Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба фаросӯи буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон


Бинои ҳукумати Тоҷикистон.
Бинои ҳукумати Тоҷикистон.

Тоҷикистон будҷаашро барои соли 2015 дар ҳоле қабул мекунад, ки иқтисодаш дар рӯ ба рӯ бо чолишҳои азим истодааст.

Чанде қабл Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише таҳти унвони “Рушд кунд мешавад, рискҳо меафзоянд” пешгӯӣ кард, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон суст шуда, бо хатарҳои дохиливу хориҷӣ рӯ ба рӯ мешавад. Кундии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама ҳамкорони аслии Тоҷикистон - Русия, Туркия, Чин ва Аврупо, поён омадани қимати пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ аз 7 дарсади соли гузашта ба 3 дарсади имсол, коҳиши ҳаҷми интиқоли маболиғи муҳоҷирини корӣ, ки имсол 2 дарсадро ташкил додааст ва ҳамчунин кам шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба далели номусоидии обу ҳаворо ин ниҳоди байнулмилалӣ авомили муҳимтарини кундии рушди иқтисодӣ арзэбӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар чунин вазъ буҷаи соли 2015-ро қабул кард, ки бо назардошти ҳаҷми умумии даромади будҷаи давлатӣ маблағи 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ (ҳудуди 3 миллиард доллар), дар қиёс бо соли равон 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10 фоиз зиёд аст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи баррасии ин будҷа инчунин зикр кард, ки касри буҷа дар соли 2015 ба 0,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар шуда, 264,1 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ин нисбат ба соли ҷорӣ 22 миллион сомонӣ зиёд аст.

Коршиносони умури иқтисод ба иҷро шудани ин будҷа шак надоранд, аммо мегӯянд, коҳиши даромадҳо ва ҳамзамон қурби пули миллӣ пеш аз ҳама ба соҳаи иҷтимоӣ ва кисаи бе ин ҳам холии кормандони будҷа зарба хоҳад зад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2015 беш аз нисфи будҷа - 8 миллиард сомонӣ, яъне 17 дарсад зиёдтар аз соли 2014 танҳо барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Холмуҳаммад Азимов, собиқ раиси Кумитаи омор ва устоди иқтисоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, мегӯяд, азбаски афзоиши нархи маҳсулот назар ба уфти сомонӣ дар баробари доллар баландтар аст, иҷрои будҷа беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоиро наметавонад таъмин кунад: “Дар оянда қурби сомонӣ боз ҳам пойин меравад. Ин барои воридот хуб аст, вале барои бознишастагон ва онҳое, ки аз ҳисоби будҷа зиндагӣ мекунанд, вазнин мешавад.”

Нигаронии иқтисодшиносон қабл аз ҳама аз он аст, ки дар замони бӯҳрони молиявии солҳои 2008 муҳимтарин ҳамкори иқтисодии Тоҷикистон – Русия дар бонкҳои аврупоӣ 183 миллиард доллар маблағ дошт ва ин пулҳоро барои наҷоти иқтисодаш сарозер кард. Тоҷикистон, ки аз Русия вобастагии сахт дорад, он замон бӯҳронро анқариб эҳсос накард. Аммо ҳоло, ки алайҳи Русия таҳримоти Аврупову Амрико эълон шудаанд, вазъ чунин қобили пешбинӣ нест.

Дар ҳамин ҳол, Нарзулло Ҳабибуллоев, сарвари департаменти буҷаи вазорати молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ин будҷае аст, ки барои ҷилавгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ таҳия шудааст: “Мо будҷаро ҳамту аз осмон гирифта, омода накардем. Мо дар он тамоми хафвҳои билқувва, аз ҷумла фискалиро, ки тафсирашон ҳаст, дар ҳамон доира пешбинӣ кардаем. Яъне он чӣ марбут ба будҷа мешавад, мушкиле нест. Дар он бо назардошти тамоми хавфҳо, соҳаҳо низ дарбар гирифта шудаанд, ки таҳти таъсир қарор нагиранд. Ин ҳама танзим шудааст.”

Ҳукумати Тоҷикистон дар будҷаи соли оянда ба соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт, мухобирот ва иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи вижа карда, барои ин соҳаҳо 5 миллиард сомонӣ тахсис додааст. Аммо аз нигоҳи коршиносон, дар шароити кунунӣ аксари соҳаҳо, пеш аз ҳама саноат ва кишоварзӣ, таҳти зарба қарор хоҳанд гирифт.

Ивайло Изворски, мудири макроиқтисод ва идораи фискалии Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ки гузориш Бонки ҷаҳониро дар бораи Тоҷикистон таҳя кардааст, мегӯяд, бӯҳроне, ки пешбинӣ мешавад, танҳо хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ нест. Вай афзуд, дар баробари Русия, иқтисоди Осиёву Аврупо ҳам осебпазир шудаанд:

“Рушди иқтисод то бӯҳрони солҳои 2008 – 2009 дар ҳамон кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва кишварҳои саршор аз нафт сол ба сол баланд мерафт, аммо нишондиҳандаҳо бар онанд, ки пас аз бӯҳрон ягон минтақа, аз ҷумла кишварҳои рӯ ба рушд, назири Тоҷикистон аз нигоҳи рушди иқтисодӣ муваффақ нестанд. Мешавад гуфт, ки дар як сатҳ ва хеле ба кундӣ пеш меравад. Яъне мо ба як кундии сохторӣ рӯ ба рӯ шудаем.”

Ҳам ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳам ҳукумат ба хотири ҷилавгирӣ аз як зарбаи шадиди бӯҳрони иқтисодӣ маслиҳат медиҳанд, ки дар идораҳои давлатии Тоҷикистон маболиғи будҷавӣ мақсаднок истифода шаванд. Президенти Тоҷикистон аз ҷумла инро зикр кард, ки ҳукумат бояд дар солҳои 2015 - 2017 афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар доираи на кам аз 7 дарсад таъмин кунад ва меъёри солонаи таваррумро дар сатҳи 7 - 7,5 дарсад нигоҳ дорад, то будҷа муассир бошад.

Аммо коршиносон мегӯянд, дар ҳоли пеш омадани мушкилоти будҷавӣ Тоҷикистон бояд аз ниҳодҳои байналмилалӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ, Бонкҳои исломӣ ва осиёии рушд кӯмак бипурсад, ё қарз гирад. Ба қавли онҳо, ҳарчанд ин тобеияти сиёсии Тоҷикистонро меафзояд, иқтисоди хурдашро метавонад наҷот диҳад.

XS
SM
MD
LG