Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон ба истироҳат рафтанд. Танаффус дар кори порлумони Тоҷикистон


Ҷаласаи порлумон. 10-уми июни 2020
Ҷаласаи порлумон. 10-уми июни 2020

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ба рухсатии меҳнатӣ рафтаанд. Мақомот мегӯянд, истироҳати намояндагони мардум аз 1-уми июл то 15-уми август идома хоҳад дошт.

Дар ин давра порлумон кор намекунад ва баррасиву қабули қонунҳо низ дар назар нест, вале дар сурати зарурат президенти Тоҷикистон ҳақ дорад, ҷаласаи ғайринавбатиро даъват кунад.

63 узви Маҷлиси Намояндагон дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд. Интихоботи ахири порлумонӣ моҳи марти имсол баргузор шуд. Ба он аксаран намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва намояндагони ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат роҳ ёфтанд.

Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин корзори сиёсӣ иштирок кард, вале ба қавли мақомот, ройи лозимро ба даст наовард. Раҳбарияти ҳизб мегӯянд, ройи ҷонибдоронашон “дуздида” шудааст.

Созмонҳову кишварҳои ғарбӣ интихоботи моҳи мартро олуда ба тақаллуб ва ношаффоф хонданд. Нозирони кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, созмони зери назари Чин, онро одилона тавсиф карданд.

Мақомот ва вакилони порлумон ҳамвора аз кори худ қаноатманданд ва ҳар сол аз баррасиву қабул шудани даҳҳо тарҳи қонун ва ислоҳҳо ба қонун хабар медиҳанд, вале баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки вакилон мушкили аҳолиро дар маҷлис намебардоранд.

XS
SM
MD
LG