Табдили исми қаҳвахонаи "CHIEF BURGER PIZZA" ба “Бургер ва питзо” аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳот корбарони тоҷики шабакаи иҷтимоии Фейсбукро ба ду гурӯҳи мухолифи ҳам ҷудо кард.
Таъсиси гурӯҳи фейсбукии «Питзо-стан» дар посух ба як даъвати Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба табдили номи қаҳвахонаи «CHIEF BURGER PIZZA» ба таври бориз нишон дод, ки шабакаи иҷтимоӣ низ метавонад, баробари як расонаи ахбори ом дар ташаккули афкор ва масъалагузорӣ амал кунад.
Аммо таваҷҷуҳро ба ин гурӯҳ дар ибтидо лаҳни он ҷалб кард, ки бо танзу пузханд ин пешниҳод, истифодаи вожаҳо ва ғаталу иштибоҳҳоро ба баҳс мекашонд. Сониян, таъсиси гурӯҳ ва муҳтавои баҳси он дар чандин расона бозтоб ёфта, бисёре аз корбаронро ба мутолиаи баҳсҳои «Питзо-стан» ҷалб намуд. Яъне шабакаи иҷтимоӣ бо матбуот пайванд ёфт ва тавонмандиҳои худро нишон дод.
Лаҳни танзомез сабаби забони хоси гурӯҳ низ гашт. Сафҳаи онро даҳҳо истилоҳи монанд ба талаффузи «Питзо», аз ҷумла питзовязочная (перевязочная), питзошкола, питзоошибка, питзония, Питзейленд ва ғайра «Питзо-стан»-ро пур кардааст.
Гуфта мешавад, ҳадафи таъсиси ин гурӯҳ, ки ҳоло аъзояш аз 800 нафар зиёд буда, бештар аз ҳафт муҷрӣ дорад, намоиши мухолифат ба чунин тарҷумаву баргардонҳои аҷибу ғариби вожаҳои хориҷӣ ба тоҷикист.
Муҳаммад Ризоев, яке аз ҳафт муҷрии гурӯҳи «Питзо-стан» дар посух ба ин суол ки ин гурӯҳ чаро таъсис шуд?, гуфт, «я на таджикском очень плохо говорю и с трудом вас понимаю.» Ҳарчанд барои дарёфти посух ба ин суол ба ҷаноби Муҳаммад бо забони русӣ муроҷиат кардем, аммо ӯ бо ин баҳона ки «саволатонро возеҳтар шарҳ диҳед», аз сӯҳбат худдорӣ кард.
Муҷриёни дигар бино бар шарҳу тафсири худашон, ҳадаф надоштаанд, ки забони мардумро масхара кунанд, балки ба хомию тангназарии мансабдорон ва мардум ишора кунанд.
Аммо Умед Ҷайҳонӣ, муҳаққиқи тоҷики муқими Маскав ва яке дигар аз корбарони фаъоли Фейсбук мегӯяд, гурӯҳи «ПитзоСтан» барои масхараву ҳарзагӯи дар бораи сиёсати забонии давлати Тоҷикистон падид омадааст. Ба гуфтаи ӯ, онҷо бештар ҳам аз иштибоҳоту ғалатҳои тоҷикон дар навиштори русӣ интиқод мешавад ва ҳам аз амалкарди Кумитаи забону истилоҳот.
Бо ин ҳама, таъсиси ин гурӯҳ баҳсҳои пур аз эҳсосотро миёни корбарони гурӯҳҳои «Забони порсӣ» ва «Питзостан» ба бор овард, ки дар натиҷа аъзои ин ду гурӯҳ дари саҳифаҳои худро ба рӯи ҳамдигар бастанд.
Мухолифони гурӯҳи «ПитзоСтан» таъсиси чунин як гурӯҳро бар зидди истилоҳҳои забони тоҷикӣ таҳқири миллат медонанд ва мегӯянд, ин амали тарафдорони «ПитзоСтан» дастаке барои матбуоти Русия хоҳад буд.
Завқибек Солеҳов, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук, ки мухолифи фаъол шудани гурӯҳи «ПитзоСтан» аст, дар сӯҳбат бо барномаи «Расонаҳо» гуфт, 90 дарсади аъзои ин гурӯҳ бо забони модарии худ сӯҳбат карда наметавонанд. Ин ҳамсӯҳбати мо фаъол шудани як гурӯҳеро бар зидди истилоҳҳои тоҷикӣ ҳатто таҳқири меномад: «Мо умре зери таҳқири навиштаҳову гуфтаҳои матбуоти Русия қарор доштему дорем. Ҳоло ба аъзои ин гурӯҳ чӣ шудааст, ки бо баҳонаи як вожа ба таҳқири миллати худ пардохтаанд?! Магар ин қадар баҳонаҳои ВАО-и рус, ки ҳамеша моро "героинфурӯш"-у "Джамшуд ва Равшан" меноманд, кам буд, ки боз Шумо ба онҳо далел ва баҳонаеро барои таҳқии миллати худ медиҳед?»
Аъзои гурӯҳи «Забони порсӣ» бо ирсоли номае ба раиси Кумитаи забон Гавҳар Шарофзода аз азми ӯ барои табдили номгузориҳои бегона, аз ҷумла аз табдили «PIZZA» ба «Питзо» истиқбол кардаанд.
Азизи Нақибзод, яке аз ширкаткунандагони фаъоли гурӯҳи «Забони порсӣ» мегуяд, тарафдори ин гурӯҳ аст, зеро воқеан забони тоҷикон, забони порси буду ҳаст. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо бояд тоҷикон дер ё зуд ба алифбои форсӣ баргарданд, чун то замоне, ки ин амал сурат напазирад, харчу марҷ, дар забони тоҷикӣ боқӣ хоҳад монд. «Бубинед, пас аз баҳсҳои зиёд Кумитаи истилоҳот бо харҷи чӣ қадар нерӯ ва маблағ Фарҳанги имлои забони тоҷикиро нашр намуд, ки пур аз камбудиҳост. Яъне ин далели он аст, ки танҳо бо гузаштан ба хатти форсӣ мо метавонем аз ин мушкилоти забон раҳо шавем,» - афзуд Нақибзод.
Амо таъсисдиҳандагони гурӯҳи «ПитзоСтан» мегӯянд, аз шеваи талаффуз ва тарзи баргардони истилоҳҳои русӣ, ки барои тоҷикон фаҳмо аст, хушашон намеояд. Ба гуфтаи онҳо, бештари калимаҳои баргардоншуда шеваи талаффузи эрониро доранд ва тарафдорони забони порсӣ низ мехоҳанд забони тоҷикиро бо калимоти арабиву эронӣ омехта кунанд. Дар баҳсҳои ин гурӯҳ ин ақида ҳам талқин мешавад, ки зӯр зада, тарҷумаи тоҷикии калимаҳои алакай роиҷшударо кофтани баъзе «забондон»-ҳо, ки аксар тақлид ба гӯиши Теҳрон мекунанд, мисли дубора ихтироъ кардани велосипед аст.
Муҳаққиқи тоҷики муқими Эрон Сайидюнуси Истаравшанӣ низ дар Фейсбук ба ин баҳс пайваста, навиштааст: «Талош ва кӯшиш барои ҳифз ва эҳёи забони порсӣ, ки забони модарии мо, тоҷикон, ба шумор меравад, ҳеч иртиботе бо низоми мавҷуд дар Эрон надорад. Забони порсӣ, забони бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём, Мавлавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хисрави Қубодиёнӣ ва даҳҳои дигар аз абармардони арсаи адаб аст. Магар ин бузургон аз мо нестанд? Магар мо ва шумо ба инҳо ифтихор намекунем?»
Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди таҳлилгарон ин баҳсу мавзӯъ метавонад, аз сарҳади забон убур кунад ва фаротар биравад. Вале Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, ин баҳсҳо феълан бештар дар бораи вожаҳост: «Он ҳама баҳс нишон медиҳад ки бархе аз тоҷикзодагон аслан забони миллии худро дар поинтарин поя ҳам намедонанд».
Нодира, як хонандаи оддии баҳсҳои ин ду гурӯҳ мегӯяд, бояд баргардони ин ё он истилоҳ ба забони тоҷикӣ пеш аз ҳама зери назари донишмандон анҷом шавад ва истилоҳе пазируфта шавад, ки барои ҳама мақбул бошад, вагарна ин ҳама забонсозиҳо боиси ҳарҷу марҷи боз ҳам бештаре дар забони тоҷикӣ хоҳад шуд. Нодира мегӯяд, ҳарчанд ҷонибдори ин ё он гурӯҳи баҳскунанда дар Фейсбук нест, аммо: «якбора иваз кардани як калима ба калимаи дигар, албатта, баҳсҳоро ба миён меорад. Инҷо бояд олимон назари худро гӯянд. Ман намефаҳмам, ки питзо чӣ маънӣ дорад? Хайр, фаҳмонанд, ки ин чст. Шояд ҳамин нофаҳмо будани вожаи питзо ҳам боис шуда бошад, ки баҳсҳои тезу тундро ба миён овард.»
Раҳим Зулфонов, сухангӯи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин баҳсҳо дар Фейсбук хабар доранд, аммо ин ҳамаро масъулини кумита як кори беҳуда унвон мекунанд. Ҷаноби Зулфонов мегӯяд, аслан калимаҳои бегона бо вожаҳои тоҷикӣ иваз ва «питзо» ҳам аз нигоҳи фонетикаи забони тоҷикӣ ягон ҷои иштибоҳ надорад. Ба гуфтаи ӯ, ин ниҳоди давлатӣ ҳатман барои иваз кардани ин ё он истилоҳ ҳамеша онро аз назари олимон мегузаронанд.
Аммо ба сурати умум, ба ақидаи таҳлилгарон, сангаргириҳои гурӯҳҳои «Забони порсӣ» ва «ПитзоСтан» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук амалан ба нафъи рушди забони тоҷикӣ анҷом намешавад. Зеро гурӯҳи «Забони порсӣ» кӯшиш мекунад, бештар ба забони тоҷикӣ калимаҳои ҳоло роиҷ дар Эронро ҷорӣ кунад, дар ҳоле, ки синонимҳои ҳаммаъно дар забони тоҷикӣ вуҷуд дорад. Гурӯҳи «ПитзоСтан», ки аз тағйироти забонӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва онро то ҳадде ба масхара мекашанд, бештар ба ҳифзи қаламрави истифодаи забон ва вожаҳои русӣ дар Тоҷикистон майл нишон медиҳанд.
Вале корбарони гурӯҳи «Питзостан» дар ҷараёни ин баҳси тунд як силсила иштибоҳҳои роҳёфта дар навиштори тоҷикии вожаву таъбирҳои русӣ ва аз дигар забонҳои хориҷиро пайдову аксбардорӣ ва дар ин саҳифа нашр кардаанд. Бархе аз онҳое ки ин баҳси тундро байни ин ду гурӯҳи ба ҳам сахт «душман» пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, аз ин зовия зуҳури чунин гурӯҳе шояд аз аҳамият низ холӣ нест.