Қӯрғонтеппа: Паноҳгоҳ барои қурбониёни хушунат

Cаъбагул Одинаева

Дар Қӯрғонтеппа хонаи паноҳбарии занону кӯдакони мавриди хушунату лату кӯб қароргирифта таъсис дода шуд.
Ҳадаф аз таъсиси ин паноҳгоҳ ҳифзи ҳуқуқ ва саломатии ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагӣ унвон мешавад. Саъбагул Одинаева, масъули бахши пешгирӣ аз хушунати оилавӣ ва кор бо ноболиғони шуъбаи ВКД дар Қӯрғонтеппа, гуфт, хонаи панаҳбарӣ бо кӯмаки намояндагии Созмони Милал дар Тоҷикистон дар ҳудуди беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов бунёд шудаааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин паноҳгоҳ барои қурбониёни хушунату зӯроварӣ то се рӯз ҷойи хобу ғизо ва ёрии тиббию равоншиносӣ пешниҳод мешавад.

Саъбагул Одинаева дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, “аввалҳо барои мо, кормандони милиса, агар бароямон ҷабрдидаҳо муроҷиат мекарданд, ҷойи зисти муваққатӣ пайдо кардан мушкил буд. Мо дар собиқа ин занони хушунатдида ё кӯдакони бесаробонеро, ки дар кӯчаҳо вомехӯрдем, ба хонаҳои худ мебурдем. Аммо ҳоло, аввалин кӯшиши таъсиси паноҳгоҳ шудааст. Дар ин паноҳгоҳ, ки дар беморхонаи вилоятӣ таъсис ёфтааст, ҷабрдидаҳо чанд рӯз нигоҳдорӣ мешаванд, то замоне ки мо шикояти онҳоро баррасӣ ё омилҳои хушунатро наомӯзем, ё мусоидат кунем, ки дар оилаи онҳо ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд ояд.”

Дар мисоли Тоҷикистон, ки бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ, хушунати оилавӣ аз мавзуъҳои доғ ба ҳисоб меравад, ҳамеша ба зарурати таъсиси як чунин паноҳгоҳ барои қурбониёни хушунату зӯроварӣ таъкид мешавад. Аммо Малоҳат Усмонова, намояндаи созмони ҷамъиятии «Ғамхорӣ», ки аз фаъолони маъракаи зидди хушунат аст, мегӯяд, таъсиси паноҳгоҳи муваққатӣ дар Қӯрғонтеппа илоҷи кор нест.

Малоҳат Усмонова

"Зеро хонаи панаҳбарии занони хушунатдида бояд махфӣ бошад. Паноҳгоҳи 2-3-рӯза барои мо кифоя нест. Масалан, агар зан аз шавҳараш латукӯб шуду аз хона рафту вазъ ислоҳнопазир бошад, барои тариқи додгоҳ ҳаллу фасл кардани мушкили вай то 2-3 моҳ вақт даркор. Агар ин зан 3-4 фарзанд дошта бошад, дар хонаи панаҳбарӣ барои онҳо утоқи бозию машғулиятгузаронӣ, ҷойи хоб, ҷойи таҳия ва тановули ғизо лозим. Як утоқ ва он ҳам муваққатӣ барои ҷабрдидаҳо нокифоя аст. Бояд давлат дар ҳалли ин масъала иқдом кунад. Умедворам, ки бо қабул шудани қонуни нави мубориза бо хушунати хонаводаӣ, масъалаи таъсиси хонаҳои панаҳбарӣ барои қурбониёни хушунату зӯроварӣ низ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба баррасӣ гирифта мешавад",- афзуд Усмонова.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки шумори афзуни занони талоқгирифта ҳамроҳи фарзандон аз манзили шавҳар берун рафта, ҳатто одитарин ҳуқуқашон болои ҳамсари худро талаб карда наметавонанд, ҷомеашиносон ва занони қурбонии зӯроварӣ ба зарурати таъсиси хонаҳои панаҳбарӣ таъкид мекунанд.

Салима, зани ҷавоне, ки соҳиби фарзанд аст, мегӯяд, дар пайи тазйиқу зӯроварии пайдарпайи аъзои хонаводаи шавҳараш, аз манзили зисташ фирор кард, аммо азбаски волидонаш ӯро дар хонаи худ ба хушӣ роҳ надоданд, ҳоло намедонад, ба куҷо равад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, “ду сол бо ҳам зиндагии муштарак доштем. Бо дахолати хушдоманам зиндагиамон вайрон шуд. Моро ҷанг меандохт, ҳар рӯз корам мушту лагадхӯрӣ буд. Аммо ба ҳеҷ кас, ҳатто ба волидон хабар намедодам. Фикр мекардам, одамон механданд, «гапи хонаро ба кӯча баровард» мегӯянд. Аммо дафъаи охирон сахт латукӯб шудам, шавҳарам нисбат ба ману пайвандонам суханҳои носазо гуфт, косаи сабрам лабрез шуд. Кӯдакро гирифта, аз хона рафтам. Шавҳарам занг заду гуфт, ки дигар бо ман зиндагӣ намекунад, фармуд, ки ҷиҳозамро гирифта, хонаашро тарк кунам. Зиндагиам вайрон шуд, акнун намедонам куҷо равам...”

Ба иддаои Фирӯза Ҷобирова, таҳлилгари масоили гендерӣ, бештари занону хоҳарони тоҷик хушунати хонаводагиро як амри маъмулӣ дониста, онро таҳаммул ва пинҳон мекунанд. Аксари чунин занон, бахусус занони рустоӣ аз ҷиноят будани хушунату зӯроварӣ бехабаранд. Хонум Ҷобирова афзуд, бисёре аз занони хушунатдида дар ниҳоят бо фарзандон аз манзил маҳрум мешаванд ва дар хонаи волидони худ ҳам ҷойи по пайдо намекунанд. Аммо ба сабаби набудани паноҳгоҳҳои махсус, рӯзгори пурмушкили занони ҷабрдида беҳтар намешавад. Биноан, коршиносон мегӯянд, як роҳи аслии коҳиши мизони хушунати хонаводагӣ нисбати занону кӯдакон, таъсиси паноҳгоҳҳои муваққатӣ ва беҳсозии таъминоти иҷтимоии оилаҳо мебошад.