ва раҳпаймоиҳо доир шуд.