Бино бар гузоришҳо, ин бино ки як иттиҳодияи коргарӣ аст, дар ишғоли ҷудоиталабон будааст. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, ки ҳодисаи рухдода фоҷиабортарин пас аз сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович дар Украина будааст. Ба гуфтаи пулис, дар асари паридан аз тирезаҳои бино ба берун ва дуди ғализи сӯхтор, 38 нафар ҷон бохтаанд.
Дар Одесса аз ин қабл низ даргириҳо миёни ҳаводорони Русия ва тарафдорони якпорчагии Украина рух дода буд, вале ба ин андоза қурбонӣ ба ҷой нагузошта буд. Ин бандар рӯзи 2 май шоҳиди тазоҳуроти тарафдорони давлати марказии Украина буд ва пулис қаблан гузориш дода буд, ки ҳадди ақал чаҳор нафар кушта шудаанд.
Дар миёни тазоҳуркунандагон ҳаводорони тимҳои футболи "Черноморетс", ки тарафдорони якпорчагии Украина аз он ҳимоят мекунанд ва "Метталист" аз шаҳри Харков, ки ҳаводорони Русия тарафдори он ҳастанд, бо якдигар даргир шуданд. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, ки пулис дар ин ҳодиса контроли худро бар даргириҳо аз даст додааст.
Шабакаи русии "Russia today" мегӯяд, бинои Иттиҳодияи коргарон дар бандари Одесса пас аз он оташ гирифт, ки гурӯҳе аз тарафдорони ҳукумати марказии Украина бо "мухолифони давлат", ки дар атрофи он бино хайма зада буданд, даргир шуданд. Аз сӯи дигар хабаргузории Union Ukraine мегӯяд, гурӯҳе аз ҷудоихоҳон аз пушти бомҳои ин бино ба тарафи ҷонибдорони ҳукумати марказии Украина тирандозӣ кардаанд.
Хабаргузории Ройтерз низ аз қавли пулиси Украина мегӯяд, ки оташсӯзӣ пас аз хушунататҳои аввалияи кӯчагӣ рух додааст. Яке аз намояндагони маҳаллии Одесса дар сӯҳбат ба телевизиони Украина гуфтааст, ҳаводорони Русия ба хубӣ мусаллаҳ будаанд, ба хубӣ созмондеҳӣ шуда буданд ва ҳодиса аз қабл барномарезӣ шуда буд. Ӯ ҳамчунон гуфтааст, ки пулис монеи даргириҳо нашудааст.