Департаменти давлатии Амрико дар гузориши солонааш таҳти унвони “Гузориши шаффофияти молӣ” буҷаҳои соли 2014-уми тақрибан 140 кишвари дунёро, ки аз Ийолоти Муттаҳида кумакҳои молӣ дарёфт мегиранд, ба баррасӣ гирифта, навиштааст, буҷаи 50 кишвар ҷавобгӯи ҳатто меъёрҳои ҳадди ақали шаффофият нест. Ин гузориш аз миёни 5 кишвари Осиёи Марказӣ танҳо буҷаи давлатии Қирғизистон ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали шаффофият аст. Буҷаи 4 кишвари дигари минтақа, бо шумули буҷаи соли гузаштаи Тоҷикистон ҷавобгӯи ин меъёрҳо нест. Дар мавриди Тоҷикистон ҳамчунин зикр шудааст, ки ин кишвар дар масъалаи таъмини шаффофияти буҷааш дар соли 2014 пешрафте ҳам накардааст.
Ҷолиб он аст, ки аз 11 кишваре, ки дар соли 2014 дар масъалаи таъмини шаффофият пешрафт доштаанд, 7 кишвараш аз қораи Африқо, сеи дигар аз Осиё ва як кишвар аз ҳавзаи Кариб аст.
Ин гузориш аз сӯи Дафтари равобити молӣ ҳамроҳ бо Сандуқи байналмилалии пул таҳия шуда, рӯзи 14 январ аз сӯи вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри нашр шуд. Гуфта мешавад, ин арзёбӣ дар таъйини ҳаҷми кумакҳои молии Амрико ба кишварҳо нақши муҳимеро бозӣ мекунад ва ҳаҷми ин кумакҳо одатан вобаста бамизоин шаффофияти молии кишварҳо метавонад тағйир ёбад.
Дар бахши Тоҷикистони ин гузориш гуфта мешавад, ки “буҷаи Тоҷикистон пурра такмилношуда аст ва дахлу харҷаш аз сӯи вазорат тақсим нашудааст. Шаффофияти молии Тоҷикистон метавонист аз ҳисоби нашри тафсилоти буҷа, баргузории аудити хароҷоти солонааш аз сӯи ягон ни ҳоди мустақили аудиторӣ ва ҷалби ҷомиа ба раванди таҳияи буҷа пеш биравад.”
Дар баробари Тоҷикистон буҷаҳои соли гузаштаи 3 кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистон низ ношаффоф баҳогузорӣ шуда, гуфта мешавад, ки ин кишварҳо низ дар таъмини шаффофияти молӣ дар соли 2014 пешрафте надоштаанд.
Буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар ҳаҷми 28 миллиард сомонӣ (13,9 миллиард сомонӣ қисми дахл ва 14,1 миллиард доллар қисми харҷи он) бо тақрибан 242,1 миллион сомонӣ каср моҳи октябри соли 2013 тасвиб шуда буд. Ҳамчунин, бино ба ваъдаи дар порлумон додаи вазири вақти молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, ҳукумат мебоист дар соли 2014 ба иқтисоди кишвар то 2 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб кунад.
Буҷаи соли 2014-и Тоҷикистон бар асоси қурби миёнаи 4,8 сомонӣ барои 1 доллар ҳисоб шуда буд. Вале қарори маълум, то поёни соли 2014 қурби сомонӣ асосан таҳти таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия то ҳадди 5,6 сомонӣ барои 1 доллар расид.
Аз мадди назари ҷомиа пинҳон мондани бисёре аз ҷузъиёти буҷаи давлатӣ, бахусус қисми харҷи он, як мушкили умда барои таъмини шаффофияти молии ҳукумати Тоҷикистон ном бурда мешавад. Аз ҷумла дар гузориши навбатии департаменти давлатии Амрико.
Аммо Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ арзёбии департаменти давлатии Амрикоро рад кард ва гуфт, ба фарқ аз хеле кишварҳои дунё, шафффофияти раванди таҳия ва иҷрои буҷа дар Тоҷикистон ба қадри кофё баланд аст: “Шаффофият ҳаст. Буҷаи мо ягон сир ҳам надорад ва ҳар касе бихоҳад, муроҷиат кунад, тамоми маълумотро дар ихтиёраш мегузорем. Дар таҳияи он вакилон ҳам иштирок мекунанд ва намояндаи ҷомиа ҳам. Гузашта аз ин, буҷаи соли 2015 аз сӯи ҳукумат танҳо баъди арзёбии Палатаи ҳисоб барои муҳокима ба порлумон фиристода шуд. Палатаи ҳисоб аз пеш тарҳи буҷаро аудит кард ва бар асоси арзёби ин Палата хеле дигаргунӣ ҳам дароварданд дар он. Танҳо баъди ин мо буҷаро муҳокима ва қабул кардем.”
Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, ҷомиа аз чигуна сарф шудани қисми дахли буҷа зиёд хабар надорад ва хароҷоти соҳаҳои зиёде, чун вазорати дифоъ, кумитаи амният, вазорати умури дохила ва ҳамин тавр, ба кадом далел аз пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ва андоз имтиёз гирифтани ширкатҳое, ки бовар меравад, ба наздикони раҳбарони аввали кишвар рабт доранд, аз ҷумлаи “сирҳои сарбамӯҳр”-и буҷаи давлатии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Қисми дахл ва харҷи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми ҳар кадом беш аз 15 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, касри буҷа дар ҳаҷми 272 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст.