Узбакистон шумори парвозҳоро ба Душанбе кам кардааст

Акс аз бойгонӣ

Шумори парвози ҳавопаймоҳо аз Тошканд ба Душанбе аз ду парвози қаблӣ то ба як парвоз дар ҳафта коҳиш ёфтааст. Намояндагии ширкати "Узбекистон ҳаво йӯллари" дар Душанбе далели ин вазъро ба камбуди мусофирон рабт дод.

Қабл аз солҳои навадум Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.

​Аз замони шурӯи парвозҳои расмӣ дар хатти сайри Тошканд - Душанбе - Тошканд дар моҳи апрели имсол ҳавопаймоҳои ширкати "Узбекистон ҳаво йӯллари" ҳафтае ду дафъа – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа – дар ин масир парвоз анҷом медоданд. Ҳоло ин парвозҳо фақат дар рӯзи сешанбе сурат мегирад.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, рӯзи 3 июн хабари коҳиши парвозҳо дар масири Тошканд - Душанберо тасдиқ кард.

Баъзе аз сокинон аз гаронии нархи билет дар ин хатти сайр нигаронӣ доранд, ки феълан 130 евро аст. Ба гуфтаи онҳо, ин нарх барои соҳибкорон мувофиқ буда, аммо мардуми оддӣ, ки бахши аслии мусофиронро ташкил медиҳанд, гарон аст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳанӯз таърихи шурӯи парвози расмии ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Тошканд рӯшан нест. Парвози озмоишии ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Тошканд моҳи феврали имсол бо ҳайати расмии ниҳодҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва гурӯҳе аз хабарнигорон анҷом шуда буд.

Парвози озмоишии ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Тошканд. 10-уми феврали соли 2017

Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон қатъ шуда буд. Пеш аз ин, Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.

Ҳафтаи гузашта ширкати “Asian Express Terminal”-и Душанбе низ эълон кард, ки ҳаракати мунтазами мусофирбарҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Бухороро бо ҷониби Узбакистон баррасӣ доранд. Як намояндаи ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати ризояти Тошканд, сокинон бо нархи арзонтар то кишвари ҳамсоя хоҳанд рафт.