Мақомоти амниятии Қирғизистон ахиран ду духтари қирғиз – Асали 24-сола ва Шоҳинури 17-соларо аз Сурия пас овардаанд. Аммо садҳо ҷангӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳамчунон дар ин кишвари арабӣ боқӣ мемонанд.
Афсарони Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон ду духтари қирғизро аз Сурия баргардондаанд. Ба ҳисоби мақомоти амниятии Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир дар Сурия беш аз 70 шаҳрванди ин кишвар аз тарафи нирӯҳои тундрав, аксаран алайҳи режими раиси кунунии он ҷумҳурӣ Башор Асад меҷанганд. Дар байни ҷангиёни қирғиз дар сангарҳои ҷанги Сурия нафақат мардон, балки занон ва ҳам онҳое ҳастанд, ки ҳамроҳ бо аҳли хонаводаҳои худ ба он кишвари ҷангзада рафтаанд.
Ду духтаре ки ахиран ба Бишкек баргаштанд, яке Асали 24-сола аст ва дувумӣ – Шоҳинур, ки ҳамагӣ 17 сол доштааст. Ба бовари мақомот, ин ду духтари қирғиз дар Сурия таълими ҷангӣ гирифтаанд.
Дар як барномаи мустанаде, ки мақомоти амниятии Қиорғизистон таҳия кардаанд, Асал қисса кардааст, ки ӯ баъди аз тариқи Интернет ошно шуданаш бо як ҷавонмард ба Сурия рафтааст: “Ӯ ба ман аз Сурия аксу видеоҳои мухталиф мефиристод. Қисса мекард, ки мусалмонҳо дар онҷо чӣ азобу уқубат мекашанд. Бо дидани ин видеоҳо ман ба ҳарфаш бовар кардам. Гуфтам, ки ман ин ҳамаро бояд бо чашми худ бубинам. Ӯ ба ман дар харидани чипта кумак кард. Ҳамин тавр, ман тавассути Туркия ба Сурия рафтам. Мутаассифона, ман дер фаҳмидам, ки маро фиреб дода, истифода бурдаанд.”
Сухангӯи Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҷузъиёти чигуна пайдо кардану ба Ватан пас овардани ин ду духтарро чунин нақл кард: “Мо ҷустуҷӯи ин духтаронро баъди муроҷиати волидайни онҳо шурӯъ кардем. Мо бо кумаки ҳамкоронамон аз Туркия тавонистем, ки онҳоро баргардонем. Яке аз онҳо эътироф кард, ки дар қаламрави Сурия дар ғуломии шаҳвонӣ қарор дошт. Духтари дуюмаш мегӯяд, ки онҷо кор мекард. Аммо инки чӣ кор мекард, бояд акнун муфаттишон муайян кунанд.”
Ба гуфтаи Роҳат Сулаймонов, дар ин авохир ҳудуди 10 шаҳрванди Қирғизистон аз Сурия баргаштаанд. Аксари онҳое, ки аз Қирғизистон ба ҷанги Сурия мераванд, сокинони манотиқи ҷануби ин кишвари Осиёи Марказианд. Гуфта мешавад, эҳсосоти мазҳабӣ дар ҷануби Қирғизистон назар ба шимоли ин кишвар бештар аст.
Танҳо аз шаҳри Қизил-Кия, ки ҳамчун шаҳри ангиштканон маъруф аст, 44 нафар ба Сурия рафтаанд, вале як қисми онҳо ҳоло баргаштаанд. Гуфта мешавад, ки бисёриҳо ба хотири ақидаҳои ҷиҳодӣ роҳи ин кишвари дури арабиро пеш мегиранд, вале онҳое ҳам ҳастанд, ки ба умеди пулкоркунӣ ва беҳтар кардани зиндагиашон бо баҳои ҷони худ таваккал мекунанд.
Муовини муфтии Қирғизистон Равшан-ҳоҷӣ Эратов бар ин назар аст, ки бисёриҳоро маҳз ҳаваси сарвати зиёд ба Сурия тела медиҳад: “Аксари онҳо тасаввури кофие дар бораи дин надоранд. Ин бачаҳои ҷавон асосан бо умеди пулкоркунӣ ба онҷо мераванд. Онҳоро бо ақидаҳои ҷиҳодӣ ҷалб мекунанд, дар ҳоле ки онҳо умуман дар бораи ҷиҳод тасаввурот надоранд. Бояд гуфт, на ҳамаи қирғизистониҳо танҳо барои ҷангидан ба Сурия рафтаанд. Бархе ҳам ҳаст, ки ба хотири беҳтар кардани шароити зиндагиаш меравад. Мо ҳангоми адои намоз дар масҷидҳо ҳамеша таъкид мекунем, ки дар Сурия ҷиҳод нест, онҷо бозиҳои сиёсиро пеш бурда истодаанд.”
Муовини муфтии Қирғизистон Равшан-ҳоҷӣ Эратов аммо афзоиши шумори зархаридони қирғиз дар ҷанги Сурияро бештар ба саводи ками мазҳабии мусалмонони Қирғизистон рабт медиҳад.
Бо ин ҳол, Артур Мададбеков, коршиноси масоили амниятии Қирғизистон мегӯяд, теъдоди воқеъии қирғизҳо дар Сурия назар ба омори расмӣ 2 ило 3 маротиба бештар аст. Ба ақидаи ӯ, мақомот ҷиҳати пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандони қирғиз ба ин ҷанги бегона талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад: “Бояд як барномаи виджа алайҳи идеологиҳои бегона таҳия ва ҷорӣ карда шавад. Мо дар амал ҳамеша бо суханбозиву коғазбозӣ иктифо мекунем, ягон кори мушаххас надорем. Мо мебинем, ки талошҳои кунунии мақомоти амниятӣ дар роҳи мубориза алайҳи созмонҳои ифротиву терористӣ комилан ночиз аст.”
Дар ҳоли ҳозир 25 шаҳрванди аз Сурия баргаштаи Қирғизистон дар боздоштгоҳи Кумитаи амниятӣ миллӣ дар ҳабс қарор доранд. Мақомот онҳоро ба қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Қирғизистон айбдор мекунанд. Коршиносон мегӯдянд, агар мақомот пеши роҳи сели мардумеро, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сӯи Сурия равон шудааст, нагиранд, ба зудӣ ба чолишҳои ҷиддие дар арсаи амнияти миллии кишварҳои худ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
190 тоҷик дар ҷанги Сурия
Бо ин вуҷуд, ҷанги Сурия мисли оҳанрабо теъдоди ҳарчӣ бештари ҷангиён аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистонро ба тарафи худ мекашад.
Дар Интернет барои ҷангиён аз Шӯравии собиқ ҳатто як сомонаи вижае бо номи “Ахбори Шом” таъсис додаанд, ки худро “сайти муҳоҷирон ва ансор” меномад ва “қаҳрамонӣ”-ҳои ҷангиён аз Қафқозу Осиёи Марказӣ дар ҷангҳои Сурияро пайгирӣ мекунад. Ин сомона дар охирин хабараш, барои мисол6 менависад, “Ҳамла дар мавзеи Заҳрои минтақаи Лерамон, мақари ситоди иктишофии нирӯҳои ҳавоии Асад ва пойгоҳи тӯпхонаҳо идома дорад. Шаби 9 ба 10 май муҷоҳидон аз “Ҷайш муҳоҷирин-вал-ансор”, Ҷамоти “бухорӣ”, “Сайфуллоҳ Шишонӣ”, ҷамоати уйғурҳо ва чанд гурӯҳи дигар ҳамла ба мавқеъҳои асадиҳоро
тақвият доданд."
Ҳамин сомона дар поёни моҳи март аз ҳалокати "Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ", як ҷангии зодаи минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон дар Сурия хабар дода буд. Таҳқиқи баъдии Радиои Озодӣ маълум кард, ки ин "Абӯаҳмад Тоҷикӣ” дар асл Бахтиёр Шеров, як сокини 26-солаи шаҳри Кӯлоб будааст, ки аз хона 2 сол пеш ба қасди ҷустуҷӯи кор дар Русия берун шуда, дар ниҳоят чархи тақдир ӯро ба гирдоби ҷанги Сурия андохтааст.
Бино ба ҳисобҳо, дар ҷангҳои Сурия то имрӯз дастикам 4 шаҳрванди Тоҷикистон – 3 сокини Кӯлоб ва як сокини Восеъ – кушта шудаанд. Ҷамъи ҷангиёни тоҷик дар ҷабҳаҳои ҷанги Сурия тақрибан 190 нафар гуфта мешавад. Дар моҳи декабри соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи Донишгоҳи байналмилалии Димишқро бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад дусолӣ ҳукми зиндон дод.Аммо пайвандони онҳо мегӯянд, ки ин донишҷӯён баъди бад шудани вазъи Сурия барои идомаи таҳсил ба Миср рафта буданд ва Додгоҳи олӣ онҳоро бидуни ягон асос равонаи зиндон кардааст.
Чанде пеш дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки гӯё баъд аз расидан ба ҷабҳаҳои ҷанги Сурия сӯзондани шиносномаҳои дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистонро намоиш медод. Ба ин маъно ки ин афрод барои ҷиҳод омадаанд ва роҳи бозгашти худро пурра мебуранд. Ин наворро инҷо тамошо кунед:
Ҳамин тавр, дар оғози моҳи март пулиси шаҳри Кӯлоб боздошти Давлат Чолов, яке аз бародарони фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов бо гумони ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба “ҷиҳод” дар Сурияро тасдиқ кард.
Аммо суоле ки дар зеҳни бисёриҳо чарх мезанад, ин аст, ки оё чӣ ғаризае тоҷикону қирғизҳо ва қазоқҳои ҷавони ба қавле аз сад гул як гулашон ҳанӯз нашукуфтаро ба чунин ҷанги аз зодгоҳи онҳо ҳазорҳо километр дуру зоҳиран бегона тела медиҳад? Ҷустуҷӯи адолате, ки дар Ватан намеёбанд? Умеди пайдо кардани пул ва рӯзи беҳтар? Ё талаби шаҳодат дар роҳи Худо?
Дар масъалаи фарз шудан ё нашудани ҷиҳод дар ҷанги Сурия рӯҳониён назари ҳамсон надоранд. Рӯҳониёни расмӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, дар Сурия як гурӯҳи мусалмонон алайҳи гурӯҳи дигари мусалмонон меҷанганд, ки ин ҷиҳод буда наметавонад. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ба хусус дар миёни пайравони ҷараёнҳои тунди исломӣ, ки мусалмононро ба ширкат дар “ҷиҳод” алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия ташвиқ мекунанд.
Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад аз ақалияти алавӣ, як равияи камшумори мазҳаби шиа, ки камтар аз 10 дарсади аҳолии Сурияро ташкил медиҳанд, намояндагӣ мекунад. Чирикиҳое, ки алайҳи ҳукумати ӯ меҷанганд, аксаран сунниҳоянд, ки бо вуҷуди аксари аҳолии Сурия буданашон аз нақши ночизи худ дар арсаи сиёсиву тиҷории Сурия шикоят мекунанд. Ҷанги Сурия аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ идома дошта, ин ҷанги хунин то имрӯз, бино ба ҳисобҳо, мунҷар ба ҳалокати беш аз 130 000 нафар шудааст.
Ду духтаре ки ахиран ба Бишкек баргаштанд, яке Асали 24-сола аст ва дувумӣ – Шоҳинур, ки ҳамагӣ 17 сол доштааст. Ба бовари мақомот, ин ду духтари қирғиз дар Сурия таълими ҷангӣ гирифтаанд.
Дар як барномаи мустанаде, ки мақомоти амниятии Қиорғизистон таҳия кардаанд, Асал қисса кардааст, ки ӯ баъди аз тариқи Интернет ошно шуданаш бо як ҷавонмард ба Сурия рафтааст: “Ӯ ба ман аз Сурия аксу видеоҳои мухталиф мефиристод. Қисса мекард, ки мусалмонҳо дар онҷо чӣ азобу уқубат мекашанд. Бо дидани ин видеоҳо ман ба ҳарфаш бовар кардам. Гуфтам, ки ман ин ҳамаро бояд бо чашми худ бубинам. Ӯ ба ман дар харидани чипта кумак кард. Ҳамин тавр, ман тавассути Туркия ба Сурия рафтам. Мутаассифона, ман дер фаҳмидам, ки маро фиреб дода, истифода бурдаанд.”
Сухангӯи Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҷузъиёти чигуна пайдо кардану ба Ватан пас овардани ин ду духтарро чунин нақл кард: “Мо ҷустуҷӯи ин духтаронро баъди муроҷиати волидайни онҳо шурӯъ кардем. Мо бо кумаки ҳамкоронамон аз Туркия тавонистем, ки онҳоро баргардонем. Яке аз онҳо эътироф кард, ки дар қаламрави Сурия дар ғуломии шаҳвонӣ қарор дошт. Духтари дуюмаш мегӯяд, ки онҷо кор мекард. Аммо инки чӣ кор мекард, бояд акнун муфаттишон муайян кунанд.”
Танҳо аз шаҳри Қизил-Кия, ки ҳамчун шаҳри ангиштканон маъруф аст, 44 нафар ба Сурия рафтаанд, вале як қисми онҳо ҳоло баргаштаанд. Гуфта мешавад, ки бисёриҳо ба хотири ақидаҳои ҷиҳодӣ роҳи ин кишвари дури арабиро пеш мегиранд, вале онҳое ҳам ҳастанд, ки ба умеди пулкоркунӣ ва беҳтар кардани зиндагиашон бо баҳои ҷони худ таваккал мекунанд.
Муовини муфтии Қирғизистон Равшан-ҳоҷӣ Эратов бар ин назар аст, ки бисёриҳоро маҳз ҳаваси сарвати зиёд ба Сурия тела медиҳад: “Аксари онҳо тасаввури кофие дар бораи дин надоранд. Ин бачаҳои ҷавон асосан бо умеди пулкоркунӣ ба онҷо мераванд. Онҳоро бо ақидаҳои ҷиҳодӣ ҷалб мекунанд, дар ҳоле ки онҳо умуман дар бораи ҷиҳод тасаввурот надоранд. Бояд гуфт, на ҳамаи қирғизистониҳо танҳо барои ҷангидан ба Сурия рафтаанд. Бархе ҳам ҳаст, ки ба хотири беҳтар кардани шароити зиндагиаш меравад. Мо ҳангоми адои намоз дар масҷидҳо ҳамеша таъкид мекунем, ки дар Сурия ҷиҳод нест, онҷо бозиҳои сиёсиро пеш бурда истодаанд.”
Муовини муфтии Қирғизистон Равшан-ҳоҷӣ Эратов аммо афзоиши шумори зархаридони қирғиз дар ҷанги Сурияро бештар ба саводи ками мазҳабии мусалмонони Қирғизистон рабт медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир 25 шаҳрванди аз Сурия баргаштаи Қирғизистон дар боздоштгоҳи Кумитаи амниятӣ миллӣ дар ҳабс қарор доранд. Мақомот онҳоро ба қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Қирғизистон айбдор мекунанд. Коршиносон мегӯдянд, агар мақомот пеши роҳи сели мардумеро, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сӯи Сурия равон шудааст, нагиранд, ба зудӣ ба чолишҳои ҷиддие дар арсаи амнияти миллии кишварҳои худ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
190 тоҷик дар ҷанги Сурия
Бо ин вуҷуд, ҷанги Сурия мисли оҳанрабо теъдоди ҳарчӣ бештари ҷангиён аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистонро ба тарафи худ мекашад.
Дар Интернет барои ҷангиён аз Шӯравии собиқ ҳатто як сомонаи вижае бо номи “Ахбори Шом” таъсис додаанд, ки худро “сайти муҳоҷирон ва ансор” меномад ва “қаҳрамонӣ”-ҳои ҷангиён аз Қафқозу Осиёи Марказӣ дар ҷангҳои Сурияро пайгирӣ мекунад. Ин сомона дар охирин хабараш, барои мисол6 менависад, “Ҳамла дар мавзеи Заҳрои минтақаи Лерамон, мақари ситоди иктишофии нирӯҳои ҳавоии Асад ва пойгоҳи тӯпхонаҳо идома дорад. Шаби 9 ба 10 май муҷоҳидон аз “Ҷайш муҳоҷирин-вал-ансор”, Ҷамоти “бухорӣ”, “Сайфуллоҳ Шишонӣ”, ҷамоати уйғурҳо ва чанд гурӯҳи дигар ҳамла ба мавқеъҳои асадиҳоро
тақвият доданд."
Бино ба ҳисобҳо, дар ҷангҳои Сурия то имрӯз дастикам 4 шаҳрванди Тоҷикистон – 3 сокини Кӯлоб ва як сокини Восеъ – кушта шудаанд. Ҷамъи ҷангиёни тоҷик дар ҷабҳаҳои ҷанги Сурия тақрибан 190 нафар гуфта мешавад. Дар моҳи декабри соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи Донишгоҳи байналмилалии Димишқро бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад дусолӣ ҳукми зиндон дод.Аммо пайвандони онҳо мегӯянд, ки ин донишҷӯён баъди бад шудани вазъи Сурия барои идомаи таҳсил ба Миср рафта буданд ва Додгоҳи олӣ онҳоро бидуни ягон асос равонаи зиндон кардааст.
Чанде пеш дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки гӯё баъд аз расидан ба ҷабҳаҳои ҷанги Сурия сӯзондани шиносномаҳои дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистонро намоиш медод. Ба ин маъно ки ин афрод барои ҷиҳод омадаанд ва роҳи бозгашти худро пурра мебуранд. Ин наворро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад