Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кай бояд издивоҷ кард? Дар синни 18? 20? Ё 24?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳоло синни миёнаи издивоҷ дар Қирғизистон барои духтарҳо 24 ва барои мардон 28 солро ташкил медиҳад.

Натиҷаҳои омори охир дар Қирғизистон нишон додааст, ки дар ин кишвар синни миёнаи издивоҷ миёни духтарону писарҳо назар ба чанд соли гузашта болотар рафтааст. Ҳоло синни миёнаи издивоҷ дар байни духтарҳо 24 ва дар миёни писарҳо 28 солро ташкил медиҳад.

Кумитаи миллии омори Қирғизистон мегӯяд, ки майли болоравии синни издивоҷ аз соли 2007 инҷониб мушоҳида мешавад. Ба андешаи ҷомеашиносон, сабаби боло рафтани синни издивоҷ он аст, ки ҷавонон мехоҳанд, нахуст маълумоти олӣ бигиранд ва соҳиби мақому мартаба шаванд. Дар соли 2000 дар Қирғизистон синни миёнаи издивоҷи занон 23 ва мардон 27 солро ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон, ба гуфтаи масъулони Оҷонси омор, синни миёнаи издивоҷ чандон тағйири ҷиддие надидааст ва мисли солҳои оғози истиқлол, аз 18-сола боло шурӯъ мешавад.

Гулнора Иброева, як таҳлилгари масоили иҷтимоӣ дар Қирғизистон дар сӯҳбат бо Озодӣ аз Бишкек гуфт, бо ин ки тамоюли куллӣ рӯ ба болоравии синни издивоҷи аввал аст, боз ҳам вазъ дар манотиқи шаҳру русто аз ҳам фарқ мекунад.

Ӯ мегӯяд, аз рӯи омор шурӯъ аз солҳои 2000-ум як тамоюли тадриҷӣ, на пуршиддати болоравии синни миёнаи издивоҷ мушоҳида мешавад ва ин вазъ хеле шабеҳ ба тамоюлҳоест, ки дар тамоми кишварҳои муштарак-ул-манофеъ ва ҳам дар ҷаҳон ба чашм мерасад.

Гулнора Иброева афзуд: "Масалан, дар ин замина ҷомеашиносони рус мегӯянд, “тамоюли дуршавӣ аз шакли шарқии издивоҷҳо мушоҳида мешавад”, ки хости кишварҳои дорои иқтисоди дар ҳоли гузариш будааст. Мутаассифона, шурӯъ аз соли 2005 дар Қирғизистон таҳқиқоте дар заминаи стратегияи издивоҷ нагузарондаанд ва танҳо омор наметавонад дар масъалаи сабабҳои болоравии синни издивоҷ посухи қавӣ диҳад. Яъне маълум нест, ки сабаби ин дар мақоми афзояндаи иқтисодии занҳо, талош барои гирифтани маълумоти касбии онҳо аст ё дигар. Аз сӯи дигар, бояд таъкид кунам, ки дар Қирғизистон тамоюли ҷалби камтари занҳо ба донишгоҳҳо мушоҳида мешавад.”

Аммо дар посух ба ин суол ки шояд ин ҷо тафовути аслӣ дар маҳалли зисти онҳост ва вазъи шаҳру марказҳо аз деҳоту манотиқи дурдаст фарқ кунад?, ин таҳлилгари қирғиз гуфт: ​ “Тафовут дар сатҳи манотиқ мушоҳида мешавад. Духтарони сокини Бишкек, вилоятҳои Чӯй ё Иссиқкӯл назар ба дигар манотиқ дар синни бузургтар издивоҷ мекунанд. Синни камтарини издивоҷ дар Ботканд, Ӯш ва Ҷалолобод мушоҳида мешавад. Мардҳои шаҳрӣ воқеан ҳам ҳоло дертар издивоҷ мекунанд ва сабаби ин ҳам дар вазъи иқтисодии онҳост. Ман танҳо тахмин мезанам, ки ҷавонмардон ҳоло бештар дар фикри таъмини даромади собит ва ҳам шароити маишӣ ҳастанд, то ки баъдан дар пеш бурдани зиндагии оилавӣ барояшон мушкил нашавад.”

Дар ҳамин ҳол, аз рӯи арзёбиҳои масъулони Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар синни издивоҷ дар ин кишвар дар маҷмӯъ тағйироти ҷиддие пеш наомадааст. Соли 2011 дар қонунҳои Тоҷикистон синни издивоҷ як сол боло бурда шуда, барои духтарҳо аз 18 ва барои писарҳо аз 19-солагӣ муқаррар шуд. Риояи ин банди қонун, бахусус, зарур будани қайди издивоҷ дар ЗАГС ё шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ҳоло ҷиддан тақозо мешавад, чунки танҳо никоҳҳои исломӣ, ба қавли мақомот, наметавонанд ҳуқуқи ҳамсарон, бахусус занону кӯдаконро баъди талоқ таъмин кунанд.

Абдувалӣ Қулов роҳбари бахши демография ва омори иҷтимоии Оҷонсии омори Тоҷикистон
Абдувалӣ Қулов роҳбари бахши демография ва омори иҷтимоии Оҷонсии омори Тоҷикистон

Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Оҷонси омори Тоҷикистон, дар як сӯҳбат аз Душанбе рӯзи 19 апрел гуфт, баъд аз тағйири қонун дар ин замина омори издивоҷҳои барвақтӣ хеле ночиз шудааст ва синни миёнаи издивоҷ маҳз аз 18-солагӣ шурӯъ мешавад. Ба иттилои ӯ, дар Тоҷикистон дар 84 дарсади ҳолатҳо барои нахустин бор духтарҳо дар фосилаи байни 18 то 24-солагӣ оила барпо мекунанд.

Ӯ гуфт, “синни миёнаи издивоҷҳо барои мардҳо 26 ва барои занҳо 22-солагӣ муайян шудааст. Танҳо дар солҳои 1995 синни миёнаи издивоҷ барои духтарҳо дар Тоҷикистон дар ҳудуди 21 сол буд. Ин синни миёнаи издивоҷ аст. Агар ба масъалаи издивоҷҳои барвақтӣ муроҷиат кунем, мебинем, ки дар миёни писарҳо аз 15 то 19-солагиро ташкил дода, 4 дарсад аз кулли издивоҷҳоро ташкил мекунад. Духтарҳо бошанд, дар 45 дарсади ҳолатҳо дар 18-19-солагӣ шавҳар мекунанд. Айни замон, 84 дарсади духтарҳо дар фосилаи байни 18 то 24-солагӣ оила барпо мекунанд. Ин дигар аксарият аст”.

Ба қавли Абдувалӣ Қулов, ин нишондод шабеҳи вазъест, ки солҳои оғози истиқлолияти Тоҷикистон мушоҳида мешуд. Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, дар солҳои охир принсипҳои суннатии оиладорӣ ҳарчанд дар ҳолатҳои хеле кам таҳрир хӯрдааст, вале дар зеҳни мардум муносибат ба издивоҷ ва хонадорӣ аз рӯи принсипҳои бобоӣ боқӣ мемонад.

Саодат Олимова
Саодат Олимова

Саодат Олимова, ҷомеашиноси маркази назарсанҷии “Шарқ”, ки айни ҳамин мавзӯъро таҳқиқ мекунад, дар як сӯҳбат бо Озодӣ рӯзи 19 апрел гуфт, бо омори расмӣ комилан розӣ аст: “Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон гурӯҳи хеле хурди мардум “дар маҷрои замонавӣ” шино мекунад. Ман ин гурӯҳро рамзӣ “кӯчаи Рӯдакӣ” меномам. Ман нишондодҳои соли 2001 ва 2015-ро муқоиса мекунам ва ҳар қадар нишондоди омор ва ҳам назарпурсиҳоро мебинам, ба хулосае мерасам, ки чизе дар ҷомеа тағйир наёфтааст. Ба ҳисоби миёна, дар 21-солагӣ писару духтарҳо дар Тоҷикистон бори аввал алоқаи ҷинсӣ мекунанд. Яъне ин ҳамон синни издивоҷ аст. Дарсади хеле кам, яъне тахминан 9 дарсади ҷомеа - ҷавонҳоеанд, ки мисли ҳамсолонашон дар Маскаву дигар ҷойҳо ба таври озод зиндагӣ мекунанд. Барои онҳо доштани равобити озод ва ё муваққати ҷинсӣ як бахши маъмулии зиндагиашон аст. Вале инҳо, боз мегӯям, як гурӯҳи хурде мебошанд, ки онҳоро “кӯчаи Рӯдакӣ” мешавад унвон кард”.

Вай гуфт, ин гурӯҳи ҷавонҳо асосан дар шаҳри Душанбе ва хеле шумори камашон дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебаранд. Саодат Олимова гуфт, занҳо дар Тоҷикистон танҳо баъди талоқ ва ё бешавҳар монданашон ҷиддан дар фикри зарурати таҳсилу маълумот ва ҳам касби ихтисос мешаванд, аммо дар кулли дигар ҳолатҳо онҳо ба ин андешаанд, ки издивоҷи аввал бояд якумрӣ, бар пояи фалсафаи падарсолорӣ бошад ва тасмимгирандаи аслӣ дар оила мард ва ё хешу ақрабои шавҳар бояд бошанд.

XS
SM
MD
LG