Нигина Ҳасанова, баъди чор моҳи табобат ва ба по хестан мегӯяд, ки то кунун додситонӣ ва шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Кӯлоб нисбати ҳуҷуми падаршӯ ва хонаводаи ӯ парванда боз накардаанд. Дар хонае, ки Нигинаро додгоҳи Кӯлоб маскун карда буд, ба ҷуз аз ду фарзанд дигар ҳама собиқ шуда буд. Хусури собиқ, хушдомани собиқ, шавҳари собиқ ва наздикони шавҳари собиқ, ки баъди ду моҳи зист дар он хонадон падаршӯ ӯро бо оби кампоти ҷӯшомада сӯзонида буд.
Нигина Ҳасанова, сокини 29-солаи шаҳри Кӯлоб сешанбеи 20 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мудати чор моҳ мешавад, кормандони пулис ва доситони ба шикояти ӯ расидагӣ накардаанд. Ба гуфтаи Нигина Ҳасанова, то кунун ягон мақомот ба арзи ӯ посухи расман надодааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло ҳуҷҷатҳои ӯ дар шуъбаи умури дохилаи шаҳри Кӯлоб қарор дорад.
«Ростӣ, баъди табобати якмоҳа ба суд, прокуратура, милиса муроҷиат кардам, аммо чор моҳ сипарӣ мешавад, то ҳоло ягон нафар нисбати ин кирдор ягон парванда боз нашудааст. Ҳатто хусурам бо таҳдид гуфт, ки ба ҳама ҷо муроҷиат кардӣ, оқибат чӣ аз дастат омад, боз маро таъна мезананд. Ҳоло дигар намедонам ба куҷо муроҷиат кунам»,--гуфт Нигина Ҳасанова.
Нигина Ҳасанова рӯзи 10 июл вақте дар ошхона барои кӯдаконаш ғизо омода мекард, бо падаршӯи собиқаш рӯ ба рӯ шуд. Ин мард ошкоро гуфтааст, ки дигар наметавонад ӯро дар ин хона бубинад. Нигина Ҳасанова 13 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки падаршӯяш бо таҳдид аз хона рафтани ӯро талаб кардааст. Ба гуфтаи Ҳасанова, вақте ӯ гуфтааст, ки ҷои рафтан надорад, падаршӯяш хашмгин шуда ва деги нӯшоба ё компоти сӯзонро ба сари ҳамсари собиқи писараш рехтааст.
Аммо Шамсиддин Назаров, хусури Нигина дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ латту кӯб ва рехтани нӯшобаи сӯзон ба рӯи собиқ келинашро рад кард, аммо гуфт, бо шеваи маҷбурӣ ҷой кардани келин дар хонаи хусур иштибоҳ ҳаст. Ӯ гуфт, келинаш ҳангоми гирифтани нӯшоба афтида сӯхтааст ва ӯро бардурӯғ тӯҳмат мекунад.
НАВОР АЗ БОЙГОНӢ
Баъди ин ҳодиса, Акобир Иззатулозода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин ҳодисаро таҳқиқ доранд ва то кунун ба як хулосаи ниҳоӣ нарасидаанд. Аммо як масъули шуъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб 20 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин кор кори додгоҳӣ аст ва онро бояд додгоҳ таҳқиқ намояд. Ба гуфтаи ин масъул, дар парвандаи Нигина баҳс дар мавриди манзил меравад ва ин амрро додгоҳ баррасӣ мекунад, на пулис.
Аммо Назиров, вакили мудофеи Нигина Ҳасанова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парванда дар дасти муфаттишони пулис қарор дорад. Ба гуфтаи ҷаноби Назиров, онҳо ба додситони шаҳри Кӯлоб аризаи шикоятӣ аз болои падаршӯи Нигина навиштанд. Ӯ мегӯяд, додситон аризаи онҳоро барои кушодани парванда ба шӯъбаи умури дохила фиристод.
Назиров, вакили дифои Нигина Ҳасанова мегӯяд, ки «кирдорҳои хусури Нигина бармало рӯшан аст ва бояд пулис нисбати хусури ин зан бо моддаҳои 111, яъне расонидани зарари миёна ба саломатӣ 117, бошад, азобу уқубати пай дар пай, бояд бо кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз мекард, аммо то имрӯз ман намедонам, ки тақдири ин кор чӣ шуд.»
Боз нашудани парванда нисбати падаршӯи Нигина дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл додгоҳи Кӯлоб Саид Аҳмадовро барои қатли келини 23- солааш ба муддати 19 сол аз озодӣ маҳрум кард. Саид Аҳмадов, келинаш Нилуфар Алиҷоноваи 23--соларо дар хонааш бо панҷ зарби корд ба қатл расонда буд. Дар пайи ин ҳодиса додситони шаҳри Кӯлоб нисбат ба Саид Аҳмадов бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои “е” ва “к” ва 255, қисми 1, яъне куштор парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.
Зимнан, бар асоси Кодекси манзил ва Кодекси оилаи Тоҷикистон, зан пас аз гирифтани талоқ дар сурати доштани фарзанд ҳақ дорад, дар он манзиле, ки ҳамчун келин ворид шудааст, маскун шавад.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, 13 июл зимни нишасти матбуотиаш бо рӯзноманигорон гуфт, ҳоло ба додрасҳо супориш шудааст, ки давоми 6 моҳи оянда баҳсҳои маскуншавиро ба таври махсус биомӯзанд ва дар ниҳоят роҳи ҳалли чунин баҳсҳоро пешниҳод кунанд.
Ӯ гуфт, аз ҳоло ба додрасҳо супориш шудааст, ки вақте ариза дар бораи бекоркунии никоҳро мегиранд, ҳамзамон аз ҷонибҳо даъват кунанд, ки баҳсҳои алимент ва молу мулкиро низ матраҳ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, аксаран пас аз як соли талоқ даъвои молу мулк ва алимент мекунанд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор хонавода аз ҳам пошидаанд, ки бар асоси иттилои расмӣ, беш аз 4 ҳазор нафари онҳо сарнавишти ҳамсони Нигина Ҳасановаро доранд. Зиндагӣ дар зери як бом бо афроде, ки сояи якдигарро аз девор метарошанд ва дар сари қаҳру ғазаб ҳатто метавонанд даст ба куштор бизананд.
Ҳоло Нигина Ҳасанова, талош дорад, ки то боз шудани парванда барои кӯдакони худ як сарпаноҳ ёфта, ба сар барад. Ӯ мегӯяд, ки дигар ба ҷуз шикоят роҳе надорад, то ӯро касе кӯмак кунад.