Мавзӯъи мушкилоти забони имрӯзаи тоҷикӣ ва то куҷо фаҳмо будани ин забон барои насли имрӯза дар “Майдони баҳс”-и Радиои Озодӣ баҳси гармеро дар миёни хонандагон барпо кард.
Вокунишҳо, албатта, мухталифанд. Бархе иқрор мекунанд, ки забони имрӯзаро намефаҳманд. Ба бовари онҳо, забони тоҷикии муосир беш аз ҳад бо калимаҳои нофаҳмои арабиву эронӣ махлут шуда, покизагиеро, ки дошт, гум мекунад.
Гурӯҳи дигар боз ҳам исрор меварзанд, ки бояд ин забон ба асли форсиаш ҳарчӣ наздиктар шавад ва ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом шавад – ҳамон қадар хубтар аст барои пешрафти забон.
Хонандагоне ҳам буданд, ки вокуниши худро дар ин баҳс сирф бо вожаҳои тоҷикӣ – бидуни истифода аз калимаҳои ғайри ҳатто арабӣ – сохтанд.Аммо чунин инзивоъгароӣ дар забон низ дигаронро чандон хуш наомад.
Аммо дар ин баҳс, ки тайи ду ҳафта 89 вокуниш овард, вожаҳои мушаххас ва тарҷумаи онҳо ба тоҷикӣ низ баҳс шуд. Барои мисол, яке вожаи “фурудгоҳ”-ро ҳамчун тарҷумаи дурусти “аэропорт” маъқул мешуморад, вале якеи дигар мегӯяд, ки на, аэропорт ба маънои майдони ҳавоист ва табъан бояд ба тоҷикӣ чунин, яъне “майдони ҳавоӣ” тарҷума шавад.
Ҳамин тавр, бисёриҳо “хӯриш”-ро ҳамчун тарҷумаи “салат” напазируфтаанд. Вале пешниҳоди Умаралӣ аз Душанбе, ки вожаи “нагул” ё “нугул”-и роиҷ дар бархе гӯишҳои ҷануби Тоҷикистон ро ба ҳайси тарҷумаи тоҷикии “салат” пешниҳод мекард, низ барои бисёриҳо хуш наомад.
Ин бор дар “Майдони баҳс” мехоҳем аз ҳамин гӯшаи масъалаи забон бигирем. Яъне агар калима мушаххасе барои шумо нофаҳмост ё тарҷумаи калимаеро ба тоҷикӣ намедонед, инҷо бо дигарон дар миён гузоред, то касе бидонад, ба кумакатон бирасад.
Ба ин васила, метавон як фарҳанги хуби забони муосири тоҷикиро бо ҳам сохт. Фарҳанги калимаҳое ки барои ҳама фаҳмо шаванд ва ҳангоми дучор шуданаш дар матне дигар ниёз ба тарҷумон намонад.
Манбаъҳои имрӯз бузурги иттилоотие, чун Wikipedia ҳам дар замонаш аз чунин ташаббусҳои муштарак шурӯъ шуда буд ва дар байни ҳамагӣ чанд сол, бубинед, ба куҷо расид.
Пас, биёед, фарҳанги забони тоҷикиро бо ҳам месозем! Сар кардем?