Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо пахши изҳороте рӯзи 29 ноябр дар робита ба бекор кардани аккредитатсияи шаш хабарнигорони Радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороте, ки тавассути сафорати ИМА дар Душанбе пахш шуд, таъкид мешавад, ки хабарнигорон дар ҷомеаи демократӣ мавқеи муҳимро мебозанд. Аз ин сабаб, "ИМА аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки ба хабарнигорон ҳуқуқи озодии баёнро таъмин намуда, ба онҳо барои бемамоният изҳор намудани нуқтаи назарашон мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мусоидат намоянд".
Рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ бо як қарори Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муҷаввиз ё "аккредитатсия"-и шаш журналисти Радиои Озодӣ дар Душанбе - Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Ризозода, Амриддин Олимов ва Шодмони Ятим - боздошта шуд. Вазорат расман тасмими худро шарҳ намедиҳад. Аммо ҳодиса баъди он рух дод, ки Радиои Озодӣ талаби аз саҳифаи интернетӣ бардоштани хабар дар бораи мақоми духтари президент Рухшона Раҳмоноваро дар Вазорати корҳои хориҷӣ рад кард.
Ном ва мақоми духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар асл дар рӯйхати расмии кормандони Вазорати умури хориҷӣ дар вебсайти ин ниҳод чоп шуда, манобеи дигар ҳам хабарро тасдиқ карданд.
Томас Кент, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо пахши изҳороте дар робита бо ин ҳодиса гуфт, муҷаввизи фаъолияти хабарнигорон баъди он қатъ карда шуд, ки Радиои Озодӣ тасмим гирифт, мақоларо дар вебсайташ нигоҳ дорад.
CPJ: "Аккредитатсияи" хабарнигорони Озодиро баргардонед
Кумитаи байналмилалии дифоъ аз хабарнигорон (Committee to Protect Journalists), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ҳарчӣ зудтар "аккредитатсия" ё эътиборномаи 6 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанберо баргардонанд. Роберт Маҳонӣ, муовини раиси Кумитаи дифоъ аз журналистон, гуфт, монеъ шудан ба кори хабарнигорӣ, мисли муқобила нишон додан барои нашри хабар, онро аз байн набурда, балки таваҷҷӯҳро бештар мекунад. "Аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон даъват мекунем, ҳарчӣ зудтар "аккредитатсия"-и шаш хабарнигори Радиои Озодиро барқарор карда ва ба дахолат дар кори расонаҳо хотима диҳанд", - таъкид кард Маҳонӣ.
"Метарсем, ки Тоҷикистон ба минтақаи журналистони бе ҳуқуқ табдил мешавад"
Аз ин пеш, созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз", қароргоҳаш дар Порис, аз қатъи фаъолияти 6 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ кард. Раҳбари барномаҳои ин созмон Люсие Моррилон рӯзи 28 ноябр бо пахши изҳороте гуфт, "мо аз суқути тадриҷии вазъ дар Тоҷикистон ва аз суръати ин коҳиш дар тахминан ду соли охир нигарон ҳастем. Метарсем, ки ин кишвар ба як минтақаи дигари журналистони бидуни ҳуқуқ дар қаламрави Осиёи Марказӣ табдил мешавад."
Созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" мегӯяд, аз ин пеш, дар ибтидои моҳи ноябр нашрияи "Нигоҳ" ва ба дунбол Оҷонсии иттилооти “Тоҷнюс” аз фаъолият монданд.
Моррилон афзуд, "дар ҳоле ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар бадтар мешавад, ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки кори матбуотро зери назорат гирад."
Созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" мегӯяд, аз ин пеш, дар ибтидои моҳи ноябр нашрияи "Нигоҳ" ва ба дунбол Оҷонсии иттилооти “Тоҷнюс” аз фаъолият монданд. Муассиси "Нигоҳ" ва "Тоҷнюс" расман гуфт, ки ба далели "набудани шароити лозим дар кишвар" корро қатъ кардааст, вале бархе аз манобеъ далели аз чоп мондани “Нигоҳ”-ро барои нашри иштибоҳии калимаи "президент" донистанд. Ҳардуи ин расона аз манбаъҳои алтернативии хабарҳои муҳим дар масоили сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Созмони мудофеи озодии баён мегӯяд, ин ҳама таҳаввулот ба ҷорӣ шудани муҷозот барои таҳқири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки унвони Пешвои миллатро дорад, вобаста аст. Моддаи муҷозот барои таҳқири пешвои миллат дар Кодекси ҷиноӣ дар паҳлӯи моддаи "таҳқири президент" истодааст, ки барои таҳқири раҳбари давлат дар расонаҳо ва шабакаи Интернет ба миқдори аз 20 ҳазор сомонӣ ҷарима то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар ин модда шарҳ дода нашудааст, ки мафҳуми таҳқир чист ва то куҷо интиқод аз сиёсати Пешвои миллат низ метавонад аз рӯи ин модда баррасӣ шавад.
“Гузоришгарони бидуни марз” мегӯяд, бо назардошти бадтар шудани вазъ ва шароити кори журналистон дар Тоҷикистон, бо Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон – НАНСМИТ созишномае имзо кардааст, ки ҳадафаш ироаи кумаки бештар ба хабарнигорони тоҷик аст. Ҳадафи ин созишнома – ҳимоят аз озодии баён ва кумак дар иҷрои кори касбии хабарнигорон дар Тоҷикистон аст.
Тоҷикистон имсол дар як раддабандии байналмилалии озодии матбуот якбора 34 зина поин рафта ва дар мақоми 150-ум қарор гирифт. Созмони "Гузоришгарони бидуни марз", баҳори имсол вазъи матбуоти Тоҷикистонро "дар ҳолати як рукуди хатарнок" тасвир кард ва гуфт, мақомот бо баҳонаи мубориза бо терроризм, мухолифони сиёсиро аз байн бурда фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш додааст.