Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи мақоми Додситонӣ ба суоли Чаро озодиҳо маҳдуд шудааст?


Усмоналӣ Холиқзода
Усмоналӣ Холиқзода

Дар ҳоле ки хабарнигорон аз маҳдуд шудани озодии баён дар як соли гузашта нигаронӣ карданд, як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон далелашро "вазъи муташанниҷи ҷаҳон" унвон кард.

Як намояндаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон дар рӯзи таҷлил аз озодии баён ба ин суол, ки "чаро мақомот озодиҳоро маҳдуд кардаанд?", посух дод. Усмоналӣ Холиқзода, прокурори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Додситони кулл, рӯзи 3 май дар Душанбе гуфт, мақомоти расмӣ ҳамагуна интиқодро таҳаммул мекунанд, вале вазъи, ба гуфтаи ӯ, муташанниҷи ҷаҳон водор кардааст, ки баъзе озодиҳо то ҳадде маҳдуд шаванд.

Ӯ гуфт, "вазъи ҷаҳони имрӯза ба ҳамаи мо маълум аст. Терроризму экстремизм рӯ ба авҷ дорад. Дар чунин вазъият давлат тасмим мегирад, ки барои таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодӣ ва манофеи шаҳрвандон баъзе озодиҳоро то ҳадде маҳдуд кунад."

Ин намояндаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар сурати ором шудани вазъияти ҷаҳон ва ҳамин тавр, коҳиш ёфтани ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстримизм фазои озодӣ пурра барқарор хоҳад шуд.

Ҳумайрои Бахтиёр
Ҳумайрои Бахтиёр

Гуфта мешавад, ки дар як соли охир дастрасӣ ба иттилоъ боз ҳам мушкилтар шуда, ҳатто гурӯҳе аз хабарнигорон ночор кишварро тарк кардаанд. Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик, аз шеваи таҷлили озодии баён дар кишвар интиқод кард ва гуфт, ки дар ин рӯз бояд гуфта мешуд, дар кишвар чӣ қадар хабарнигор ҳаст, чи қадари онҳо бо ҷои кор таъминанд ва чи қадари дигар кишварро тарк кардаанд ва бо чӣ сабаб?

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, "фирори оммавии мағзҳои журналистӣ аз Тоҷикистон"-ро муболиға донист. Ӯ гуфт, аз ҷумлаи 10 рӯзноманигоре, ки ба қавли созмонҳои ҳомии озодии баён гӯё Тоҷикистонро тарк кардаанд, танҳо 3 журналисти ҳирфаӣ будаанду бас.

"Нимдевори" додситонӣ дар атрофи озодии баён дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

Ахиран созмони Гузоришгарони бидуни марз гуфт, ки дастикам даҳ журналисти тоҷик ватанро тарк карда, аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрико дархости кумаку паноҳандагӣ кардаанд. Исфандиёри Назар, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, низ рӯзи 1 май расман эълон кард, ки ҳамроҳи хонаводааш ба як кишвари аврупоӣ рафтааст.

Саймуддин Дӯстов, муассиси ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “Тоҷнюс” пешниҳод кард, ки ҳарчӣ зудтар Иттифоқи касабаи журналистон ва дар назди он Бунёди кумаки молӣ ба хабарнигорони тоҷик таъсис шавад. Ӯ гуфт, хабарнигорони тоҷик акнун ба ин ҳақиқат расидаанд, ки бояд Иттифоқи касаба аз ҳаққи онҳо дифоъ кунад.

“Дар назди ин иттифоқ таъсиси Фонди дастгирии молии хабарнигороне, ки ба ин ё он мушкил рӯбарӯ шудаанд, низ хеле хуб мебуд,” – афзуд ӯ ва ҳамзамон пешниҳод кард, ки парвандаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҳйси журналисти касбӣ бознигарӣ шавад: “Яке аз журналистони касбӣ буд. Ҳеч бор ҳам бо қарори додгоҳ ин ё он матлаби расонаи таҳти раҳбарияш экстремистӣ шинохта нашуда буд.”

Тоҷикистон имсол дар ҳоле аз ҷашни озодии баён таҷлил кард, ки ду ҳафтаи пеш созмони “Гузоришгарони бидуни марз", қароргоҳаш дар Порис, вазъи матбуоти Тоҷикистонро "дар ҳолати як рукуди хатарнок" тасвир кард. Ин созмон гуфт, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризм, ҳукумат мухолифони сиёсиро аз байн бурд ва ҳоло фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш медиҳад.

Тоҷикистон дар раддабандии нави озодии матбуот дар муқоиса бо соле пеш, 34 зина поин рафта, ҳоло дар мақоми 150-ум қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG