Амрико аз Афғонистон рафт, бо Гуантанамо чӣ мекунад? ВИДЕО

Зиндони Гуантанамо. Акс аз соли 2010

Бо тарки комили Афғонистон дар рӯзи 31-уми август, Амрико дарозтарин ҷанги худро дар хориҷа поён дод, вале чанд мушкили дигар мондааст. Аз ҷумла, тақдири номаълуми гумонбарон ба терроризм, ки дар боздоштгоҳи Гуантанамо нигаҳ дошта мешаванд. Дар ин боздоштгоҳ чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳам буданд.

Моҳи январи соли 2002, чанд моҳ баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, аввалин гумонбарон ба терроризмро аз Афғонистону гӯшаҳои дигари ҷаҳон ба Гуантанамо бурданд.

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии пешини Амрико, мегӯяд, “зарур буд, ин афрод дар ҷойи махфӣ нигаҳ доштаву пурсида шаванд ва дар замони муносиб барои амалҳои террористӣ ҷазо бигиранд.”

Тоҷикон ва Гуантанамо Муҳаммадӣ Давлатов. Зиндагӣ баъди Гуантанамо (ВИДЕО)

Зиндон дар ҷазираи Гуантанамои Куба ҷойгир аст ва ба ҳамин сабаб ба гуфтаи пажуҳишгар Крис Гарритӣ ба муфаттишон имкон додааст, дар истифода аз усулҳои бозпурсӣ озодтар бошанд.

“Зиндониёни онҷо таҳти ҳимояти қонунҳои Амрико нестанд. Бо вуҷуди қонунҳои зиёди байнулмилалӣ дар бораи асирони ҷанг, Амрико боздоштшудагонро “ҷангҷӯёни душман” меномад”, -- гуфт Гарритӣ.

Раиси ҷумҳури собиқи Амрико Барак Обама, ки ба ҷойи Буш омад, ваъда дод, боздоштгоҳи ҷанҷолиро мебандад, аммо дар 8 соли раҳбариаш натавонист. Акнун Ҷо Байден ба баррасии ин масъала пардохтааст ва азм дорад, то поёни ҳукуматдориаш онро бандад. Ҳуқуқдонон мегӯянд, Байден айни монеаҳоеро пеши рӯ дорад, ки Обама дошт.

Ҷонатан Ҳафетз, аз Донишгоҳи Сетон Ҳол, мегӯяд, “ҳоло барои бастани Гуантанамо чанд монеа вуҷуд дорад. Аз ҷумла, барои муҳокима ба Амрико овардани зиндониён. Масъалаи дигар ба кишварҳои дигар бурдани онҳост. Бояд ин монеаҳо бардошта шаванд.”

Наворро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Амрико зиндони Гуантанаморо мебандад?

Мухолифати ҷумҳурихоҳон дар Конгресс монеаи дигари аслӣ аст, мегӯяд, дипломати собиқи амрикоӣ Метю Ҳоҳ. Ба қавли ӯ, танқид аз шеваи хуруҷи бебандубор аз Афғонистон, Байденро маҷбур мекунад, ки худро дар баробари терроризм заиф нишон надиҳад. Бахусус баъди онки чанде аз бандиёни собиқи Гуантанамо аъзои ҳукумати “Толибон” шуданд.

“Ба андешаи ман, танқиди зиёди Байден барои суқути фалокатбори ҳукумати Афғонистон, саҳнаҳои фурудгоҳи Кобул ва тамоми инҳо сабаб мешаванд, ки Ҷо Байден дар ҳаргуна тасмимгириҳои ояндааш дар бораи ин ҷангҳо бештар сахтгир ва муҳофизакор бошад. Аз ҷумла дар масъалаи Гуантанамо. Яке аз мардоне, ки мардуми зиёд дар аксу видеоҳои Кохи раиси ҷумҳур дар Кобул диданд, дар Гуантанамо зиндонӣ буд”, -- мегӯяд Метю Ҳоҳ.

Дар Гуантанамо 39 нафар мондаанд ва чанде аз онҳоро пас аз 20 соли ҳамлаҳои 11-уми сентябр ба Амрико, ҳоло муҳокима мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Аз Тавилдара то ГуантанамоWikiLeaks: Парвандаҳои ГуантанамоЧоркӯҳ - қалби "Сегӯшаи исломӣ"-и водии ФарғонаОхирин тоҷики Гуантанамо: Умар ё Муҳаммадӣ?