Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳаргул, он арӯси шиканҷашуда, хостори адолат аст


Рӯзи 1 май додгоҳи Кобул падар, модар ва хоҳари шавҳари Саҳаргулро бо ҷурми латту кӯби пайваставу азияти ин наварӯс ба муддати 10 солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Мақомоти Афғонистон шавҳари Саҳаргул ва бародарашро ҷустуҷӯ доранд, то онҳоро ҳам мутобиқ ба гуноҳашон муҷозот кунанд.

Соли гузашта қиссаи талхи Саҳаргул таваҷҷӯҳи аҳли оламро ба худ карда буд. Моҳи декабри гузашта полис дар вилояти шимолии Бағлони Афғонистон маълумот пайдо намуд, ки ин наварӯси 15-сола мавриди хушунати пайвастаи наздикони шавҳараш қарор гирифтааст. Ҳангоми кофтукоб полис дар таҳхонаи торик ҷисми беҳаракати Саҳаргулро дарёфт, ки ангуштонаш шикаста, нохунҳо канда ва тамоми ҷисмаш аз латту кӯб кабуд шуда буд. Ба қавли афсарони полис, аҳволи Саҳаргул чунон бад буд, ки ҳатто ҳарф зада наметавонист.

Аммо рӯзи сешанбе баъди эълони ҳукм, Саҳаргул хеле орому осуда ба назар мерасид: “Мехоҳам онҳо ҳам муҷозот шаванд. Он азобе, ки ба ман додаанд, худашон будинанд: нохунҳояшон канда шаванд, баданашон мисли бадани ман сӯзад. Мехоҳам талоқамро диҳанд.”

Табибон мегӯянд, захмҳои бадани Саҳаргул ба сурати умум муолиҷа шудаанд, вале фишору азоби равоние, ки ин духтари 15-сола аз издивоҷ бо марди 35 - сола ва хушунати хешовандони ӯ кашидааст, дар вазъи равонии Саҳаргул таъсири амиқ гузоштаву ӯ зери муроқибати доимии табибон аст.

Саҳаргул ҳоло дар шаҳри Кобул дар паноҳгоҳи занони азиятдида ба сар бурда, орзу дорад, ки барои худ як рӯзгори осуда бунёд намояд: “Ман дарсу намозҳоямро мехонам. Дилам, ки хост, берун баромада бо дугонаҳоям сари сӯҳбат менишинам. Сипас боз ба дарс бармегардаму мехонам.”

Сурия Собранг, раиси бахши занони Комиссияи мустақили ҳуқуқи башар дар Афғонистон умед дорад, ки қазияи Саҳаргул як намунаи муҷозоти хушунат бар зидди занон дар ин кишвар хоҳад шуд. Собранг таъкид мекунад, ки шумори зиёди занони афғон мавриди хушунат қарор мегиранд, вале касе омилони ӯ ин амалро ба муҷозот намекашад: “Дар робита бо қазияи Саҳаргул бояд гуфт, ки ин як ҷинояти нангин аст, ки дар қарни 21 ба вуқӯъ пайвастааст.Тамоми дастандаркорони ин қазия-онҳое, ки аз ибтидо то охир дар азияти Саҳаргул даст доштаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Муҳокимаи онҳо бояд ошкор бошад, то мардуми Афғонистон бубинанду панд бигиранд. Ин парванда бояд дарс шавад, ки аз хушунат даст кашанд."

Хонум Собранг хотирнишон мекунад, ки дар аксари ҳолатҳо масъулони хушунат бар зидди занон аз муҷозот раҳо мешаванд ва ё ҷазои сабук мегиранд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто муваффақ мешаванд, ки худи занонро бо ҷинояти ахлоқӣ муттаҳам карда, худро аз ҷавобгарӣ канор кашанд. Ба ҳар ҳол хонум Собранг хушҳол аст, ки масъулони азобу азияти Саҳаргул дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.

Саҳаргул ним соли ҳаёт дар хонаи шавҳарашро ба дӯзах баробар медонад. Падари Саҳаргул вафот кардаасту модараш аз нав ба шавҳар баромад. Саҳаргул мегӯяд, бародараш бар ивази як маблағи ночиз ӯро ба марди 35 солае фурӯхт, ки аллакай оиладор ва падари даҳ фарзанд буд.

Ба қавли Саҳаргул, шавҳар ва хешу наздиконаш ӯро ба фоҳишагӣ маҷбур мекардаанд ва вақте ӯ ин корро рад мекунад, ӯро мавриди латту кӯб қарор медиҳанд: “Онҳо бо худ одам оварда мехостанд бо ман кори бад кунанд. Ман муқовимат нишон медодам. Онҳо мегуфтанд, ки агар хости онҳоро иҷро накунам, маро мекушанд. “

Саҳаргул бовар дорад, ки рӯзе табиб ва ё ҳуқуқшинос мешаваду ҷилави хушунат бар зидди занон ва издивоҷҳои маҷбуриро хоҳад гирифт. Сарпарастони кунунии Саҳаргул умед доранд, ки бо мурури замон захмҳои равонии ин духтар шифо меёбанду ӯ низ дар наҷоти занони афғон аз хушунату беҳуқуқӣ саҳм мегирад. Дар ҳоли ҳозир мизони худкушии занони афғон дар сарсоари олам яке аз ҷойҳои аввалро ишғол кардааст.

Коршиносон мегӯянд, даҳсолаҳои ҷанг, камбағалӣ, бенавоӣ ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ на танҳо занон, балки тамоми аҳолии ин кишварро ба парваришгоҳи бемориҳои рӯҳӣ табдил додааст. Ҳазорҳо нафар аз афсурдагӣ ё худ депрессия, аз фишори равонӣ ё худ стресс ва дигар бемориҳои марбут бо асаб азият мекашанд. Ҳисоби дақиқи чунин беморон вуҷуд надорад, вале табибони афғон тахмин мекунанд, ки то 60 дар сади аҳолии ин кишвар аз шаклҳои мухталифи фишори равонӣ азият мекашанд.

Дар ҳамин ҳол ин кишвари дорои 30 миллион аҳолӣ ҳамагӣ чанд муассисаи муолиҷаи бемориҳои равонӣ дорад. Барои мисол шифохонаи бемориҳои равонии Кобул ҳамагӣ 60 ҷои хоб дорад. Вазъият дар марказҳои Ҷалолободу Ҳирот аз он беҳтар нест. Азиз Неъмат раиси созмоне бо номи Ҷамоаи Беҳдошти равонии Афғонистон мегӯяд, вазъ каме дар Мазори Шариф-маркази вилояти Балх беҳтар аст. Шифохонаи чаҳортабақаи бемориҳои асабӣ ва рӯҳии ба номи Олимӣ на танҳо ба сокинони вилояти Балх, балки ба тамоми ниёзмандон кӯмак мерасонад.

Нодир Олимӣ, муассиси ин шифохона мегӯяд, дар 12 моҳи гузашта онҳо 964 беморро муолиҷа кардаанд. Ӯ меафзояд, ин як қатра дар баҳр аст, зеро дар саросари Афғонистон шояд миллионҳо нафар ба чунин муолиҷа ниёз доранд. Ба гуфтаи оқои Олимӣ, баъзе беморон имкони сафар ба Мазори Шарифро надоранд ва онҳо тавассути телефон машварат дода мешавад, ки чӣ гуна худро муолиҷа кунанду аз кадом доруҳо истифода баранд.

Олимӣ илова мекунад, ки дар муолиҷаи бемориҳои равонӣ вақти зиёд ва пул лозим аст, вале бисёриҳо чунин имконро надоранд. Шояд ба мисли табобати афсурдагӣ ба ҳалли мушкили беморони равонии Афғонистон вақти бештар зарур шавад, вале ҳадди ақалл аз он метавон хушҳол буд, ки барои қаҳрамони гуфтори имрӯзаамон-Саҳаргул ин мушкил ҳалли худро пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG