Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми масъулони "Инвест Лото" эълон шуд. Маҳкумшудаҳо норозиянд. ВИДЕО


Кормандони бозддоштшудаи ширкати "Инвест Лото". Акс аз гузориши видеоии мақомоти Тоҷикистон
Кормандони бозддоштшудаи ширкати "Инвест Лото". Акс аз гузориши видеоии мақомоти Тоҷикистон

Ҳукми раҳбари ширкати "Инвест Лото" ва ҳамроҳонаш, ки ба гуфтаи худашон бозии шаффоф доштанд, вале ба қавли мақомот ба ташкили қиморхона, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунии асъор муттаҳаманд, эълон шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми феврал Муҳиддин Назаров, раиси "Инвест Лото"-ро ба 19 соли зиндон маҳкум кард. Ду ҳамкораш - Фаромарз Наҷотов ва Максим Попович 22-солӣ зиндонӣ шуданд.

Додгоҳ ба кормандони дигари ширкати "Инвест Лото" -- Каюмарс Киромов 19 сол, Комбиз Наҷотов 18 сол, Нурулло Аҳроров 11 сол, Саидшоҳ Камаров 10 сол, Машҳур Алиев 7 сол, Комбиз Истадов 6 сол ҳукми зиндон дод.

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 19-уми феврал аз додгоҳи Душанбе барои Муҳиддин Назаров ва ҳамроҳонаш аз 6 то 23 соли зиндонро талаб карда буд.

Дар вокуниш ба ҳукми ниҳоии додгоҳ, баъзе аз маҳкумшудаҳо дар толори мурофиа гуфтанд, "магар террористем, одамкушем, ки ин қадар соли зиёд додед?" Вакилони мудофеи маҳкумшудаҳо гуфтанд, аз ҳукм розӣ нестанд ва барои бознигарии он ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат мекунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Эълони ҳукми масъулони "Инвест Лото" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Як шаҳрванди хориҷӣ Милош Алексич аз Сербия ва ду корманди "Инвест лото" низ дар ин қазия муттаҳам ҳастанд. Онҳо ҳоло дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд. Мақомот қазияи ҷустуҷӯи онҳоро то ба ҳол шарҳ надодаанд.

Парванда нисбати дастгиршудаҳо моҳи сентябри соли гузашта аз сӯи додситонии Душанбе боз шуда, ба додгоҳ ирсол гардида буд ва аз се моҳ ба ин тараф дар додгоҳи Душанбе идома дошт.

Қаблан Хуршед Сатторзода, масъули додситонии Душанбе дар як гузориши телевизиони Тоҷикистон гуфта буд, ки кормандони "Инвест лото" самти ҳаракати саққоҳои бурднокро ба "пулт"-и идоракунӣ тағйир дода, бозиро ба бохти мизоҷ анҷом медодаанд.

Аммо баъзе аз адвокатҳои муттаҳамон мегӯянд, зерҳимояҳои онҳо ба чунин кор даст назадаанд ва бозии "Бинго" шаффоф буда, дар баробари бохтҳо, ба фоидаи мизоҷон ҳам бурдҳо доштааст.

Ба иттилои мақомоти додситонии кишвар, боздошти кормандони "Инвест лото" дар пайи шикояти гурӯҳе аз мизоҷони он, ки худро фиребхӯрда ва ҷабрдида меҳисобанд, сурат гирифтааст.

Бар асоси моддаи 240-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино) дар кишвар манъ аст, аммо дар гузашта мақомоти интизомӣ борҳо аз боздошти афроде хабар додаанд, ки ба ташкили қиморхона гумонбар мешуданд.

Дар кӯчаҳои Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар толорҳои зиёди бозии лото ба назар мерасад, ки шумори бузурге аз сокинон "мӯътод"-и бозиҳои онҳо шудаанд. Мақомот онҳоро "қимор" намешуморанд. Бозиҳои бурдноки лотерея ё дастгоҳҳои электронии саргармкунанда гоҳе ба ҷайби мизоҷонашон зарбаи бузурги молӣ низ мерасонад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG