Навори зидди додарарӯси президент дар Фейсбук

Маркази ноҳияи Шаҳритӯс

Вакили мудофеи Муҳибуллоҳ Саъдуллоев иддаои як сокини Шаҳритӯс дар бораи таҷовуз шудани духтараш аз сӯи додарарӯси президенти Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ин як шантаж аст.

Қосимҷон Қосимов, вакили мудофеи додарзани президенти Тоҷикистон Муҳибулло Саъдуллоев рӯзи 14 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ муроҷиати видеоии як сокини Шаҳритӯс ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар ин маврид ки додарарӯси ӯ Муҳибулло Саъдуллоев 9 сол пеш ба номуси духтари ноболиғаш таҷовуз кардааст, туҳмат ва кори дасти раиси бозори «Ином» Бурҳон Абдуллоев номид.

Як сокини ноҳияи Шаҳритӯс дар навори видеоие, ки рӯзи 13 июл дар шабакаи Фейсбук нашр шуд, мегӯяд, Муҳибулло Саъдуллоев дар соли 2005 дар вақти набудани ӯ духтарашро маҷбуран аз хонааш бурда, ба номусаш таҷовуз кардааст. Ӯ мегӯяд, мақомоти интизомӣ дар посух ба муроҷиатҳои вай иқрор кардаанд, ки коре бо додарарӯси президент карда наметавонанд:

"Соли 2005 Саъдуллоев Муҳиб, хусурбачаи президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар набудани ман ба хонаи мо омада духтарчаи ман 15-солаамро маҷбур аз хона гирифта бурда, куҷое бурда намедонам, ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Вақте хона омадам духтари калониам гуфт, ки хоҳарчаам дар беморхона аст. Гуфтам чӣ кор кардааст, гуфт, ки дар набудани шумо Муҳиб омад ва хоҳарамро маҷбур гирифта бурд ва маҷбур таҷовуз кардаанд."

Ин зан дар идома мегӯяд: "Ҳамчун модари ҷабрдида ба кӣ ҳам шикоят мекардам ва ба кӣ арзу дод мекардам? Магар арзу шикояти манро гӯш мекарданд? Ба идораҳои дахлдор рафтам, муроҷиат намудам, ариза навиштам, гуфтанд, ки зӯри мо намерасад. Мо наметавонем зидди хусурбачаи президент ягон "дело"-и ҷиноятӣ кушоем. Агар "дело"-и ҷиноятӣ кушоем ё бигӯем, ки ту ба номуси духтарак таҷовуз кардаӣ, мо аз кор мепарем.."

Гӯянда ба ин далел аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, то нисбат ба додарзанаш Муҳибулло Саъдуллоев чорае биҷӯяд. Маълум нест, ки чаро ин зан солҳо хомӯш буд ва акнун масъаларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ кашид.

Қосимҷон Қосимов, вакили мудофеи Муҳибулло Саъдуллоев рӯзи 14 июл ба Озодӣ гуфт, ки ин навори видеоӣ махсус дар Фейсбук интишор ёфта, кори дасти раиси бозори «Ином» Бурҳон Абдулллоев мебошад, ки барои таъсир расонидан ба ҷараёни баҳси додгоҳӣ даст ба ин амали, ба гуфтаи ӯ, шантаж задааст.

Аммо Бурҳон Абдуллоев, раиси бозори «Ином» гуфт, ки аз ин навор аслан хабар надорад ва сокини Шаҳритӯс худаш барои номуси духтараш ба президент ҳамчун кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон муроҷиат кардааст: «Вай зан худаш омада ба мо муроҷиат кард, ки барои духтараш сӯхтааст ва чӣ кор кунад? Ман гуфтамаш, ки фақат ба президент муроҷиат кунад, лекин аз навору дар куҷо нашр шудани он аслан хабар надорам.»

Бурҳон Абдуллоев мегӯяд, мисли ин зан даҳҳо сокини дигари Шаҳритӯс ба назди онҳо омада аз бедодии додарзании президент шикоят мекунанд, ки чӣ кор кунанд

Аммо Қосимҷон Қосимов, вакили мудофеи Муҳибулло Саъдуллоев ин суолро мегузорад, ки чаро ин зан тайи даҳ сол ба ҳеҷ куҷо муроҷиат накард ва маҳз дар рӯзҳое, ки Дордгоҳи олии иқтисодӣ 50 дар сади бозори "Ином"-ро аз Бурҳон Абдуллоев ва наздиконаш гирифта, ба ихтиёри Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев гузошт, арз кардааст? Вай мегӯяд, ин навори видеоиро махсус дар ин шабу рӯз дар Фейсбук гузоштаанд.

Додгоҳи олии иқтисодӣ дар миёнаҳои моҳи май бо судури як ҳалнома 50 дарсади саҳмияҳои бозори "Ином"-ро ба додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев дод. Қосим Қосимов, вакили мудофеъи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки муваккилони ӯ бар асоси моддаҳои 606 ва 610-уми Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон даъвои 50 дарсади бозори “Ином”-ро кардаанд. Ин ду моддаи Кодекси шаҳрвандӣ шароит ва тартиби ҳадя додани молу мулкро танзим мекунад.

Ба иддаои ин тараф, Абдуллоевҳо нисфи бозорро ба додарарӯси президент ва шарики тиҷории ӯ ҳадя кардаанд. Аммо соҳибони бозори "Ином" инро рад мекунанд.

Ҳоло дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аризаи шикоятии саҳҳомони бозори «Ином», Бурҳон Абдуллоев, Санавбар Абдуллоев ва Ином Абдуллоев аз ин ҳукм мавриди баррасӣ қарор дорад.