Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи "кор ва $1000 даромад дар рӯз". Ба чӣ бовар (на)кунем? ВИДЕО


Коллаж
Коллаж

Ваъдаи "кор дар Амрико ва Аврупо ва ҳазор доллар даромад – дар як рӯз". Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ аз чунин эълонҳо пур шудааст.

Албатта, ҳама мехоҳад, вале эҳтиёт бошед, то сомонии охирини худро ҳам аз даст надиҳед. Қаллобон бо истифода аз фанновариҳои нав ҳар рӯз тарзи фиреби сокинонро дигар мекунанд. Бубинед, чӣ домҳое мегузоранд:

НАВОРИ СОХТА

Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи корманди Радиои Озодӣ аз сокинон даъват шудааст, ки ба як тарҳ ҳамроҳ шуда, даромади зиёд ба даст оранд. Дар он чеҳраи хабарнигор, Мӯъмин Аҳмадӣ, тасвир ёфтааст. Садои монанд ба овози ӯ, аммо бо эъломияи дурӯғ ба забони русӣ. Чанд нафар дар навор тасдиқ мекунанд, ки гуё ин корро карда, фоида гирифтанд.

Қаллобони интернетӣ аз ин видео истифода карда, бархе ба дурӯғи сохта аз номи корманди Радиои Озодӣ дода шудаанд. "Вақте наттоқи Шумо гап зад, бовар карда, пул гузарондем," – мегӯяд яке аз ҷабрдидаҳо.

Чаро бояд шубҳа кард?

Радиои Озодӣ тиҷоратӣ нест ва ҳеч гоҳ ширкат ё молу маҳсулоту гурӯҳеро таблиғ намекунад. Агар ба чунин фиребе дучор шудед, бояд аввал ба мо тамос гиред, то дурустии онро дақиқ кунед. Маъмулан, қаллобон аз номи созмону корхонаҳои машҳур чунин амалро анҷом медиҳанд, то осон сокинонро фанд диҳанд

ФИРЕБҲОИ МАЪМУЛӢ КАДОМАНД?

Дар се моҳи охир даҳҳо нома гирифтем, ки сокинон ба эълонҳо ва шахсони ношинос дар Интернет бовар карда, фиреб хӯрдаанд. Дастабандии роҳҳои фиреб тақрибан чунин аст:

Кор ё таҳсил дар Аврупо

Самад Саидов, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, дар Инстаграм эълони корро дар Аврупо дида, ба рақамҳои Телеграме, ки дар он буд, тамос гирифт. Соҳиби он саҳифа вонамуд карда, ки бисёр ҷиддӣ аст ва аз ӯ нусхаи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳоро пурсидааст.

"Барои ба боварӣ даромадан ҷойи кори ояндаро дар як ширкати хаткашонии аврупоӣ нишон дод ва нафареро ҳамчун раҳбар пайваст карда, бо забони русӣ гап зад. Пас аз он ҳазор евро ба ҳисоби бонкии онҳо гузарондам, ӯ нопадид шуд," -- нақл кард ҳамсуҳбати мо. Самад Саидов ба мақомоти Тоҷикистон садову нусхаи гуфтугӯяшро бо ариза супурд, вале дар Душанбе то ҳанӯз ин афродро пайдо накардаанд.

Шаъбони 23-сола, ки орзуи таҳсил дар Аврупоро дошт, ба эълони таҳсили осон дар Инстаграм дода шуд, аммо пеш аз пардохти пул аз устодаш машварат хост. Устодаш гуфтааст, “биё, аввал бисанҷем.” Онҳо ба сомонаи расмии донишгоҳ нома навиштанд ва нусхаи гуфтугӯро бо касе, ки аз номи Донишгоҳ суҳбат мекард, фиристоданд. Масъулони Донишгоҳ ба онҳо посух додаанд, ки "бовар накунед, сад дарсад дурӯғ аст.”

Интиқоли пул бо дарсади кам

Шарифбек Давлатови 25-сола дар Олмон ронандаи мошини боркаш аст. Чор моҳ пеш дар Телеграм бо нафаре шинос шуд, ки ваъда дод, бо баҳраи бисёр кам ба Тоҷикистон пул мефиристад. Ӯ ба ҳисоби ин шахс ҳазор евро гузаронд, то ба Тоҷикистон интиқол диҳад, "вале нопадид шуд".

Шарифбек мегӯяд, ин нафар беш аз 25 муҳоҷирро ҳамин гуна фиреб додааст. Баръакси дигар ҳолатҳо, ин ҳамсуҳбати мо гуфт, шахсияти ин нафарро ошкор карданд ва хонаводаашро дар Тоҷикистон ёфтанд, вале худи ӯро касе пайдо карда наметавонад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳҳои гуногуни интиқоли пул таблиғ мешаванд. Беҳтараш, ба гуфтаи мутахассисон, аз бонкҳо бояд пурсид, ки кадоме аз ин роҳҳо қонунӣ аст ва он гоҳ фиреб намехӯред.

Лотерея буридед ё ворис ҳастед

Гоҳе дар паёмрасонҳои Фейсбук ба корбарон нома мерасад, ки гуё кадом ҳамнасабашон дар кадом кишвари африқоӣ фавтида ва аз ӯ чанд миллион доллар мондааст. Ташвиқ мешавад, ки барои соҳиб шудани пул бо онҳо тамос гиранд. Вақте ба онҳо тамос мегиред, ҳатман мехоҳанд, ки барои кадом ҳуҷҷате як миқдор пул фиристед.

Ҳангоме ин пул фиристода мешавад, дигар онҳоро намеёбед. Ҳолати бадтараш он аст, ки маккорон метавонанд аз шумо ҷузъиёти ҳисоби бонкиятонро гиранд ва чанд рӯз баъд бинед, ки онро холӣ кардаанд.

“Рақами корт ё рамзи телефонро гӯед”

Ҷамила, як сокини шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки ӯ як дучархаи кӯҳнаро дар як сомонаи маҳаллӣ ба фуруш гузошт. Шахсе худро харидор вонамуд кард ва аз ӯ шумораи корти бонкиашро пурсид, то пули дучархаро гузаронад. Вақте тамоми рақамҳои корти бонкиашро гуфт, ба телефони мобилиаш рамз омад. Ин рамзро ҳам бо дархости "харидор" ба ӯ гуфт ва пас аз чанде 4,5 ҳазор сомониашро аз даст дод. Рақаме, ки ба ӯ занг зада буд, дигар кор накард.

Пушти ҳар корти бонкӣ корти рамзии бехатарӣ аст, ки аз се рақам иборат аст. Агар нафаре онро донад, имкон дорад, корти бонкии шуморо истифода кунад. Бо чунин мазмун чаҳор муҳоҷир шикоят карданд, ки ба онҳо дар Русия занг зада табрик кардаанд, ки дар озмуне пирӯз шуданд ва рақами корташонро гӯянд, то ба онҳо пул гузаронанд.

"Секс - шантаж"-и муҳоҷирон

Гоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба шумо духтарони бисёр зебои хориҷӣ дархости дӯстӣ мефиристанд. Ин маънои онро надорад, ки чашму абрӯятон дар миёни ҳазорон нафар ба ӯ писанд афтодааст.

Баъзан ин ошноӣ бо фоҷеа меанҷомад. Як муҳоҷири 42-сола, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки чӣ тавр қурбонии чунин “дӯстӣ” шуд.

"Пас аз ошноӣ “духтар” пешниҳоди робитаи маҳрамонаи онлайниро кард. Овози ин “бону”, ки русӣ ҳарф мезад, бисёр ширин буд ва ҳар амале, ки ӯ хост, бо тани бараҳна видеоӣ иҷро кардам. Як рӯз баъд видеои лаҳзаҳои робитаи маҳрамонаи онлайниро фиристода, талаб карданд, ки агар 100 ҳазор рубл нагузаронам, онро ба ҳама дӯстон дар Фейсбук мефиристанд," -- нақл кард ӯ.

Ин муҳоҷир гуфт, пулро дод, вале ҳанӯз тарс дорад, ки рӯзе он навор ба дасти дӯстону наздиконаш нарасад. Ба нақли муҳоҷир, шахсони зиёде чунин фиреб мехӯранд, вале аз ин ҳолат ба ҳеч куҷо шикоят намебаранд, чун аз беобрӯӣ метарсанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Кор ва $1000 даромад." Ба чӣ бовар (на)кунем?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

РОҲИ ҲАЛ ЧИСТ?

Як муфаттиши соҳибтаҷриба дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, қаллобон ба ҳадде моҳирона рафтор мекунанд, ки пайдо кардан ва ҷазо додани онҳо сахт аст. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, ёфтани қаллобон дар ҳамкорӣ бо мақомоти кишвари дигар имконпазир аст, вале ба ҳадде бояд нерӯ ва вақт сарф кард, ки аз зиёни расида ба шаҳрвандон бештар аст. Аз ин рӯ, ӯ гуфт, дар аксар ҳолат муфаттишон бинобар надоштани нерӯи кофӣ ва вақт аз таҳқиқи чунин парвандаҳо даст мекашанд.

Таҳқиқи мо нишон дод, ки қаллобони интернетӣ бештар ҷавонони дар орзуи кору таҳсилро аз кишварҳои камбизоат шикор мекунанд ва ба онҳо ваъдаи ба осонӣ соҳиби даромад шуданро медиҳанд. Аз суҳбати мо бо афроди фиребхӯрда маълум шуд, ки онҳо фаҳмиши хуби истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро надоранд ва то лаҳзаи фанд ба осонӣ бовар кардан намехоҳанд, ки ин дурӯғ аст.

Танҳо як роҳ шуморо аз фиреб хӯрдан наҷот медиҳад: Тафтиш, санҷиш ва шубҳа кардан. Нафар ё ширкате, ки ба шумо ваъдаи кор ё таҳсил дар Аврупоро додааст, дар куҷо сабти ном шудааст? Дар Тоҷикистон коргоҳ дорад? Онро аз наздик дида метавонед? Пеш аз пул фиристодан аз афроди огоҳ бояд пурсед, ҷустуҷӯ кунед, то фиреб нахӯред. Қаллобон ба ҳар саволи шумо аз пеш ҷавоб доранд ва тавре рафтор мекунанд, ки зуд дода мешавед.

Барои маълумоти бештар ба саҳифаи "Дарсҳои саводи расонаӣ" дар Ютюби Радиои Озодӣ руҷуъ кунед

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG