Раҳима исми ивазшудаи ҷавондухтарест, ки бо як тифл аз шавҳари собиқ ду соли қабл талоқ гирифт, аммо аз таъқибу таҳқири вай фақат се моҳ пеш халос шуд. Сабаби хонавайронии Раҳимаи 24-сола ҳам шабеҳи тақдири садҳо зани дигари тоҷикест, ки дар хонаводаи шавҳар мавриди хушунату бадгуфторӣ қарор мегиранд. Раҳимаро волидайни шавҳар бо тифли як сола аз хона ронданд ва шавҳар ҳам талоқашро дод.
Аммо ба гуфтаи Раҳима, бадбахтиҳои ӯ баъди гирифтани талоқ шурӯъ шуд. ”Пас аз ҷудо шудан бо вуҷуди он ки вай зан гирифт, аммо пайваста ба ман занг мезад. Агар телефонам банд мебуд ва намебардоштам, омада, маро дар назди мардум латту кӯб мекард. Маҷбур шудам шавҳар кардам, вале вай ҳатто шавҳарамро зад. Чанд бор писарамро омада, аз дастам ба зӯрӣ гирифта бурд. То ду ва ё се моҳ ӯро ба ман нишон намедод, ман мисли девонаҳо шабу рӯзамро намефаҳмидам. Ӯ мегуфт, ки намехоҳад, ман бо каси дигар зиндагӣ кунам,”-қисса мекунад Раҳима.
Ба нақли Раҳима, шавҳари собиқаш чандин бор ӯро таҳид ба марг намуда, ҳатто боре гӯлугираш низ кардааст. Раҳима маҷбур шуд, ки ба пулис муроҷиат кунад, чун дигар эҳсоси амниятро надошт. Раҳима мегӯяд, танҳо баъд аз дахолати пулис ва навиштани ариза се моҳ аст, ки аз таъқиби шавҳари собиқаш раҳо шудааст.
Агарчӣ ин қаҳрамони мо тавонистааст, аз таҳдиду таҳқири шавҳари собиқ ҷон ба саломат барад, мисолҳое вуҷуд дорад, ки чунин муносибати ҳамсарони собиқ анҷоми фоҷеабор доштааст. Дар як соли ахир торномаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз чандин мавориди қатли занон аз сӯи шавҳарони собиқи онҳо хабар пахш кардааст.
Танҳо чанд рӯзи пеш сокини 30-солаи шаҳри Турсунзода, ки ҳамсари собиқашро дар ҷангалзор нафасгир карда куштааст, боздошт шуд. Ба ҳамин монанд дар заминаи рашк ва муноқиша шавҳарони собиқ, ки аз 22 то 66 сол доштаанд, бо зарби корд ва ҳатто тири милтиқи шикорӣ ҳамсарони пешини худро қатл кардаанд ва ё манзили онҳоро оташ задаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон кишвари суннатии мардсолорӣ аст. Баъд аз талоқ гирифтан бархе аз шавҳарони собиқ зиндагии ҳамсаронашонро зери назорат мегиранд. Ҳарчанд мувофиқи қавонини шариат мард баъд аз талоқ додани зан ҳаққи дахолат ба зиндагии ӯро надорад, боз ҳам зан наметавонад озодона ва бо хости худ зиндагии нав бунёд кунад.
Мутеъулло Наҷотзода, муовини раиси Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати талоқ додани зан, мард муваззаф аст, ки дар муддати се моҳ ӯро бо ҷойи хоб ва хурду хӯрок таъмин кунад. ”Аммо баъд аз талоқ шавҳари собиқ ҳақ надорад, ки нисбати ҳамсари худ ҷабру зулмро раво бинад ва ё ба ягон коре ӯро маҷбур намояд,”- афзуд ҷаноби Наҷотзода.
Бино ба тавзеҳи мардҳо, эҳсоси худхоҳӣ ва тафаккури соддалавҳонаи мард, ки зани ӯ набояд каси дигарро хушбахт кунад, шавҳарони собиқро ба таъқибу ҳамсарони пешинашон таҳрик медиҳад. Мирзохон Олимов, як сокини пойтахт гуфт: “Дар вуҷуди мард меҳр ва ҳамзамон рашк ҷой дорад, ки ҳаргиз намехоҳад “мол”-и ӯро як нафари дигар соҳиб шавад.”
Вале аз нигоҳи Ҳамид Эргашев, яке аз дигар мусоҳибони мо, чунин муносибатро нисбати занон танҳо мардони камсаводу ҷоҳил раво мебинанд. ”Масалан, агар зану шавҳар аз ҳамдигар бо ҷангу ҷидол ҷудо шуда бошанд, мард бо ҳамин васила мехоҳад аз ҳамсари собиқи худ интиқом бигирад,”- мегӯяд Ҳамид Эргашев.
Мушоҳидаҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки баъди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ин кишвар шумори занони бесаробону бешавҳармонда фавқулодда зиёд шуд ва дар ҷомеа як шикасти ахлоқие ба миён омад, ки ба мавқеи зан таъсири мустақим гузошт. Занони бешавҳар ва ё талоқдида аз назари аксар мардон аз эҳтирому эътимоди камтар бархӯрдор шуданд.
Ёрмуҳаммад Ниёзов, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ”вақте ки оилаҳо бо фарзанд ҷудо мешаванд, ба гунае масъулияти падарҳоро боз бештар мекунад ва аз нигоҳи онҳо, агар ҳамсарашон дубора оила барпо кунад, фарзандон зери зулми падарандар қарор мегиранд. Як сабаби таъқиби онҳо низ ҳамин аст, ки гӯё бо ин васила мехоҳанд ба фарзандон меҳрубонии худро нишон бидиҳанд.”
Бино ба омори расмӣ, танҳо соли гузашта беш аз ҳашт ҳазор хонавода дар Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шудаанд. Қонунгузории Тоҷикистон баъд аз бекор шудани ақди никоҳи расмӣ, зану шавҳари собиқро ҳамчун обеъкт ва субъекти алоҳида ҳисоб мекунад. Бо вуҷуди он, ки дар қонунгузории амалкунанда муҷозот барои таъқиби ҳамсарони собиқ пешбинӣ нагардидааст, вале хушунат нисбати шахси дигар ҷавобгарӣ дорад.