Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикҳои Украина дар дуроҳа: Баргардем ё бимонем?


Бархе аз тоҷикон бо баҳам хӯрдани субот дар ҷануб ва шарқи Украина, ба Тоҷикистон бармегарданд, вале бархеи дигар мегӯянд, дар дуроҳа мондаанд.

Манучеҳр Хоразмзода, як ҷавони тоҷик, ки дар Академияи алоқаи Одесса таҳсил дошт, дар пайи даргириҳо дар ин шаҳр, ки ба марги беш аз 40 нафар анҷом ёфт, ба Тоҷикистон баргашт. Манучеҳр мегӯяд, волидонаш, ки бо шунидани хабарҳои нохӯш аз Украина дар ҳарос будаанд, ӯро ба ҳолаш нагузоштаву маҷбур кардаанд, то баргардад. Бозгашти Манучеҳр ҳам дар ҳолест, ки дар рӯзҳои наздик ӯ бояд таҳсили чандсолаашро дар Украина ҷамъбаст мекард ва соҳиби диплом мешуд.

Манучеҳр Хоразмзода мегӯяд: «Дар хона бисёр хавотир шуданд падару модар. Хушбахтона, ҳама имтиҳонҳоро супурда будам, фақат чанд моҳ барои таҳияи кори илмӣ доштем ва бояд бо ҳимоя аз кор илмӣ диплом мегирифтем. Аммо вазъ ин тавр шуд ва волидон маҷбур карданд, ки биёям. Ҳоло маҷбурам боз баргардам ва дипломамро бигирам.»

Бархе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Украина мегӯянд, дар пайи бӯҳрони ин кишвар онҳо дар дуроҳа қарор гирифтаанд. Гурӯҳе аз онҳо ба ватан омада буданд, баъдан бо каме ором шудани вазъ дубора барои идомаи таҳсилашон ба Украина баргаштанд ва акнун намедонанд чӣ кор кунанд - баргарданд ё бимонанд?

Зиндагӣ дар инҷо мушкил шудааст

Ёқубҷон Дӯстбоев, муҳассили дигари тоҷик дар минтақаи Одесса, мегӯяд, новобаста ба вазъ ӯ то анҷоми таҳсил ва ҳимояи рисолаи дипломӣ ба Тоҷикистон барнахоҳад гашт, чун рафтану боз барои диплом баргаштан барояш мушкил аст. Ёқубҷон, ки 6 сол боз дар Украина ба сар мебарад, дар баробари таҳсил дар ин кишвар тиҷорати хурди худро ҳам таъсис додааст. Ӯ бо таассуф мегӯяд, ин ҳодисаҳо нақшаҳо ба оянда ва зиндагии ӯро куллан тағйир дод. Ёқубҷон, ки мехост баъди хатми таҳсили магистратура дар Украина бимонад ва кору таҳсилашро идома диҳад, ҳоло ба ин фикр уфтодааст, ки ояндаи Украина пас аз ин нооромиҳо норӯшан аст ва бояд баргардад.
Ёқубҷон Дӯстбоев
Ёқубҷон Дӯстбоев
Ёқубҷон Дӯстбоев дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Мехостам идома диҳам таҳсилро, чун инҷо як тиҷорати хурд ҳам доштам ва ба фурӯши ороишоти занона машғул будам. Бо ин роҳ 4 сол боз зиндагии худро таъмин мекардам ва ба хонаводаам ҳам кӯмак мерасондам. Ҳозир вобаста ба вазъият тиҷорат хуб нест. Барои ҳамин фикр кардам ки бояд ба Ватан баргардам.»

Ёқубҷон мегӯяд, тул кашидани норомиҳо зиндагиро дар Украина мушкил кардааст ва бисёре аз муҳоҷирони тоҷик ҳам ки дар ин кишвар аллакай соҳиби оилаву хонаву ҷои кор буданд, манзилҳои худро ба фурӯш гузоштаву аз он ҷо кӯч мебанданд: «Дирӯз бо як ҳамватан ин ҷо сӯҳбат кардам, 17 сол боз дар ин ҷо зиндагӣ мекардааст. Шаҳрвандии Украинаро дорад, хулоса, умеди ин ҷо мондан дошт, аммо дар сӯҳбат гуфт, ки хонаеро, ки дар 70 ҳазор доллар харида буд, дар 34 ҳазор доллар фурӯхт ва чипта харидаасту ба Тоҷикистон сафар карданӣ аст. Албатта, аз бисёр ҷиҳат Украина баъди ин ҳодисаҳо ба қафо зад ва зиндагӣ ин ҷо мушкил шуд.»

Сафорат: Тасмимро бо волидонатон бигиред

Сафорати Тоҷикистон дар Украина омори дақиқе дар робита ба берун шудани муҳассилину шаҳрвандони дигари Тоҷикистон аз Укрина рӯи даст надоштааст. Вале дар сафорат ба мо гуфтанд, аз замони оғози нооромиҳо онҳо 2 маротиба бо мактуб ба муҳассилин муроҷиат кардаву гуфтаанд, ки дар мавриди бозгашт ба Ватан ё идомаи таҳсил дар Украина донишҷӯён бо волидони худ тасмим бигиранд.

Ҳоло вазири маорифи Украина ба донишҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар тавсия додааст, ки то 20 май таҳсили худро ҷамъбаст карда, ба зодгоҳҳои худ баргарданд. Аммо ба гуфтаи намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Украина, вобаста ба вазъи минтақаҳо, тасмими ниҳоиро худи раҳбарияти донишгоҳҳо хоҳанд гирифт. Як намояндаи сафорат дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Дар маҷмӯъ мо бо донишҷӯён мунтазам кор мекунем, онҳо ба мо муроҷиат мекунанд. Имрӯз мо гуфтушунид доштем бо декани донишгоҳи тиббии шаҳри Харков, ки зиёда аз 100 донишҷӯёни мо он ҷо мехонанд. Онҳо гуфтан,д вазъият ором аст, мо бо волидони донишҷӯён дар алоқа ҳастем ва ҳеҷ мушкиле нест, ки донишҷӯён то 20 май ба хонаҳои худ баргарданд. Ҳоло дар ҳар вилоят мо намояндаи донишҷӯёни тоҷикро дорем ва ҳар масъалаву муроҷиате дошта бошанд донишҷӯён, метавонанд тариқи ин намояндаҳо ба мо муроҷиат карда, арзи худро бирасонанд.»

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Украина дар донишгоҳҳои мухталифи Украина бештар аз 480 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Илова бар ин аз 4 то 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Украина кору зиндагӣ доранд. Баъзе аз онҳо шаҳвандии ин кишварро қабул кардаанд. Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Харкови Украина кору таҳсил мекунанд. Дар вилоятҳои ошӯбзадаи Донетску Луҳанск теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон камтар будааст.

Қатли донишҷӯи тоҷик дар Харков

Меҳроҷ Шарифов
Меҳроҷ Шарифов
То кунун дар ҷараёни нооромиҳои Украина танҳо як тоҷик кушта шудааст. Меҳроҷ Шарифов, сокини ноҳияи Шаҳринав, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Харкови Украина, дар таърихи 28-юми январ аз сӯи афроди ношинос бо зарби оҳан (арматура) дар кӯча кушта шуд. Ин куштор дар рӯзҳое рух дод, ки дар Киев, пойтахти Украина эътирозҳо алайҳи ҳукумати раисиҷумҳури вақти он кишвар Виктор Янукович ҳанӯз идома дошт.

Вале маълум нест, ки қатли донишҷӯи тоҷик дар кадом замина сурат гирифта, ба нооромиҳои Украина то куҷо рабт дошт. Пулис бо вуҷуди гузашти беш аз 3 моҳ то ҳол қотил ё қотилони Меҳроҷ Шарипов ва ангезаҳои қатли ӯро ошкор накардааст.

Қаблан падару модарони донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекунанд, ба расонаҳо ва вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат ва аз сарнавишти фарзандонашон дар Украина изҳори нигаронӣ карда буданд. Сафорати Тоҷикистон дар Украина моҳи март дар як изҳорот дар посух ба нигаронии волидони донишҷӯён эълон дошт, ки вазъ дар Киев ва шаҳрҳои дигари ин кишвар хеле беҳтар ва шароит барои идомаи таҳсили онҳо фароҳам шудааст.

Вале баъди он Русия Қримро тасарруф кард ва аз оғози моҳи апрел тарафдорони Русия ба мусаллаҳшавӣ ва ишғоли биноҳои давлатӣ дар вилоятҳои шарқи Украина шурӯъ карданд. Ба дунбол ҳукумати амалиёти густардаи низомиеро алайҳи ҷудоиталабон ба роҳ андохт, ки то имрӯз даҳҳо кушта ба ҷо гузоштааст.

Дар ин лобало донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик дар Украина ҳайрон мондаанд, ки бо вуҷуди ташаннуҷи вазъ ба хотири ҳифзи ҷои кор ё идомаи таҳсил инҷо бимонанд ё ҷони худро бигиранду баргарданд?
XS
SM
MD
LG