Қирғизистон роҳҳояшро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад

Сохтмони роҳ дар Бодканд

Бонки ҷаҳонӣ ба Қирғизистон барои сохтани роҳе, ки бидуни убур аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, 45 миллион доллар додааст.

Вазири нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон Холиқбек Султонов рӯзи 25 феврал ба хабарнигорон гуфт, Бонки ҷаҳонӣ барои бунёид роҳи Исфана – Қайроғоч, ки бояд бидуни убур аз марзи Тоҷикистон сохта шавад, 45 миллион доллар додааст. Ба гуфтаи Султонов, 8,2 миллион доллар аз ин маблағ ба шакли кӯмаки билоиваз ироа мешавад ва сохтмони ин 12 километр роҳ бояд дар семоҳаи сеюми соли равон шурӯъ шавад.

Холиқбек Султонов гуфтааст, ки ин охирин роҳест, ки баъди сохта шуданаш Қирғизистон ба истиқлоли нақлиётӣ даст хоҳад ёфт.

Исфана ва Қайроғоч ҳарду дар вилояти бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд ҷойгир шудаанд ва 8 километр роҳи байни ин ду минтақа аз қаламрави Тоҷикистон мегузашт.

Вазири нақлиёти Қирғизистон гуфт, дар соли 2015 роҳҳои мошингарди Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ ва Оқсой – Работ, ки як қисмати роҳи якумаш аз қаламрави ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва қисмате аз роҳи дуюмаш аз ҳудуди Узбакистон мегузарад, бозсозӣ хоҳанд шуд.

Сохтмони роҳ дар Бодканд

Қирғизистон дар ҳарду тарҳ талош дорад, масири роҳҳоро ба гунае кунад, ки равуои васоили нақлия ва мусофирон байни минтақаҳои мухталифаш бидуни убур аз қаламрави ин ду кишвари ҳамсоя ва бидуни дардисарҳо ҳангоми убури посгоҳҳои марзиву гумрукӣ сурат бигирад.

Холиқбек Султонов гуфт, Қирғизистон қаблан барои сохтани 14,5 роҳе, ки бидуни убур аз қаламрави кишварҳои ҳамсояаш мегузарад, аз Иттиҳодияи Аврупо низ 86 миллион евро кумак гирифта буд ва дар ин тарҳ, ба гуфтаи вазир, ҳоло танҳо гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар корҳои ҷузъӣ боқӣ мондааст, ки бояд имсол анҷом шаванд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 971 километр марзи мустақим дорад, ки бо гузашти 23 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯраавӣ то ҳол танҳо 506 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсҳо бар сари масоили марзӣ ҳар сол боиси танишҳои зиёде дар марзи ду кишвар, бахусус дар марзи ноҳияҳои Лайлаку Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон мешавад.

Як мояи ин баҳсҳо ҳамин роҳҳои фаромарзист, ки марзи ин ду кишварро дар чандин ҷо убур мекунанд. Мушкилоти убуру мурури марз, ба гуфтаи ҷомиашиносон, ба рӯҳияи равонии сокинони ду тарафи сарҳад таъсири манфӣ мерасонад ва гоҳо як баҳонаи ночизе, барои мисол, бадрафтории як марзбон нисбат ба сокини кишвари ҳамсоя, ё ҳатто сангандозии кӯдакон ба мошине, ки аз деҳаи онҳо мегузарад, кофист, ки садҳо нафар дар хатти марз барои “ҷанги танбатан”-и навбатӣ саф биороянд.

Таҷаммӯи қирғизҳо дар марз бо Тоҷикистон. Январи соли 2014

Гуфта мешавад, танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, ҷониби Қирғизистон баъди як даргирии моҳи январ дар Исфара ҳатто марзҳояш бо Тоҷикистонро барои қариб 3 моҳ баст. Дар ҷараёни ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шудаанд.

Музокироти ҳайатҳои ду тараф тавонист оташи танишҳоро то ҳадде фурӯ бинишонад, вале масъалаи асосӣ – таъйини хатти марз – ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мемонад. Ба ин далел, ҳар боре ки ҷониби Қирғизистон ба сохтани роҳҳо дар манотиқи баҳсии марз шурӯъ мекунад, ин ба мухолифати шадиди сокинони рустоҳои наздимарзии тарафи Тоҷикистон рӯбарӯ мешавад.

Ду роҳи Исфана – Қайроғоч ва Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ низ аз ҷумлаи роҳҳоеянд, ки масири барояшон муайянкардаи ҷониби Қирғизистон, ба бовари мақомоти Тоҷикистон, дар бисёр ҷойҳо аз қаламравҳои баҳсӣ мегузарад ва метавонад ба оташи танишҳо дар ин марзи бе ин ҳам хеле ҳассос равғани бештар бирезад.