Ш.Мирзиёев: Ҳамкориҳои стратегии Ӯзбакистон бо Русия тақвият меёбад. АКС

Рӯзи 6 сентябр дар шаҳри Самарқанд Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Ӯзбакистон дар мулоқот бо президент Владимир Путин гуфт, ки ҳамкориҳои кишвараш бо Русия “дӯстона ва стратегӣ” боқӣ мемонад, “ҳамонгуна, ки дар давраи Ислом Каримов буд”. Бо изҳори сипос ба Путин барои зиёрати қабри Ислом Каримов, Шавкат Мирзиёев рӯзи сешанбе дар шаҳри Самарқанд - макони дафни президенти нахустини Ӯзбакистон - гуфт, бо боздиди худ аз Ӯзбакистон Путин “муносибати худро ба мардуми ин кишвар ва ҳам равони президенти нахустини ин кишвар Ислом Каримов намоиш дод”.

Путин қабри Каримовро зиёрат кард

Вай гуфт, “Ин сафари шумо маъноҳои зиёд дорад. Дар рӯзҳои сангини азодории мо барои президенти аввалин Ислом Абдуғаниевич, дӯсти мо пуштибонии худро намоиш медиҳад”. Бо ёдоварӣ аз суханрониҳои Путин дар Чин рӯзи 5 сентябр дар ҷараёни нишасти гурӯҳои G20, Мирзиёев гуфт: “Шумо дуруст қайд кардед, ки дар ин солҳо як сохтори ҷиддии ҳамкориҳои миёни Ӯзбакистону Русия бунёд шудааст”. Вай гуфт, ҳамкориҳо бо Русия дӯстонаву стратегӣ “буд, ҳаст ва хоҳад монд”. Ба қавли ӯ, “ҳама медонад ва Ислом Абдуғаниевич ҳамеша мегуфт, ки мо ҳамкориҳоро бо Федератсияи Русия идома медиҳем ва ҳамкориҳои мо дар доираи сиёсати хориҷӣ хусусияти стратегӣ дорад. Ин ҳамкориҳо тавсеа хоҳад ёфт”.

Мирзиёев таъкид кард, ки сафари шахсии Путин ба Самарқанд аз назари мардум ва ҳам давлати Ӯзбакистон “маъноҳои зиёд дорад”.

Маросими гулгузорӣ дар қабри Каримов дар Самарқанд

Субҳи 6 сентябр Владимир Путин бо ҳадафи зиёрати қабри Ислом Каримов ва изҳори тасаллият ба ҳукумат ва аъзои оилаи президенти Ӯзбакистон вориди Самарқанд шуд. Ислом Каримов рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Тошканд бар асари хунравии мағзӣ дар синни 78-солагӣ даргузашт ва рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Самарқанд дар оромгоҳи наздикии мақбараи Шоҳи Зинда ба хок супурда шуд.

Президенти Русия Владимир Путин дар гуфт, ки мардум ва раҳбарияти Ӯзбакистон метавонанд ба Русия ба ҳайси як дӯсти бовафои худ такя кунанд. Вай гуфт, умедвор аст, “он чи ки президент Ислом Каримов бунёдашро гузошта буд, идома хоҳад ёфт. Вай гуфт, “мо аз ҷониби худ тамоми талошамонро ба хотири пешрафти дуҷониба ба харҷ медиҳем, мардум ва раҳбарияти Ӯзбакистонро дастгирӣ мекунем. Метавонед ба кӯмаки мо ба таври комил ва ҳамаҷониба, ба ҳайси дӯстони худ такя кунед”, гуфт Путин дар мулоқот бо нахуствазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев.

Путин аз Каримов ситоиш кард ва гуфт, ки президенти Ӯзбакистон равобити миёни ду кишварро дар доираи ҳамкориҳои стратегӣ бунёд карда буд. Путин гуфт, ки Русия ҳамкориҳои мардумиву фарҳангиаш бо Ӯзбакистонро қадр мекунад.

Ҳамсар ва духтари Каримов дар маросими дафн

Баъди зиёрати қабри Каримов дар шаҳри Самарқанд, Путин ба ҳамсар ва духтари президенти Ӯзбакистон изҳори тасаллият кард. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки нахуст маросими гулгузорӣ дар сари қабри Каримов дар оромгоҳи назди мақбараи Шоҳи Зинда дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд ва баъдан мошини Путин ба самти Қасри анҷуманҳо ҳаракат кард. Дар ин қароргоҳи президенти Ӯзбакистон дар шаҳри Самарқанд Путин бо хонум Татяна Каримова ва духтараш Лола Каримова-Тиллоева мулоқот ва ба онҳо изҳори тасаллияти худро баён кард. Хабаргузориҳои русӣ таъкид мекунанд, ки ин мулоқот бидуни ҳузури журналистон ҷараён гирифт.

Ислом Каримов рӯзи 3 сентябр дар зодгоҳаш – шаҳри Самарқанд дар оромгоҳе ба хок супурда шуд, ки авлодҳои ӯ дар ин қабристон гӯр карда шудаанд. Путин баъди ширкат дар нишасти сарони кишварҳои G20 дар Чин, ки рӯзи 5 сентябр хотима ёфт, ба Самарқанд парвоз кард. Путин даргузашти Каримовро “як талафоти азим” барои Ӯзбакистон хондааст. Путин гуфт, ки умедвор аст, ки раҳбарияти баъдии ин кишвари Осиёи Марказӣ тавони ҳифзи суботро хоҳад дошт.