Бино ба хабарҳо, нирӯҳои давлатии Украина рӯзи 8 май бинои ҳукумати шаҳри Украинаро дубора аз дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия пас гирифтаанд. Нирӯҳои давлатии Украина рӯзи 7 май низ як бор Мариуполро озод карданд, вале зуд аз шаҳр хориҷ шуданд.
Мариупол баъди ин дубора таҳти назорати ҷудоиталабон қарор гирифт. Онҳо парчами Украинаро аз нав канда, дар саҳни ҳукумати шаҳр дигарбора парчами "Ҷумҳурии мардумии Донетск"-ро барафрохтанд.
Ин дафъа нирӯҳои давлатӣ дар пайи пеш кардани ҷудоиталабон ба кандани баррикадаҳо аз маркази Мариупол пардохтаанд ва зоҳиран мисли дафъаи аввал тарки шаҳр карданӣ нестанд. Як нашрияи маҳаллӣ хабар дод, ки дар назди ҳукумати Мариупол тақрибан 200 тан аз мухолифони ҳокимони кунунии Украина ҷамъ шудаанд. "Украинская правда" навишт, ки шаби чоршанбе ба панҷшанбе аз Денпропетровск ва баталйони ихтиёриҳо ба хотири ҳимояти Мариупол аз ҷудоиталабон ба ин бандари воқеъ дар соҳили баҳри Азов эъзом шудааст.
Нахустин изҳори назари Э.Раҳмон дар бораи бӯҳрони Украина
Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои нахустин бор аз замони оғози бӯҳрони Украина дар бораи вазъи ин кишвари пасошӯравӣ изҳори назар карда, гуфтааст, Душанбе "тарафдори бо роҳҳои осоишта - тавассути муколама ва музокирот - ҳал кардани бӯҳрони Украина" мебошад. Kremlin.ru - сомонаи расмии президенти Русия матни комили суханрониҳои раҳбарони 5 кишвари пасошӯравӣ дар нишасти ғайрирасмии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД)-ро, ки рӯзи 8 май дар Маскав доир шуд, нашр кард.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфтааст: "Мо амиқан нигарони рӯйдодҳои кунунӣ дар ин кишвари пасошӯравием. Барои мо чунин таҳаввули ҳодисот ошност. Тоҷикистон дар марҳалаи ибтидоии истиқрори истиқлоли давлатиаш, дар авоили солҳои 90, мухолифатҳои сиёсии дохилӣ ва баъдан низои мусаллаҳонаеро, ки барои кишвар паёмадҳои сангинтарини иҷтимоиву иқтисодӣ ва башарӣ дошт, аз сар гузарондааст... Ҷанги шаҳрвандии вазнини Тоҷикистон ҷони беш аз 157 000 нафарро гирифт ва қариб 10 миллиард доллар зиён овард... Имрӯз, ба назари мо, дар амри идрок ва баҳогузории равандҳое, ки дар Украина мегузаранд, муҳим ин аст, ки ба мухолифати мусаллаҳона зӯроварӣ роҳ надиҳанд. Мо тарафдори бо роҳҳои осоишта - аз тариқи муколама ва музокирот - ҳал кардани бӯҳрони кунунии Украина мебошем."
То кунун аз раҳбарони Тоҷикистон танҳо вазири хориҷааш Сироҷиддин Аслов дар моҳи март ва он ҳам дар Маскав дар бораи бӯҳрони Украина изҳори назар карда, низ бо ёдоварӣ аз таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хостори ҳалли бӯҳрони Украина бо роҳҳои сулҳомез шуда буд.
Ҷудоиталабони Луҳанску Донетск даъвати Путинро рад карданд
Валерий Болотов қаблан ба телевизиони Чин гуфта буд, тасмими ниҳоиро дар бораи раъйпурсӣ мардуми Луҳанск мегирад, вале: “Мо омодагиҳоро ба райъпурсии рӯзи 11 май заррае қатъ намекунем. Агар мардум тасмим бигирад, ки раъйпурсиро дар ҳамон рӯзи барояш таъиншуда – 11 май – доир кунем, мо алакай ба он омодаем.”
Эълони тасмими ҷудоиталабони Луҳанск дар ҳолест ки раҳбарони ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Донетск ҳам гуфтаанд, бо вуҷуди даъвати Владимир Путин райъпурсӣ дар бораи таъини мақоми ин вилоятро рӯзи 11 май барпо хоҳанд кард. “Кумитаи ҳамоҳангсоз”-и сохтори худхондаи “Ҷумҳурии мардумии Донетск” рӯзи 8 май баъд аз ҷаласае дар бинои ҳукумати вилояти Донетск, ки аз сӯи ҷудоиталабон тасарруф шудааст, эълон карданд, ки райъпурсӣ бо талаби ҷудоии ин минтақа аз Украинро дар мӯҳлати таъиншуда, яъне 11 май, доир хоҳанд кард.
Денис Пушилин, раҳбари худхондаи ҷунбиши ҷудоиталабони Донетск гуфт, “райъпурсӣ рӯзи 11 май доир хоҳад шуд.” Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 7 май ба таври ғайриинтизор аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина даъват карда буд, то раъйпурсиҳо дар бораи мустақилияти Донетску Луҳаннск – ду вилояти умдатан русзабони шарқи Украинаро ба таъхир гузоранд.
"Амалиёти зиддитеррор" қатъ намешавад
Владимир Путин дар сӯҳбатҳои рӯзи 7 майаш низ ба таври ногаҳонӣ интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украинаро “қадаме аз роҳи дуруст” номид ва аз мақомоти Киев хост, то амалиётҳои низомӣ алайҳи ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро қатъ кунанд.
Нирӯҳои давлатии Украина бархе аз биноҳои давлатиеро, ки ҷудоиталабон дар тақрибан 12 шаҳр дар шарқи Украина, асосан дар вилояти Донетск ва маркази вилояти Луҳанск тасарруф кардаанд, таҳти назорати худ оварданд. Вале ба сурати умум, “амалиёти зиддитеррор” алайҳи ҷудоиталабон дар шарқи кишвар то имрӯз чандон комёб нашудааст.
НАТО: Хуруҷи нирӯҳои Русияро намебинем
Ба ҳисоби НАТО, дар тӯли марзи Русия бо Украина то 40 000 нирӯҳои артиши Русия ҷамъ шудаанд. Маскав қаблан гуфта буд, ки ин нирӯҳо барои як машқи низомӣ сафарбар шудаанд ва бо анҷоми ин машқҳо ба пойгоҳҳои худ бармегарданд. Путин рӯзи 7 май гуфт, машқҳо ба поён расиданд ва як қисмат аз ин нирӯҳоро аз марзи Украина пас кашидаанд. Аммо Амрико ва НАТО мегӯянд, хуруҷи нирӯҳои Русия аз марзи Украинаро ҳанӯз тасдиқ карда наметавонанд.
Даъвати ғайриинтизори Путин аз ҷудоиталабони Украина
Путин ҳамчунин гуфт, интихоботи президентии Украина, ки ба рӯзи 25 май таъин шудааст, ба ҳалли мушкилоти он кишвар кумак нахоҳад кард. Ӯ "ташкилкунундагони табаддулоти моҳи феврал дар Украина"-ро айбдо кард, ки боиси аз назорат хориҷ шудани вазъ дар он кишвар шудаанд.
Путин аз раҳоии "волии мардумӣ"-и Донетск Павел Губарев ва ду нафари дигар, ки рӯзи 7 май дар ивази 3 афсари амниятии Украина озод шуданд, истиқбол кард, вале гуфт, бояд тамоми "маҳбусони сиёсӣ" дар Украина раҳо биёбанд.
Ҷудоиталабони тарафдори Русия чандин шаҳр дар вилояти Донетск ва маркази вилояти Луҳанскро тасарруф карда, ба таърихи 11 май райъпурсиҳое баргузор карданианд, ки дар он масъалаи ҷудо шудани ин минтақаҳо аз Украина матраҳ мешавад.
Мулоқоти Путин бо Бурхалтер рӯзи 5 май дар пайи тамоси телефонии раисиҷумҳури Русия бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел эълон шуд. Ҷудоиталабон дар Словянск дар ҳафтаи гузашта гурӯҳи нозирони низомии САҲА-ро бо миёнҷигии Русия раҳо карданд. Ҷудоиталабон онҳоро ба “ҷосусӣ” барои НАТО айбдор мекарданд. Баъди раҳоии ин нозирон Русияву Амрико тавофуқ карданд, ки САҲА бояд дар оддӣ сохтани вазъи Украина нақши бештареро ба дӯш бигирад.
Эмомалӣ Раҳмон барои баҳси Украина ба Маскав меравад
Сухангӯи Путин Дмитрий Песков рӯзи 7 май ба Интерфакс хабар дод, ки вазъи Украина дар баробари вазъи равобити дуҷониба яке аз масоили асосии мулоқоти раисиҷумҳури Русия бо раҳбарони кишварҳои СНГ дар Маскав хоҳад шуд. Қарор аст, рӯзи 8 май, дар ҳошияи тантанаҳои бахшида ба солгарди 69-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Маскав раҳбарони чанд кишвари пасошӯравӣ, аз ҷумла Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон мулоқот кунанд.
Дафтари матбуоти Кремл мегӯяд, “дар чорчӯби ин чорабинӣ ҳузури раҳбарони СНГ дар як машқи тарзи идораи нирӯҳои мусаллаҳи русия ба нақша гирифта шудааст.”
Раҳбарони кишварҳои пасошӯравии рӯ ба Маскав маъмулан дар ҳар Иди Ғалаба дар Маскав гирди ҳам меоянд, вале дидори имсолаи онҳо дар ҳоле баргузор мешавад, ки Русия ду моҳ пеш вилояти Қрими Украинаро тасарруф кард ва ҳоло ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар вилоятҳои шарқ ва ҷануби Украина сар боло кардаанд.
Чашми дунё ҳама ба Украина дӯхта шудааст
Рӯзи 17 апрел дар музокироти чоргонаи вузарои хориҷаи Амрикову Русияву Украина ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА дар Женева тавофуқ шуда буд, ки силоҳбадастони ғайриқонунӣ дар Украина халъи силоҳ шуда, биноҳои ишғолкардаро холӣ кунанд. Аммо Маскав баъдан гуфт, ки манзур халъи силоҳи пеш аз ҳама эътирозгарони “Евро-майдон” дар Киев буд, на ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украина.
Муовини дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ Ҷеффрӣ Фелтман низ рӯзи 7 май дар Киев бо кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов мулоқот кардааст.
Афзоиши талошҳои дипломатӣ роҷеъ ба вазъи Украина дар ҳолест ки аз вилоятҳои ошӯбзадаи шарқи он кишвар дар бораи даргириҳои сангин гузоришҳои нав ба даст мерасанд.
Вуруд ва хуруҷи нирӯҳои Украина аз Мариупол
Ҷудоиталабон зоҳиран баъди хуруҷи нирӯҳои Украина назорати шаҳрдории Мариуполро дубора ба даст оварда, парчами Русия ва парчами ҷудоиталабонро аз нав бар фарози ин бино насб кардаанд.
Қаблан ҷудоиталабон ба хабаргузории русии Интерфакс гуфтанд, ки нирӯҳои амниятии Украина дар Мариупол чандин нафареро, ки райъпурсии ба рӯзи 11 май таъйиншуда дар бора истиқлолии ин минтақаро таблиғ мекарданд, дастгир кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои Украина, бино ба хабарҳо, рӯзи 7 май дар пайи як даргирӣ дар наздикии шаҳри Мангуш, 20-километрии Мариупол, Иҳор Какидзянок, вазири дифои Ҷумҳурии мардумии худхондаи Донетскро боздошт кардаанд.
Ҳукумати кунунии Украина аз 15 апрел асосан дар вилояти Донетск амалиёти густардаи низомиеро алайҳи ҷудоиталабон ба роҳ андорхтааст. Вале то кунун ин амалиёти чандон комёб нашудааст ва дастикам 12 шаҳр, асосан дар вилояти Донетск ва ҳам маркази вилояти Луҳанск дар дасти ҷудоиталабон қарор доранд.
Ҷудоиталабони тарафдори Русия мехоҳанд рӯзи 11 май дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқ ва ҷануби Украина бо талаби истиқлоли ин манотиқ раъйпурсӣ барпо кунанд. Олег Тсарёв, вакили порлумони Украина аз ҳизби минтақаҳо гуфтааст, ин манотиқ таърихан шомили губернияи Новоросссия буд ва бояд ба ҳамин ном эҳё шавад. Тсарёв ба телевизони русии “Лайфнюс” гуфтааст, "ин дигар марбут ба ҳокимони кунунии Украина аст, ки ба низоми федеративӣ тан дода, Новороссияро ҳамчун як субъекти мустақил дар ҳайати Украинаи федеративӣ мепазиранд ваё ин қаламрав давлати мустақил хоҳад шуд.
Вале Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки зоҳиран дар шарқи Украина талош доранд, то бо баргузории раъйпурсӣ дар Донетску Луҳанск дигарбора ҳамон қартаи дар Қрим ба бозӣ даровардаро аз ҷайб берун бикашанд. Керрӣ гуфт, Амрико ва ҷомиаи ҷаҳонӣ ин талошҳои андохтани ҷудоии боз ҳам бештар дар Украинаро маҳкум мекунанд: “Ягон давлати мутамаддин натиҷаҳои чунин маъракаи қалбакиро эътироф нахоҳад кард.”