Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Ғайратов аз падару модари Шаҳбол узр хост


Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе эълони ҳукми айбдоршаванда дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳшударо рӯзи 18-уми июн эълон мекунад.

Айбдоркунандаи давлатӣ, рӯзи 16 июн аз додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе, барои Усмоналӣ Ғайратов - гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоев 10 соли зиндон талаб кард.

Дилшод Исломов, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи марбут ба маъюб шудани Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз додгоҳ хост, ба муттаҳами аслӣ дар ин ҳодиса Усмоналӣ Ғайратов 10 соли ҳабс дар зиндони низомаш сангин ҳукм таъин карда шавад.

Дилшод Исломов, ҳамчунин аз додрас талаб кард, ки Усмоналӣ Ғайратов ба андозаи 300 нишондиҳанда, яъне 12 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад: "Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ тибқи банди 127 - дар хатар мондан ва 373, қисми 2, яъне вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, муттаҳам дониста мешавад ва додгоҳро лозим аст, то ба ӯ 10 соли ҳабс дар зиндони низомаш сангин муҷозот кунад."

Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин хост, ҷавобгари дигар -- Гулрафтор Ширинова, масъули дорухонаи қисми низомӣ, ки дар шаби маъюб шудани Шаҳбол Мирзоев навбатдор будааст, ба 2 соли кори маҷбурӣ бо мусодираи 15 дарсади маошаш ба фоидаи маҳкум шавад.

Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, бо ҷонибдорӣ аз суханҳои додситон аз додрас хост, дар хонаи машваратӣ ба масъалаи ҷуброни зарари моддӣ низ баҳои дуруст диҳад: «Мо, ҳимоятгарон, чунин меҳисобем, ки сабаби асосии содир шудани чунин ҷиноят ин тартибу усули ғайриоинномавӣ миёни сарбозон аст. Ба қавли дигар “дедовшина» номида мешавад. Бо бовар дорем ки ягон кирдори ҷиноӣ беҷазо намемонад. Алалхусус нисбати судшавандаҳо. Гулрафтор Ширинова ва Усмоналӣ Ғайратов. Диққати судро ба он ҷалб карданӣ ҳастем, ки дар хонаи машваратӣ ҳангоми банду баст кардани далелҳо ва нисбати судшавандаҳо интихоб намудани ҷазо ҳатман ба оқибати кирдор, ки расонидани зарари вазнин ба саломатии Шаҳбол Мирзоев мебошад, баҳои дурусти ҳуқуқӣ диҳад. Ҳамчунин маълум шавад, ки чӣ қадар зарари моддиро Усмоналӣ Ғайратов ва чӣ қадарашро нерӯҳои марзбонӣ пардохт мекунанд.»
Шаҳбол дар рӯзи бозгашташ аз Маскав
Шаҳбол дар рӯзи бозгашташ аз Маскав
Ин дар ҳолест, ки вакили дифои Усмоналӣ Ғайратов, Абӯбакр Қулматов, аз додрас хост, айбнома нисбат ба зерҳимояаш бар асоси моддаи 118-и Кодекси ҷиноӣ бандубаст шуда, ҷазо ҳабсро дар бар нагирад: «Мо намегӯем, зерҳимояи мо бегуноҳ аст. Албатта, гунаҳкор аст, аммо на ба ҳадде, ки бояд чунин ҷазои сангин нисбаташ таъин шавад. Муфаттиши парвандаи Усмоналӣ Ғайратов вақти тафтишот ба бисёр қонунвайронкунӣ роҳ додааст. Дар марҳилаи аввали тафтишот бе ҳузури вакили дифоъ Ғайратовро бозпурсӣ кардааст. Агар зерҳимояи ман гунаҳкор бошад, ман аз ба ҷои вай аз падару модари Шаҳбол узр мепурсам.»

Абдулмаҷид Раҳмонов, вакили дифои Гулрафтор Ширинова, низ аз додрас хост, ки зерҳимояш аз адои ҷазо озод ва парванда алайҳи ӯ пурра қатъ шавад: «Ширинова он рӯз худсарона ҷои корро тарк накардааст, балки аз роҳбараш иҷозат гирифтаст. Баъдан, бори аввал чунин кор шудааст. Ӯ кӯдаки 4-сола дорад, ки он замон бемор будааст. Шавҳараш дар хона набудааст, ки Ширинова фарзанди беморашро дар хона монда, ба кор биёяд.»

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, дар моҳи март, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз сӯи як ҳамхидматаш маъюб шуд. Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар Красногорски Русия ҷарроҳӣ кард. Шаҳбол рӯзи 19 май аз Русия баргашт, вале то ҳол дар бемористони вилоятии Суғд бистарист ва табибон шушҳояшро аз об тоза мекунанд.

Қарор аст, ҳукми марбут ба ин парванда рӯзи 18-уми июн эълон шавад.
XS
SM
MD
LG