"Вақте пулро гузарондам, дигар ҷавоб надод"

Коллаж

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик аз он шикоят доранд, ки дар озмуни бахтсанҷӣ ё “лоторея” дар шабакаҳои иҷтимоӣ фиреб хӯрда, пули дар Русия бо ранҷ ёфтаи худро аз даст додаанд.

Саидҷон Назаров, яке аз муҳоҷирон, даъво дорад, ки баргузоркунандагони бозӣ дар саҳифаи “Шаҳнозмед” (Ютуб ва Вотсап) рӯзи 30-юми октябр “дар пахши зинда бо ваъдаи пуч мардумро фиреб дода, сипас ғайб заданд”. Вай аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дархост дорад, ки “пеши роҳи чунин шахсон гирифта шуда”, пули онҳо баргардонда шавад.

Тарҳи “Мигрант Медиа” кӯшиш кард, бо ташкилкунандагони бозӣ ҳамсуҳбат шавад, аммо то ин дам ба зангҳои телефонӣ ва навиштаҳояш посух нагирифт.

Саидҷон Назаров мегӯяд, рӯзи 30-юми октябр дар фурудгоҳи Екатеринбург интизори парвоз ба Тоҷикистон буд ва пахши зиндаи як бахтсанҷиро дар YouTube дида, сабаби бохти қисме аз маблағи коркардааш дар Русия шуд.

“Гуфтанд, агар касе ба 14 ҳазор рубл билет харад, 40 дона билет дода мешавад ва 60 ҳазор рубли дигар туҳфа. Рости гап, ман алахон (ҳаяҷонӣ) шудам. Бовар кардам, ки 14 ҳазор рубл мегузаронам, шаст ҳазор рубл медиҳанд. Ба замми он 40 билет. Дар асл ягонтааш нашуд," – нақл кард ӯ ба тарҳи "Мигрант Медиа".

Мусоҳиби мо гуфт, аз имконияти бо пули бештар ба хона баргаштан ҳаяҷонӣ шуд, аммо пайомади бозӣ ӯро дар вазъияти бад гузошт. Шикояти Саидҷон Назаров аз он аст, ки масъулони бозӣ то лаҳзаи гузаронидани пул бо ӯ дар тамос буданду ба суолҳояш посух мегуфтанд, вале баъди он бедарак шуданд.

"То чекро партофтан, дар Вотсап ҷавоб медод. Вақте чекро фиристодам, дигар ҷавоб надод. Ҳатто дар пахши зинда ҳисобашро дар "Сбербанк" хабар гирифт. Шахсан номи маро гирифт, ки Саидҷон пулро напартофтӣ. Ман вақте пулро гузарондам, чекашро фиристодам. Дигар на садо шуд, на шамол ва на пул," – шиква кард ӯ.

Ба иддаои Саидҷон Назаров, масъулони бозӣ ба ӯ 40 дона билети ваъдагиро ҳам надодаанд. Ҳар билет, ба гуфтаи ӯ, 350 рубл аст.

Видео дар Инстаграм:

Саидҷон мегӯяд, ҳамроҳи ӯ дар фурудгоҳ чанд муҳоҷири дигар низ буданд, ки "дар ин бозӣ фиреб хӯрданд". Ба гуфтаи ӯ, ин муҳоҷирон низ ба Тоҷикистон парвоз мекарданд. Талошҳои мо барои шунидани назари блогерон аз саҳифаи "Шаҳнозмед" то ин дам бенатиҷа буд. Онҳо ба зангҳои телефонӣ ва навиштаҳои мо ҷавоб надоданд.

Ба андешаи рӯзноманигор Мазҳаб Ҷуъма, ба озмунҳои бахтсанҷӣ, ки аз тарафи баъзе аз блогерон гузаронида мешавад, “набояд бовар кард”. Ӯ ҳамзамон аз муҳоҷирон гила кард, ки барои таъмини зиндагӣ ба Русия ё ҳар кишвари дигар рафтаанд, “вале чун пул ёфтанд, мехоҳанд, дар кадом як озмун ширкат кунанд ва аниқ аст, ки бой медиҳанд.”

Ин рӯзноманигор мегӯяд, “аксар блогерҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гуё бахтсанҷӣ воқеӣ аст, дар асл чунин нест. Онҳо дар аввал чанде аз дӯстон ва шиносҳои худро муаррифӣ мекунанд, ки гуё барандаи бозӣ шудаанд. Инро муваффақияти озмун нишон медиҳанд. Аз ин дасткории бархе блогерон муҳоҷирони бечора қурбон мешаванд.”

Ба гузоришҳои Радиои Озодӣ, чанд соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон чунин блогерон ва ширкатҳоро тафтиш карда, ба зидди чанд нафари онҳо ба иттиҳоми қаллобӣ парванда кушодааст. Аммо, бо вуҷуди ин, шумораи чунин озмунҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ афзоиш меёбад.

“Муҳоҷирон худашон азоби сахт доранд, дар ташвишанд, бархе ҳатто нони хӯрданӣ надоранд. Хоҳиш мекунам, беҳуда пулашонро сарф накунанд, ки инҳо намедиҳанд," – хулоса кард Саидҷон Назаров.

Видео дар Фейсбук: