Ҷангиёни узбак дар сафҳои "Давлати исломӣ" дар Кӯбонӣ

Ҷиҳодиёни узбак, ки дар сафҳои нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Кӯбонии Сурия меҷанганд, як видеои таблиғотӣ-сиёсӣ нашр кардаанд.

Ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ, ҷангиёни узбак дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Кӯбонии Сурия навореро ба нашр расонидаанд, ки бо телефони мобайл наворбардорӣ шудааст ва аз чанд рӯз ба ин тараф интернет чарх мезанад. Яке аз ҷангиён, ки дар ин навор нишон дода шудааст, худро "мудофеъ ва раҳоибахши курдҳои маҳрум дар Кӯбонӣ" муаррифӣ мекунад ва дар ҳоле, ки ба забони арабӣ ҳарф мезанад, ба як пиразани курд кӯмак карда ва хӯрок медиҳад. Ду нафари дигар дар ин навор узбакзабон ҳастанд ва ба назар мерасад, ки яке аз онҳо наворбардорӣ мекунад.

Ҷангии араб дар ин навор мегӯяд, "инҷо ин пиразани курдро мебинем, ки фарзандонаш ӯро бе обу хӯрок мондаанд. Мо ба ӯ обу хӯрок медиҳем ва ӯро нигоҳубин мекунем". Шахси дигари ҳозир дар ин навор ба забони узбакӣ мегӯяд, "бояд ин наворро бибарем ва дар интернет бигузорем, то куффор бубинанд."

Ин навори кӯтоҳ ба хилофи бисёре аз наворҳои дигар аз шаҳри Кӯбонӣ дар шимоли Сурия, бахше аз таблиғоти расмии гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба назар намерасад. Ин навор бо аксҳо ва наворҳои мустанад дар бораи Кӯбонӯ, ки аз сӯи бисёре аз ҷангиёни аҳли Русия ва ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин дар шабаки интернет мунташир шудааст, фарқи зиёд дорад. Дар наворҳои дигар маъмулан хушунат ва бераҳмии "Давлати исломӣ" дар Кӯбонӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Ду ҷангии узбак ва як арабзабони мавҷуд дар ин навор талош мекунанд худро ҳимоятгари афроди оддӣ ва маҳаллӣ ва ғайринизомӣ нишон диҳанд. Ин видео ҳамчунин яке аз аввалин санадҳо аз ҳузури ҷиҳодиёни Узбакистон дар сафҳои "Давлати исломӣ" дар Кӯбонӣ аст. Наворҳо ва аксҳои дигаре, ки қаблан нашр шуда буд, ҳузури ҷиҳодиёни чечен ва озарбойҷониро дар ҳамла ба шаҳри Кӯбонӣ нишон медод.

Ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ, як ҷангии узбак бо номи "Абӯ Усмон" дар Сурия ба ин радио гуфтааст, ки акнун садҳо нафар аз Осиёи Миёна дар Сурия меҷанганд.

Наздик ба ҳашт моҳ пеш ва дар моҳи март, як гурӯҳи муҳим аз ҷангиёни узбак дар Сурия ба номи "Ҷамоати Сабрӣ" бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва Умари Шишонӣ -- яке аз фармондеҳони низомии чечентабори ин гурӯҳ иттиҳод карданд. Бахши калоне аз аъзои "Ҷамоати Сабрӣ" тоҷикҳо, доғистониҳо ва чеченҳо ҳастанд. Усмон Қозӣ, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон ҳам ҳимояти худро аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" эълом кардааст.