Шаҳбол Мирзоев баъди 40 рӯзи табобати шушҳояш дар бемористони марказии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд қариб 2 ҳафта боз дар табобатгоҳи физиологӣ (физлечебнитса)-и Хуҷанд саломатиашро барқарор мекунад. Ӯ ҳоло метавонад дастонашро кам-кам ҷунбонад ва мустақилона хӯрок хӯрад.
Падараш Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, ки то имрӯз барои табобати Шаҳбол – аз оғози табобати ӯ дар бемористони Қарияи болои Душанбе то ҷарроҳи сутунмӯҳраву гарданаш дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскаву Русия ва 40 рӯзи табобати шушҳои обгирифтааш дар бемористони марказии вилояти Суғд – қариб 50 000 доллар сарф кардаанд. Ӯ мегӯяд, аксари ин пул аз ҳисоби фурӯши хонаашон дар ноҳияи Ашт буд.
Шаҳбол Мирзоев оғози моҳи март дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари бадрафтории ҳамхидматонаш маъюб шуд. Мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, бино ба номаи муштараки 4 генерали мустаъфӣ, ки дар вокуниш ба интиқодҳои матбуот аз фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ Раҷабалии Раҳмоналӣ рӯзи 2 июл дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шудааст, барои табобати ин сарбоз аз 7 март то 27 апрел 7 252 сомонӣ сарф карда, гӯё худи генерал Раҳмоналӣ низ ба Шаҳбол 2230 сомонӣ ёрии яквақтаина ҷудо кардааст.
Дар ҷараёни мурофиаи парвандаи Усмоналӣ Ғайратов – гумонбари асосӣ дар маъюб кардани Шаҳбол Мирзоев – низ танҳо масъала ба нирӯҳои марзбонӣ баргардонаи пули барои табобати ин сарбоз харҷкардааш матраҳ шуд ва чизе дар ин бора ки харҷи пурраи табобати ӯро билохира кӣ хоҳад дод?, гуфта нашуд. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 19 июн фелдшери нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмоналӣ Ғайратовро бо ҷурми бадрафторӣ бба 9 соли зиндон маҳкум кард ва ҳамчунрин ҳукм баровард, ки ӯ бояд ҳамчун хисороти маънавӣ ба хонаводаи Шаҳбол 8000 сомонӣ ($1,625) ва барои табобати ӯ 5,500 сомонӣ (1,158) бисупорад.
Аммо тамоми ин пул – аз маблағҳои ҷудокардаи нирӯҳои марзбонӣ, ки маҷмӯан 9 482 сомонӣ ва 13 500 сомоние, ки бояд аз Ғайратов биситонанд, ҳатто 10 дарсади пулеро ки то имрӯз барои табобати Шаҳбол Мирзоев харҷ шудааст, намепӯшонад. Чӣ расад ба он ҳама азоби алиме ки падару модар ва додари бемордори Шаҳбол Мирзоев дар ин се моҳ пушти сар карданду дар оянда боз то замони ба пояш рост кардани ӯ таҷриба хоҳанд кард. Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол мегӯяд, то ба пояш рост кардани фарзандаш аз худ заррае дареғ нахоҳад дошт.
Ин видео, ки аз аёдати Шаҳбол Мирзоев бардошта шудааст, низ бештар аз фидокориҳоест, ки падар ва модари ин сарбоз барои наҷоти фарзанди худ нишон додаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад