Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савганди садоқати ҷангиёни узбак ба "халифа"-и "Давлати исломӣ" (ВИДЕО)


Ҷангиёни узбак дар Сурия
Ҷангиёни узбак дар Сурия

Як гурӯҳи ҷангиёни узбак аз ҷиноҳи "Имом Бухорӣ" ба раҳбар ё "халифа"-и созмони "Давлати исломӣ" Абӯбакр Ал-Бағдодӣ савганди садоқат додаанд.

Гурӯҳе аз ҷангиёни Осиёи Марказӣ аз ҷиноҳи "Катибат-Ал-Имом Бухорӣ", ки дар он узбактаборҳо бештаранд, тобеъияти худро ба раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” Абӯбакр Ал-Бағдодӣ баён намуданд. Саҳифаҳои марбут ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар таърихи 30 уми октябр навори видеоиеро нашр карданд, ки дар он изҳори садоқати ҷангиёни Осиёи Марказӣ ба Бағдодӣ намоиш дода шуд. Дар ҳоле ки як гурӯҳе аз ин фирқа ба Бағдодӣ тобеъ шудааст, бахшҳои дигари он аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” худдорӣ кардаанд.

Ин навори видеоӣ, ки таҳти номи “Пайвастан ба суфуф” нашр шудааст, изҳори садоқати ду ҷангии зоҳиран узбактаборро нишон медиҳад, ки якеаш “Абӯ Ҳафс Ал-Узбакӣ” муаррифӣ шудааст. Ҷангиён гуфтанд, ки онҳо аз сарзамини Мовароуннаҳр омадаанд. Арабҳо дар солҳои аввали истилои Осиёи Марказӣ ин сарзаминро ба ҳамин исм, яъне он сӯи наҳр” (манзур – рӯди Ҷайҳун ё Омӯ) ном мебурданд. Маълум нест, ки ин видео кай наворбардорӣ шудааст.

“Катибат-ал -Имом Бухорӣ” дар вилояти Ҳалаби Сурия дар суфуфи ҷиноҳи “Ҷабҳат-ал- Нусра”, як ниҳоди марбут ба шабакаи Ал –Қоида ва ду ҷиноҳи дигари таҳти назари ҷангиёни чечен - “Ҷамоъати Сайфуллоҳ Шишонӣ” ва “Ҷайши Муҳоҷирин-вал- Ансор” бо нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад меҷангид. Ҷангиёни Осиёи Марказӣ ба интернет дастрасӣ доранд ва сари чанд вақт асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳо пахш мекунанд. Ин гурӯҳ худро ба ифтихори донишманди Ислом дар асри 9, Муҳаммад Ал- Бухорӣ чунин ном гирифтааст.

Дар ҳоле ки ҷангиёни Осиёи Марказӣ дар суфуфи гурӯҳи “Давлати Исломӣ”ҳуҷумҳои интиҳорӣ ва сар задани инсонҳоро таҷруба мекунанд, ҳамсолони онҳо дар Тоҷикистон дар ин видео дар бораи сабабҳои рӯ ба ҷанги Сурия овардани ҳамватанони худ изҳори андеша мекунанд.

Чаро ҷавонон ба ҷанги Сурия мераванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

XS
SM
MD
LG