Бо гузашти чаҳор моҳ аз интихоби вакилони нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар пурсид, ки кори онҳоро чӣ гуна баҳо медиҳанд ва чӣ қонуни муҳимеро дар ёд доранд, ки дар ин муддат қабул шудааст.
Яке аз мусоҳибон гуфт, ки “ҳеҷ чиз нав нашуд”, дигарӣ гуфт, ки вакилон дар давраи пандемияи коронавирус ғами мардумро хӯрданд. Як раҳгузар гуфт, ки “телевизорашон сӯхтааст, барои ҳамин зиёд огаҳ нест. Посухи як ҷавони дигар ин буд, ки агар “депутатҳо набошанд, ин ободиҳо намешаванд ва яке дигариро мехӯрад”. Шумо ҳам видеоро бубинеду назаратонро доир ба кори вакилон бинависед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Интихобот барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор шуд. Ин нахустин интихоботе буд, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ва бе ҳузури ин ҳизби умдаи мухолифи давлат сурат гирифт.
Барои дарёфти курсиҳои палатаи поёнии порлумон беш аз 230 нафар номзад шуда буданд. Намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ, кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократӣ, сотсиалистӣ ва коммунист аз рӯйи феҳрасти ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ба порлумон роҳ ёфтанд.
Ягона нирӯи мухолиф дар ин интихобот, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки бо панҷ номзад аз рӯйхати ҳизбӣ вориди корзор шуда буд, ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот бо тақрибан ним дарсади раъйи мардум ба марра нарасид.