Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон барои видоъ бо Ислом Каримов ба Самарқанд рафт (ВИДЕО)


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар маросими дафни Ислом Каримов, ба Узбакистон рафт. Маросими видоъ ва дафни раиси ҷумҳури Узбакистон имрӯз, 3 сентябр дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 3 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин манзур дар раъси як ҳайати давлатӣ озими Узбакистон шуд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим пури Ҷаҳонгир, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шоми 2-юми сентябр, даргузашти Ислом Каримовро барои сокинони Узбакистон тасаллият гуфт. Оқои Раҳмон бо ирсоли паём даргузашти Ислом Каримовро “талафоти вазнину ҷуброннопазири мардуми дӯсти ӯзбек” дониста ва гуфт, ин хабарро дар Тоҷикистон “бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтанд”.

Интиқоли ҷасади Ислом Каримов аз Тошканд ба Самарқанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00
Линки мустақим

Тибқи гузоришҳои расида, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви “G20” шаҳри Пекин ширкат дошт, барои ширкат дар маросими видоъ бо Ислом Каримов, ба Узбакистон хоҳад омад.

Дар маросими видоъ Дмитрий Медведев ва Соронбой Женбеков, нахуствазирони Русия ва Қирғизистон низ ширкат хоҳанд кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон низ гуфтааст, ки як ҳайати баландпояи кишвараш дар раъси вазири умури хориҷӣ Муҳаммадҷавод Зариф ҷиҳати ширкат дар маросими видоъ бо Ислом Каримов, ба Самарқанд сафар кардааст.

Арги раёсати ҷумҳури Афғонистон низ рӯзи гузашта эълон кард, ки президент Ашраф Ғанӣ ҷиҳати ширкат дар маросими видоъ ва дафни Ислом Каримов, ба Самарқанд меравад.

Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Узбакистон рӯзи 2-юми сентябр эълон кард, ки бино ба васияти Ислом Каримов ҷасади ӯ тибқи анъанаҳои мусулмонӣ дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супурда хоҳад шуд. Маросими видоъ ва дафни Каримов имрӯз, 3 сентябр дар Самарқанд баргузор мегардад ва Узбакистон то 6 сентябр мотами миллӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG