Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони роҳи нави Ворух оғоз ёфт (ВИДЕО)


Марзи Исфвараву Бодканд
Марзи Исфвараву Бодканд

Имрӯз дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар ҳузури намояндагони боломақоми ду кишвар расми ифтитоҳи роҳҳо ва пулҳои марзӣ доир шуд.

Имрӯз дар ҷамоати Ворух пас аз ҷамъомади ҳайатҳои кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ва баъди дуъои мӯйсафедон сохтмони роҳҳои мошингард аз ду ҷониб оғоз бахшида шуд.

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара рӯзи 4 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва муовини сарвазири Қирғизистон Абдураҳмон Маталиев дар ҳузури ҳайатҳои кумиссиюни байниҳукуматӣ ва раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва сокинони деҳоти марзӣ дар Ворух ба сохтмони роҳҳои марзӣ расман оғоз бахшиданд.

Дар ҷараёни ифтитоҳи сохтмони роҳҳо аз тарафи Тоҷикистон ҳамчунин Шералӣ Хайруллоев, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон, Абдураҳмон Қодирӣ – раиси вилояти Суғд, Ҷумъабой Сангинов – муовини аввали раиси вилоят, Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Исфара ва аз тарафи Қирғизистон низ як идда аз мақомоти баландпоя ширкат доштанд. Иқбол Тешаев гуфт, ки техникаи роҳсозии вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар Ворух ба тозагӣ ба роҳсозӣ оғоз хоҳанд кард.

Саид Ҳайдаров, раҳбари як хоҷагии деҳқонии деҳаи Хоҷаи Аъло, ки маросими оғози бунёди роҳҳоро мушоҳида кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин маросим дар фазои орому ҳамддигарфаҳмӣ ҷараён гирифт: “Ҳайъатҳоро бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд. Роҳсозиро аз ду тараф сар карданд. Аввал ҷониби қирғизҳо ягон 20 рӯз пеш оғоз карда буданд ва диламон ғаш буд, ки мо кай сар мекунем. Имрӯз техникаҳои моро ҳам ба ҷои сохтмон бурданд ва кор сар шуд.”

Ба гуфтаи сокинони Исфара, роҳи нави Ворух – Исфара аз канори ҷанубии ин ҷамоат ва самти ҷанубии деҳаи Тоҷикони ҷамотати Ворух гузашта, аз канори ҷанубу шимоли деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба роҳи Исфара – Хоҷаи Аъло пайваст мешавад. Ҷониби Бодканд барои васли роҳи худ ба деҳаи Оқсойи канори Ворух сохтмони пул бар болои рӯди Исфараро сар кардааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз ҳукумати Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар назар аст имрӯз ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз, 4 - уми сентябр аз Исфара ба ноҳияи Ғафуров рафта, сохтмони пул дар маҳали тирпарронии охир дар ҷамоати Овчӣ - Қалъачаро низ сар кунанд. Аз ҷамоати Овчӣ - Қалъачаи ин ноҳия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти Битшкек ба мувофиқа расидаанд, ин пулро, ки маҳали қирғизҳоро ба Тоҷикистон мепайвандад ва сари бунёди он солҳост байни сокинони марзӣ муноқиша мехезад, Тоҷикистон бисозад. Сокинони деҳаи Қалъача, ки ҷойи пул дар канораш ҷойгир аст, гуфтанд, ки рӯзи гузаштаи 3–юми сентябр раиси ноҳияи Ғафуров - Абдусамад Маннонзода - бо сокинони ин маҳал мулоқот намуда, тасмими ҳукумати Тоҷикистон дар бораи сохтани ин пул эълон кардааст.

Қаблан як мақоми ҳукумати ноҳияи Исфара шимоли Тоҷикистон гуфт, ки субҳи имрӯз, 4 сентябр Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар Ворух мунтазири ташрифи Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон мебошанд, ки то муштаракан ба сохтмони роҳҳои ҳарду ҷониб оғоз бахшанд.

Ҳайатҳои Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамзамон тарҳҳои сохтмони роҳҳои мошингарди Оқсой - Тамдиқ - Кишмиш ва Ворух - Хоҷаи Аъло - Исфараро оғоз хоҳанд кард. Ҳамчунин бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда дар нишасти рӯзи 27 август дар Бишкек ду пул - яке дар Оқсой ва дигари дар Овчӣ—Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта хоҳад шуд, ки роҳро ба ноҳияи Лайлаки Қирғизистон пайваст хоҳад кард

Рӯзи 27 августи соли равон иҷлосияи кумиссиюни байниҳукуматӣ оид ба масъалаи марз дар Бишкек дар мавриди оғози ҳамзамони сохтмони роҳҳои мошингард ва купрукҳо протокол ба имзо расонид. Ин нишаст ба дунболи задухӯрди мусаллаҳонаи шоми 25 август дар марзи Овчӣ –Қалъача бо ноҳияи Лайлак буд, ки мунҷар ба ҳалокати як афсари марзбони тоҷик ва як сокини Қалъача шуда, 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин рӯёрӯӣ захмӣ шуданд. Сабаби низоъ, ба гуфтаи сокинони Қалъача, дар як минтақаи баҳсии марз ба сохтани пул азм кардани ҷониби Қирғизистон буд. Мақомоти қирғиз аммо гуфтанд, ки ин кӯпрукро дар қаламрави кишвари худ месохтанд.

То имрӯз аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Оғоз ё идомаи сохтмони иншоот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо дар минтақаҳои баҳсии марз ҳар дафъа ба низои навбатӣ дар марзи ин ду кишвар мунҷар шуда, марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои охир амалан ба доғтарин нуқта аз нигоҳи амниятӣ табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG