Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

01.11 - рӯзи анҷоми сохтмони роҳи мустақими Исфара-Ворух


Ҳукумати вилояти Суғд барои бунёди роҳи нави Исфара-Ворух аз буҷа ду миллион сомонӣ ҷудо карда, қасд дорад, кори сохтмонро то 1 ноябри соли ҷорӣ ба анҷом бирасонанд.

Масъулони ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, ҳамагӣ то як моҳи дигар, яъне 1 ноябр, бунёди роҳи нави Исфара - Ворух ба анҷом расида, ин ҷамоати дурдаст ва куҳистони кишварро аз бунбаст раҳо хоҳад кард.

Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, ки роҳи ҳозирааш аз тариқи Қирғизистон мегузарад, дар як соли охир дар пайи танишҳои марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя борҳо баста шуда, аз маркази шаҳр дур мондааст. Ҳатто сокинони ин ҷамоат рӯзҳои муноқиша натавониста буданд, беморони худро ба шифохонаи марказӣ интиқол диҳанду довталабони донишгоҳҳои олӣ дар вақташ ба имтиҳонҳо бирасанд.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, гуфт, барои бунёди роҳи нави Исфара - Ворух аз буҷа 2 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ба қавли мусоҳиби мо, ин роҳи мошингард якуним километр тӯл ва 8 метр бар (паҳноӣ) дошта, аз деҳаи Тоҷикони канори ҷанубии ҷамоати Ворух мегузарад ва мумфарш (асфалтпӯш) хоҳад буд. “Сокинони Исфараву Ворух тавассути ин роҳ мустақим равуо мекунанд ва ҳеч вобастагие дар ин замина аз Қирғизистон нахоҳанд дошт”,-афзуд ӯ.

Ахиран Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, низ ҳамроҳи як ҳайати баландпояи ин вилоят аз ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара боздид ва бо ҷараёни сохтмони роҳи мошингарди Исфара – Ворух ошно шуд. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон ҳам мегӯяд, роҳи ҷадиди Куктош-Оқсой-Тамдиқ дар наздикии деҳаи Ворухи Тоҷикистонро то як моҳи дигар бунёд хоҳад кард.

Созиш сари сохтмони ин роҳҳои мошингард ва ду пул дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нишасти ҳайатҳои Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек рӯзи 27 августи соли ҷорӣ ба даст омада буд. Дар ин бора ҷонибҳо протоколе ба имзо расонида буданд, ки ба бунёди роҳу пулҳо ҳамзамон оғоз хоҳанд кард.

Вале ба гуфтаи масъули хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бунёди роҳу пулҳо маънои муайян кардани хатти сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистонро надорад ва марзбандӣ аз сӯи кумисюнҳои босалоҳияти байнидавлатӣ ҷараён хоҳад гирифт.

Ғайрат Гадойбоев, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пулҳо бар болои рӯди Хоҷа Боқирғон ва ва як наҳр деҳаҳои Мақсад ва Интернатсионали ноҳияи марзии Лайлаки Қирғизистонро мустақим бо якдигар пайваст мекунад. Қаблан ин маҳалҳои қирғизнишин тавассути роҳи Овчӣ - Қалъача равуо мекарданд. Ӯ афзуд, ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз ду самт ба кор сар кардаанд ва қирғизҳо болои рӯд ва роҳсозони тоҷик болои наҳр пул месозанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир як созишномаи нав дар бораи масъулияти ҷонибҳо дар мавриди назорати роҳҳои мошингарди Исфара – Ворух ва Оқсой – Тамдиқ таҳия гашта, қарор аст, рӯзҳои наздик дар нишасти ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расад. Ин созишнома масъулияти ҷонибҳоро дар фаъол доштани ин роҳҳо ва ҳаракати озодонаи нақлиёт ба ду самт пешбинӣ мекунад ва ҳадафи аслиаш ҳам роҳ надодан ба роҳбандиву эҷоди халал ба равуои озодонаи нақлиёти ҳар ду ҷониб ва аз байн бурдани заминаҳои муноқишаву низоъҳои марзӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG